Sebiston new 2024 october
Маҳмадалӣ Умаров ба муҳоҷирон ош дод
904

Маҳмадалӣ Умаров ба муҳоҷирон ош дод
Сароянда ба кӯдакони муҳоҷир чӣ туҳфа кард?

Дирӯз сарояндаи маҳбуб Маҳмадалӣ Умаров бо ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург дидан кард. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Оила” хабар доданд.

Гуфта шуд, ки онҳо барои бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ, аз ҷумла ҳамватанонашон, дастархони зебову ғании миллиро иборат аз оши палави тоҷикӣ, сабзавоти тару тоза, меваҷоти хушмазза ва нони гарми хонагӣ биоростанд.

Дар ошёнаи чаҳоруми Маркази нигаҳдории муваққатӣ, ки дар он ҷо занон бо кӯдаконашон қарор доштанд, Ёқубҷон Умаров ва Маҳмадалӣ Умаров ба атфол қаламу фламастерҳои ранга, дафтарҳои расмкашӣ, китобчаҳои шавқовар ва воситаҳои гигиенӣ туҳфа карданд.

“Бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ аз шумули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташрифу дидорбинии сарояндаи машҳури тоҷик Маҳмадалӣ Умаров ба ҳолати тааҷҷуби нек афтода, хеле шоду масрур гаштанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бо ибтикор ва саҳми молиявии сароянда Маҳмадалӣ Умаров сурат гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД