Formula novemver 2024
МАЛИКИ ДАҲЗАНА (ҚИСМИ 7)
2920

Давомаш ...

Малик муддати ду соат дар хонаи онҳо нишаст. Сипас кор дорам гӯён парида - парида ба хонаи Малика омад. Мисли домоди нав худро эҳсос карда, гунаҳояш сурх шуда, базўр гап мезад.

Ишқи Малика мисли муҳаббати дигар занҳояш набуданд. Ким - чӣ хел муҳаббати ин духтари зебову шӯх ба дилаш шӯъла зада буду ҳар лаҳза ўро ба сӯйи хонаи Малика мебурд.

Хусуру хушдоманаш хам нисбати дигар хусуру хушдоманҳояш одамони бомаърифат буданд. Акнун Малик ду рўз баъд дар хонаи Малика буд. Санам аз зани охирини шавҳараш дарак ёфта, ба ҷустуҷӯйи Малика баромад. Малика дар назди дарвоза зани ношиносро дида пурсон шуд, ки кӣдаркор аст.

- Ба ман Малик даркор аст.

- Шумо ба ў кӣ мешавед?

- Ман ҳамсараш мешавам.

- Ман ҳам ҳамсараш ҳастам.

- Боз туро ба болои ман гирифтааст, - чӣ?

- Чиҳо мегӯйӣ? Ман барои шавҳарам зани дуюмам.

- Хестӣ, ки хобӣ.

Ў дигар чизе нагуфта, аз ҷояш ҷаҳиду аз мӯйҳои дарози Малика чанг зада, ҳақорат кард:

- Беваи худозада, шавҳари маро ба худат гарм кардиву боз забонат дароз аст, - а?

- Исто, ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ана ба ту!

Малика, ки доимо ба карате машғул буд, Санамро озод бардошту бо пойҳояш ба замин парў хобонида, дод зад:

- Аз ин ҷо ба хубӣ рав, в - агарна устухонҳоятро мешиканам.

Санам дид, ки зӯраш ба Малика намерасад, аз ҷояш хеста, ғур - ғуркунон ба роҳаш равона шуд. Ба хонаи зани якуми шавҳараш омаду шоҳиди ҷанҷоли Сабринаву Зилола шуд. Онҳо мӯю рӯйи якдигарро канда, барои Малик ҷанг мекарданд.

 

Малик бошад, дари хонаи хобашро қулф карда, телевизор тамошо мекард. Аз дил гузаронид, ки «хуб, мӯйкашак кунед. Ман кордор намешавам».

Санам Сабринаро дида, ғазабашро аз ў гирифтанӣ шуда, ба ёрии Зилола шитофт. Ҳамсояҳо давида омада, се зани мисли шери жаён ба қаҳр гирифторро аз ҳам ҷудо карданд. Санам рафта, дари хонаи шавҳарашро бо мушт сахт - сахт кўфтан гирифт.

Малик аз даҳони тиреза парида, гурехта рафт. Малика ўро бо қаҳр пешвоз гирифта, гуфт, ки «ё бо ман мемонӣ, ё аз ҳамаи занҳоят ҷудо мешавӣ».

- Майлаш! Ба ман вақт деҳ!

- Ман интизорат мешавам. Ба ту ним соли дигар вақт, в - агарна ин тавр зиндагӣ кардан ба ман писанд нест.

- Ту нағз медонӣ, ки ман туро сахт дӯст медорам.

- Агар дўст дорӣ, пас ҷудо шав. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ғайри ман боз зани саввум ҳам дорӣ.

- Дуруғ аст. Надорам!

- Он зани ҷанҷол кардагӣ чӣ?

- Шояд ягон зан бахти ману туро дида, рашк кардагист.

- Шояд.

- Кӯдаконам чӣ мешаванд?

- Мисли ту дар ин дунё мардҳои аз зану фарзандашон ҷудошуда хеле зиёданд. Ҳеҷ гап не! Кўдаконатро хабар мегирӣ, аммо ту бояд моли ман бошӣ. Ман мисли ин занҳои беақлат туро ба дигаре тақсим карданӣ нестам.

Малик то нисфишабӣ дар хонаи онҳо монду сипас ба роҳ баромад. Шаб ба хонааш расиду аз Зилола хоҳиш кард, ки барояш дами гарм пазад. Зилола ба хотири кўдаконаш чизе нагуфту шабона хеста, каме гардро сурх карда, бо райҳон даво тайёр кард. Малик косаи дами гармро якбора хӯрду ба ҷойгаҳи хобаш даромад. Саломатиаш бад буд. Дилаш мисли тӯб дар баданаш бозӣ мекарду нафасаш мегирифт.

Субҳи солеҳон Зилола ўро аз хоб бедор кард. Аммо тани Малик кайҳо сард гашта, ҷон дод. Дар ҷанозаи ин марди серзана тамоми занҳояш омада ба ҷойи гиряву нола рӯйканиву мӯйканӣ карданд. Кормандони милитсия омада, онҳоро бо зӯрӣ аз ҳам ҷудо карданд.

Санам болои тобут баромада, фаромадан намехост. Сабринаву Гулчеҳра бошанд, ўро аз болои тобут фароварданӣ мешуданд. Ҷамила бо Зилола дастбагиребон шуда, ўро ҳақорат мекард. Ин манзараи «мурдаро мону тутхурӣ» ба назари одамони ба ҷаноза омада хеле хандаовару ҳам ғамангез буд.

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД