Ҳамасола дар тамоми ҷумҳурӣ 10 октябр ҳамчун Рӯзи Фалак таҷлил мегардад.
Қаблан ин мусиқии мардумии тоҷик ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид ва акнун он ҳифз ва таблиғ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки ҳунари фалак¬сароӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор мегирад.
Дар ин санаи муҳим тасмим гирифтем, ки бо декани факултети мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон Манучеҳр Бурҳонов ҳамсуҳбат шавем ва фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
- Чанд рӯз қабл шумо барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” шудед. Дар ин сабқат кадом оҳангро навохтед ва он моли кӣ буд?
- Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” тӯли 5 сол мешавад, ки бо Амри Президенти кишвар дар саросари ҷумҳурӣ бо мақсади дарёфт ва кашфи истеъдодҳои нави соҳаи санъату фарҳанг дар сатҳи олӣ баргузор мегардад. Тавассути ин озмун беҳтарин дурдонаҳои соҳаи мусиқӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарёфт карда мешаванд. Инчунин, чандин ҷавонони соҳибистеъдод тавонистанд баъди ба даст овардани ғолибият дар даври ниҳоии озмун ба дилхоҳ макотиби олии кишвар тариқи суҳбат дохил гарданд. Озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар соли 2023 дар сатҳи олӣ баргузор гардида, ҳайати ҳакамон бошанд барои ҳар як иштирокчӣ баҳои сазовор гузоштанд. Банда соли равон дар номинатсияи композитории жанри анъанавии озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардидам. Дар даври ниҳоии озмун бо суруди “Наврӯзи Ватан”, шеъри Меҳмон Бахтӣ, оҳанги Манучеҳр Бурҳонов бо ансамбли суннатӣ иҷро намудем, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон хуб пазируфта шуд.
- Чун имрӯз Рӯзи Фалак аст, шумо дар ин самт чӣ дастовардҳо доред?
- Нахуст мехостам тамоми мардуми азизи Тоҷикистонро бо Рӯзи Фалак таҳният гӯям. Баъдан бояд гуфт, ки бахшида ба ин санаи муҳим банда як чанд суруду оҳангҳои нав эҷод ва сабт намудам, ки умедворам ба дӯстдорони ин мусиқии суннатӣ - Фалак писанд меояд.
- Дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи донишҷӯёни Консерватория ба жанри фалак чӣ гуна аст?
- Сол аз сол таваҷҷӯҳи ҷавонон ба фалак зиёд гашта истодааст, ки ин албатта хело хуб аст. Бояд гуфт, ки устодон ва донишҷӯёни бахши фалаки Консерватория ҳамасола тибқи нақша Шомҳои фалакхонӣ мегузаронанд, ки ин барои ҷалби ҷавонон нақши калон мебозад.
- Имрӯз намудҳои гуногуни фалак шунида мешаванд. Мегуфтед, ки шумо кадом навъҳои онро таълим медиҳед?
- Имрӯз дар Тоҷикистон ягона мактаби олии мусиқии касбӣ ин Консерватория миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мебошад, ки шахсиятҳои шинохтаи соҳаи мусиқии касбӣ, хусусан дар самти мусиқии суннатӣ фаъолият менамоянд. Инчунин, ҳамаи он навъҳои фалакҳои аслӣ, аз қабили Фалаки Даштӣ, Фалаки Роғӣ, Фалаки Сафарӣ, Фалаки Паррон, Фалаки Қаландарӣ, Фалаки Дарӣ, Бепарвофалак, Фалак-Мадҳия, Фалаки Ғарибӣ ва дигар навъҳои он ба донишҷӯён таълим дода мешаванд.
- Барои рушд ёфтани ин жанр чӣ бояд кард?
- Мутахассисони соҳаи мусиқии суннатиро зарур аст, ки барои боз ҳам ривоҷу равнақ ва рушд намудани ин мусиқии гаронарзиш ва таърихан бойи миллати тоҷик - Фалак камари ҳиммат баста, барои насли оянда бо такя ба Фалакҳои аслӣ суруду оҳангҳои нав, дастурамалҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводҳои заруриро рӯйи чоп оранд.
- Рӯзе, ки жанри фалак ба феҳрести Юнеско ворид шуд, чӣ эҳсос доштед?
- Орзуву умеди ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ буд, ки мусиқии асили тоҷик - фалак унвони ҷаҳонӣ дошта бошад. Шодии тамоми аҳли ҳунар хусусан банда ҳаду канор надошт. Бояд қайд намуд, ки расман қабул гардидани фалак ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО яке аз ташаббус ва заҳмату ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Мо ҷавонон бар ивази ҳамаи ин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат кӯшиш менамоем, ки ин мусиқии суннатии асили миллати тоҷик – фалакро боз ҳам хубтару беҳтар аз худ намуда, ба насли оянда мерос гузорем.
Ёдовар мешавем, ки Манучеҳр Бурҳонов соли 1993 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 2010 Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоевро бо ихтисоси сарояндагии анъанавӣ хатм намудааст.
Соли 2015 Консерваторияи миллли Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро бо ихтисоси сарояндаи анъанавӣ (фалакхон) дар синфи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, профессор Файзалӣ Ҳасан хатм намудааст.
Аз соли 2015 то 2017 омӯзгор, аз соли 2017 то 2018 муовини декани факултети мусиқии суннатии тоҷик ва аз соли 2018 инҷониб ба ҳайси декани факултети мусиқии суннатии тоҷик фаъолият дорад.
Соли 2019 бо унвони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст. Ғолиби озмуни “На крылях таланта” Фестивал-озмуни байналмилали дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия аз рӯйи номинатсияи “овозхони халқӣ” (вокал народный) буда, бо дипломи дараҷаи 1 дар соли 2023 сарфароз гардидааст.
Ҳамзамон, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватани азиз ман” дар соли равон аз рӯи номинатсияи композиторӣ (оҳангсози суннатӣ) мебошад.
Ӯ “Силсилаи Фалак бо панҷ гардиш”, “Силсилаи Фалаки Ғарибӣ”, “Бепарвофалак”, “Силсилаи Фалаки Роғӣ”, “Силсилаи Фалаки Паррон”, “Фалаки Сафарӣ”, Фалаки “Қаландарӣ”, “Фалаки Дарӣ”, -ро иҷро намудааст.