Formula novemver 2024
Маҷлиси Миллӣ номи баъзе аз маҳаллаҳои Восеъро иваз кард
476

Маҷлиси миллии кишвар қарори тағйири номи бархе аз кӯчаву маҳаллаҳоро дар ноҳияи Восеъ қабул кард. Тибқи қарори мазкур номи 11 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин иваз карда шуданд.

Дар асоси қарори қабулшуда, деҳаи ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шуда, номи он ба Заҳматобод иваз гардид.

Номи деҳаи Саъдуллои Шарифи ҷамоати деҳоти Гулистон ба Шарифобод, деҳаи Рамазон Файзови ҷамоати деҳоти Тугарак ба Боғи нав, деҳаи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугарак ба Ҳасанобод баргардон шуд.

Ҳамзамон, деҳаи Ҳамид Баротови ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов ба Ҳамидобод, деҳаи Арали ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба Хушобак, деҳаи Туғайи ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба Туғистон ва деҳаи Элмурод Хоҷаеви ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев ба Гулмайдон табдили ном карданд.

Вакилон номи деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ба Сурхдара, деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазовро ба Дашти Боло ва деҳаи Боронқули ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазовро ба Боронкӯл иваз карданд.

Тағйири номи маҳаллу кӯча ва шаҳру ноҳияҳо чанд сол инҷониб идома дорад ва дар пайи он аллакай номи чандин шаҳру ноҳияҳо тағйир ёфтанд, чун Қурғонтеппа ба Бохтар ва Ҷиргатол ба Лахшу амсоли ин.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД