Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ!
Дирӯз мо дар бораи тақдири як ҷавонзани тоҷик ба шумо хабар дода будем, ки аз зарби лату кӯби шавҳар ба ҳолати кома афтода буд. Мутаассифона, Манижаи ноком аз зарби мушту галади шавҳар дигар ба худ наомада, аз лам гузашт.
Манижа Достиеваи 27сола, сокини ноҳияи Данғара буд ва шоми 12-уми ноябр дар пайи латтукӯби бераҳмонаи шавҳараш дар ҳолати бениҳоят вазнин ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шуда, муддати 5шабонарӯз рӯз дар ҳолати кома қарор дошт. Табибон барои наҷот додани ин ҷавонзан талошҳои зиёде карда бошанд ҳам, Манижа дигар ба ҳуш наомада, субҳи 17-уми ноябр аз олам чашм пӯшидааст.
Тавре ки бомдод менависад, аз ин зани қурбонии бадҷаҳлии шавҳар гашта се фарзанди хурдсол ятим монда, ба шавҳараш Шамсиддин Раҳмонов акнун то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба иттилоъи манбаъ, Манижа соати 09:30 ҷон додааст.
“Мутаассифона, панҷ шабонарӯз талошҳои табибон барои наҷоти Манижа Достиев аз чанголи марг ноком монд ва субҳи 17- ноябр мо ӯро аз даст додем”-навиштааст манбаъ аз қавли табибони беморхонаи марказии Данғара.
Шамсиддин Раҳмонови 31-сола сокини кӯчаи Гидростроителҳои шаҳраки Данғара буда, бегоҳи 12- ноябр дар ҳолати мастӣ дар манзили истиқоматиашон бо ҳамсараш Манижа Достиеваи 27-сола, муноқиша карда, дар ҷараёни ин ҷанҷоли оилавӣ ҳамсарашро зери борони мушту лагат гирифтааст. Шамсиддин Раҳмонов баъди аз мушту шаттаҳои ӯ ба замин афтодану аз ҳуш рафтани Манижа ҳам ором нагирифта, бо кунда чанд зарбаи дигар ба сари занаш задааст. Ҳамин тавр ҷавонзан захмҳои вазнин бардошта ба ҳолати кома афтод ва дигар ба ҳуш наомада, баъди 4-5 рӯзи ин моҷарои хунин аз олам гузашт.