arzon replenishment
Маълумоти тозатарин дар бораи коронавирус
4935

Бемории коронавирус, ки дар охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вухани Чин пайдо шуда буд, тамоми сайёраи заминро ба худ мубтало кард. То имрӯз шумораи гирифторон ба ин беморӣ ба 2 миллиону 24 ҳазор нафар расидааст. Аз ин шумора зиёда аз 128 ҳазор нафар одамон ба ҳалокат расидаанд.

Шумораи гирифторон дар ИМА ба 615 ҳазору 406 нафар, дар Испания ба 177 ҳазору 633 нафар, дар Фаронса ба 143 ҳазору 303 нафар ва дар Германия ба 132 ҳазору 500 нафар расидааст.

Британияи Кабир аз ҷиҳати шумораи гирифторон ба вируси корона дар ҷои шашум қарор дорад ва шумораи беморон дар ин мамлакат ба 98 476 нафар расидаанд.

Ҳамчунин, дар Чин адади беморон 82 295, дар Эрон 76 389,дар Туркия 65 111 ва дар Белгия ба 33 573 нафар расидааст.

 

Аз санаи 1 –апрели соли ҷорӣ, назар ба моҳи декабри соли 2019, 936 ҳазор ҳолати гирифтор шавӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд. Бинобар ин, аз тамоми мардуми ватани азизамон хоҳиш мекунем ба тозагӣ риоя намуда, дар ҷойҳои серодам аз ниқоб ва антисептик (маҳлули спиртдор) истифода кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД