Манзура Саидова тарки саҳна мекунад?
95

Манзура Саидова яке аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои кишвар аст. Ӯ солҳои охир бештар дар наворҳои тарбиявии блогерон нақшофарӣ мекунад. Ҳамин аст, ки дар поёни соли 2025 Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ӯро бо ҷоизаи “Ҳунарпеша – Блогери сол” сазовор донист. Бо Манзура Саидова доир ба ҷоизаи нав, пайроҳаи эҷодӣ ва театру синамо суҳбат оростем.

- Манзура, сараввал шуморо бо гирифтани ҷоизаи “Ҳунарпеша -Блогери сол” табрик мегӯям.

- Сипос. Ифтихормандам.

- Шумо дар ҳеҷ як суҳбататон худро блогер намеҳисобед. Чӣ гуна шуд, ки ин ҷоизаро соҳиб шудед?

- Ман ҳоло ҳам худро блогер намеҳисобам. Зеро ҳунарпешаи театр ҳастам ва дар Театри “Оина” кор мекунам. Вале азбаски бо блогерҳо ҳамкорӣ дорам ва дар фазои маҷозӣ фаъол ҳастам, корҳои яксолаи маро ба назар гирифта, сазовори ин ҷоиза донистанд.

- Яъне аз сабаби фаъол будан дар фазои маҷозӣ шумо сазовори ҷоиза шудед?

- Бале. Вале новобаста аз ин, ман ба ин назарам, ки ҳунари асил бояд қадр карда шавад, чӣ блогер бошад, чӣ ҳунарпеша. Аслан, ҷомеаи мо мафҳуми блогерро нодуруст мефаҳмад. Ҳол он ки мо блогерони хуб ва бомаърифат зиёд дорем. Дар зимн миннатдории худро ба Бахтиёр Маҷидов, роҳбари Ассотсиатсияи блогерони тоҷик мерасонам. Зеро он кас дастгиру роҳнамои блогерон ва онҳое ҳастанд, ки ба ин пеша шавқ доранд.

- Дар ҳамин фазо чанд сол аст, ки фаъол ҳастед?

- Аз соли 2020 вақте корро дар театр оғоз кардам, аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро фаъол кардаву ҳамкориро бо блогерон ба роҳ мондам. Вале ногуфта намонад, кадом блогере, ки маро барои ҳамкорӣ даъват мекунад, ман аввал саҳифаи шахсии ӯро меомӯзам ва баъдан даъваташро қабул мекунам. Фазо фазои хуб аст. Ҳар роллику клип ва филмҳое, ки таҳия мешаванду ман онҷо нақш бозӣ мекунам, бешак таъсире ба бинанда мерасонанд, ки ин албатта ҷанбаи тарбиявии хуб дорад.

- Хешону наздикон ба ҷоизаи гирифтаатон чӣ назар доранд?

- Албатта назари ҳар кас ҳар хел аст. Вале бисёр нафарон дар қатори худи ман аз ҷоиза гирифтанам хурсанд буданд. Ҳатто вақте исми маро барои гирифтани ҷоиза садо карданд, бовар мекунед, тамоми толор Манзура мегуфт. Ин ҳама самимиятро дидаву мегуфтам, ки барои ҳар як ҳунарманд аз ин дида ифтихори бузург нест.

- Шумо феълан корманди расмии театр ҳастед. Вале тамошобин бо корҳои дар театр анҷоммедодаи шумо қариб, ки огаҳ нест. Мешавад як каме дар ин бора маълумот диҳед?

- Азбаски театри мо тобеи Ҳукумати шаҳр аст, кадом чорабиние, ки дар шаҳр баргузор мешавад, мо дар он банд мешавем. Ба мактаб-интернат, қисмҳои низомӣ, кӯдакистон ва бисёр муассисаҳо рафтаву баромад мекунем. Дар маҷмуъ кор хуб аст. Вале ман гуфтан мехостам, сарфи назар аз он ки бинанда имрӯз маро чӣ гуна мешиносад, маро театр сохтааст. Ҳар дастоварди ҳунарие, ки имрӯз дорам аз баракати ин даргоҳ аст.

Бубинед, имрӯз ҳазору як нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавлон мезананду нопадид мешаванд. Вале ҳунарпешаи касбӣ ва корманди театр будан аз он сабаб хуб аст, ки дилхоҳ нафар бо шумо кор кардан мехоҳад. Чун ба ҳунари шумо эътимод дорад.

- Сарфи назар аз кори асосиатон мо шуморо бештар дар филму клипҳо ва дубляж мебинем. Ба ин қадар кор чӣ тавр вақт меёбед?

- Аслан ҳар як роҳбар бояд эҷодкорро дарк кунад. Роҳбари мо Абуалӣ Муродов ҳам ҳамин гуна шахсанд. Нобобаста ба кадом ҳолат моро дастгирӣ мекунанд ва иҷозат медиҳанд, ки бо синамо, блогерон ва режиссёрҳое, ки клип ба навор мегиранд, ҳамкорӣ кунем.

- Ба хонавода чӣ?

- Албатта, серкорӣ ба хонавода низ таъсир мекунад, вале кушиш мекунам, ки бо хонавода бештар вақт гузаронам. Чун барои ҳар як инсон, новобаста ба зан ё мард буданаш ҳаёти шахсӣ дар мадди аввал меистад. Пасон кор, муваффақият ва шуғли дигар... Мешавад ҳолатҳое, ки то нисфи шаб дар майдони сабт мемонам ва вақте хона меравам, кӯдакам аллакай хоб аст, субҳ боз ӯро надида меравам. Вале сарфи назар аз ин, рӯзҳои холигиам ин лаҳзаҳоро ҷуброн мекунам.

- Чун суол аз хонавода рафт, мехостам аз вазъи оилавиятон пурсон шавам.

- Аслан зиёд намехоҳам дар бораи зиндагии шахсиам ҳарф занам. Вале ҳамин қадарро гуфтаниам, ки оилаи хубу солим дорам.

- Гуфтаед, ки орзуи бачагиатон журналист шудан буд. Пас чаро ин орзуро амалӣ накардед? Ҳол он ки гуфтаед, хонаводаам ба ҳунарпеша шуданам зид буданд.

- Бале, журналист шудани ман орзуи модарам буд. Ҳатто як муддат дар Радиои Тоҷикистон барномаи “Шарҳи матбуот”-ро пеш мебурдам, вале меҳри ҳунар, меҳри санъат маро ором намегузошт, ки аз соҳаи дӯстдоштаи худ дур бошам. Ҳатто ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳам дохил шудам, меҳри санъат маро маҷбур мекард, ки дар ниҳоят шуғли писандидаамро интихоб кунам.

Ба театр рафтанам ҳам бесабаб набуд. Вақте Театри “Оина” барои қабули кормандони нав кастинг эълон кард, ман барои санҷиш номи худро ворид кардам. Хушбахтона, кастинг хуб гузашт ва маро дар ин театр ба кор қабул карданд. Яъне инҷо маҳорати табии ман ба кор омад. Вале новобаста ба ин, бо даъвати устод Асланшо Раҳматуллоев ба Донишкадаи фарҳангу санъат ҳуҷҷатҳои худро супоридам ва таҳсил кардаву дипломи онро ба даст гирифтам.

- Роҷеъ ба модаратон нагуфтед, ки оё то ҳол ба касби интихобкардаатон розианд ё не?

- Бале, модарам на он қадар хостори интихоби касби ман буданд. Вале чун ҷоизаи охиринро гирифтам, бовар мекунед, занг заданд ва бо як ҳиссиёте, ки баён карданаш бароям мушкил аст, гуфтанд, “ман шабурӯз дуо кардам, ки ба ин ҷода расӣ”. Ва воқеан, имрӯз фикр мекунам, ки шояд ҳамон дуои модарам буд, ки ба ин ҷоиза шарафёб шудам.

- Назари мардум имрӯз ба ҳунарпеша будани зан чӣ гуна аст? Хоса андешаи мардуми деҳот?

- Имрӯз дилхоҳ нафар вақте шабакаҳои иҷтимоиро варақ мезананд, нафаронеро дучор меояд, ки аз ҳунар бӯе набурдаанду худро ҳунарманд меҳисобанд. Ҳамин сабабҳо боис мешаванд мардуми мо ҳунарпешазанро дигар хел қабул кунад, ё умуман худи ҳунармандро.

- Ҳар боре ба зодгоҳатон меравед, мардум чӣ гуна шуморо истиқбол мегиранд? Ё бо исми кадом персонажи офаридаатон садо мекунанд?

- Ростӣ, ба наздикӣ як ҳамсинфи мактабиам занг заду гуфт, ки як ҷияни 2 сола дорад, аз куҷое тариқи телефон филмҳои маро пайдо карда дидааст. Баъд нафаре аз аъзои хонавода хабар додааст, ки худи Манзура деҳа омадааст. Бовар мекунед, он бачаяк модарашро гуфтааст, ки “либосҳои маро пӯшону назди апаи Манзура бар”. Модараш гуфтааст, хонаи онҳо саг дорад, эҳтимол туро газад. Он бачаяк сарфи назар аз ин гуфтааст, ки “бигзор саг дошта бошанд ҳам, ман апаи Манзураро мебинам”.

Яъне, Шумо бубинед, ки агар як кӯдаки хурдсол ин қадар меҳр дорад, барои ҳунарманд мояи ифтихор аст, ки ҳунари асил ба дили ҳамагон роҳ меёбад. Чун ҳар боре деҳа меравам, кӯдакони хурдсол наздам меоянд, акс мегиранд. Дар назари онҳо ҳунарманд гӯё камёб менамояд, вале албатта ман ин гуна нестам, монанди тамоми мардум ҳастам.

- Нигоҳи мардум ба нақшҳои офаридаатон чӣ хел аст? Новобаста ба он ки вақтҳои охир симоҳои манфиро зиёд мебозед.

- Бовар мекунед, ба наздикӣ дар як таксӣ нишаста будам, аз боиси он ки дар як филм нақши манфӣ бозида будам, ронанда маро ба мошинаш роҳ надод. Албатта аввал ин ба ман сахт расид, вале баъд андешидам, ки мудоме мард чунин кард, пас ҳунари ман ба дили ӯ роҳ ёфтааст. Яъне, воқеан филм равони онҳоро тасхир кардааст, таъсир гузоштааст..

- Чун имрӯз зиёд серкоред ва дар лоиҳаҳои зиёд иштирок мекунед, пурсидан мехостам, ки ҳадафи ин ҳар сӯ давидан бароварда кардани хоҳишҳо аст ё пайдо кардани даромад?

- Барои сабти клиппу ролликҳо агар аз як тараф барои пайдо кардани даромад равам, вале барои дубляж бо хоҳиши худ меравам. Ин самт ба ман хело наздик аст. Ҳаминҷо як нуктаро рӯшан карданиам, ки барои як муддате шояд тарки ҳама чиз кунам, хоса тарки театр, тарки наворбардорӣ. Зеро барои хушбахтӣ лозим меояд, ки баъзан вақт аз баҳри ҳама чиз гузашт. Шояд ба ҳамин муддатҳои кутоҳ ман ин корро кунам. Хулоса, тарки ҳама чиз мекунам, вале тарки дубляж не..

- Чаро ба чунин тасмим омадед? Шояд серкорӣ боис шуда ё чизи дигар..

- На, аслан ин давраи рушду таҳаввули ман аст, вале ниятҳои оилавӣ ба ин қарори ман боис мешаванд.. Зеро, гоҳе вақт маҷбурӣ барои хушбахтии оилавӣ аз бисёр чизҳо даст кашӣ. Бисёр чизҳоро ба чизи дигар иваз кунӣ. Чун оила дар ҷойи аввал меистад.

- Ин муваққатӣ аст ё?

- Намедонам, шояд муваққатӣ бошад, шояд доимӣ.. Вале дубляжро ҳеҷ гоҳ тарк намекунам.. Албатта худам ҳам намехоҳам, аммо ниятҳои зиндагӣ ва тасмимҳои баъзе нафарон маҷбур мекунанд, ки ба чунин хулоса оям. Хоса барои хушбахтӣ..

- Шумо аз ин намеҳаросед, ки вақте ҳунарпешагони касбӣ тарки соҳа мекунанд, саҳна ба кӣ мемонад?

- Албатта таассуфовар аст, вақте баъзе блогерони нохонда наворе партофтаву наздики 1 миллион бинанда пайдо мекунанд, навори тарбиявии ҳунарпешаро бошад, наздики 100 кас намебинад..

Рафтанам шояд зиёд нафаронро хурсанд кунад, шояд бисёриҳоро ғамгин намояд. Вале бовар дорам, ки ҳунари асил намемирад. Ҳар куҷое ҳам бошам, ҳатман рӯзе аз рӯйи нақшҳои офарида ва корҳои анҷомдодаам маро ёд мекунанд.

Мусоҳиб: Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД