Sebiston new 2024 october
МАЛИКИ ДАҲЗАНА (қисми 5)
2633

Давомаш ...

Малик шабона ба Панҷакент расиду дар меҳмонхона ҷой гирифт. Дар роҳрави меҳмонхона ногаҳон чашмаш ба духтараки тахминан 20 - солаи мавзунқомате афтид, ки дар дасташ як табақ мева ба ҳуҷрааш медаромад. Ў пешдастӣ карда, гуфт:

- Мисли парии афсонавӣ пайдо шудед. Аз кадом ҳуррони биҳишт ҳастед?

- Кош мисли суханони шумо зебо мебудам, - хандида, дандонҳои тиллоиашро нишон дода, гуфт духтарак

- Дар ҳақиқат париед. Ман дар ҳаётам бори аввал чунин духтари зебои тоҷикро мебинам. Аз куҷо ҳастед?

- Ман аз Хуҷанд.

- Ман аз Душанбе. Номам Малик.

- Номи ман Мавзуна, - дасташро дароз карда, гуфт Мавзуна.

- Истед, ман табақи меваатонро аз дастатон гирам.

Малик табақро гирифта, ба ҳуҷраи Мавзуна даромад. Онҳо то поси шаб сўҳбат карда, нишастанд. Аммо духтар намехост, ки Малик ба ҳуҷраи худаш равад.

- Ҳамин ҷо хоб равед.

- Айб аст. Ман марди ҳалолу покизаам.

- Ман ҳам духтари бахтсўхтаи танҳоям.

- Чӣ тавр?

- Шавҳарам дар давраи моҳи ҳаштуми арусиам ба садама дучор шуда, вафот кард. Мани ҷавон тани танҳо мондам.

- Зиқ нашав! Ман  ҳозирам, ки худи пагоҳ туро никоҳ карда, гирам. Аммо ман хона надорам.

- Зану кўдаконатон чӣ?

- О туро ба сифати зани дувум мегирам.

- Ман сад бор розӣ.

Малик субҳи барвақт ба воситаи дўсташ рафта, як муллоро оварда, Мавзунаро ба никоҳаш даровард. Бо Мавзуна ба хонаи падару модари ў ба Хуҷанд рафтанд. Муддати якуним ҳафта дар хонаи онҳо зиндагӣ кард. Мавзуна гуфт, ки кам - кам ба табибӣ машғул аст.

Малик баъди якуним ҳафта ба Панҷакент омаду зардолуқоқро арзон харида, ба Душанбе баргашт. Санам ҳамон рўз талаб кард, ки шавҳараш шаб дар хонаи ў бошад. Гулчеҳра бошад, дам ба дам телефон карда, мегуфт, ки ҳомиладор шудаасту ўро дидан мехоҳад. Малик телефони мобилиашро кушту баъди дидорбинӣ бо фарзандонаш ба Зилола гуфт, ки ба хонаи як дӯсташ ба туй меравад.

Санам ўро бо дастархони пурнозу неъмат интизор менишаст. Зан шабона ўро маҷбурӣ аз хоб бедор карда, пурсид: “чаро ин қадар мехобӣ?”

- Уфф! Безор кардӣ! Мегуфтанд, ки дузанаро ду бари рӯяш сиёҳ аст, бовар намекардам.

- О магар кўҳ каланд кардаед?

- Дар Панҷакент ба кор машғул будам. Хоб рав!

- Хоб надорам.

Санам то бозгашти шавҳараш аз Панҷакент ба назди як фолбини номӣ рафта ба чою шакару намак сеҳру ҷоду карда, омада буд. Ин фолбинзан гуфт, ки «агар хоҳӣ шавҳарат кару гунг шаваду танҳо туро бинад, пас ин чойро дам карда, ба ў деҳу сад бор гирдаш тоб хўрда, такрор кун: «Аз дар дароӣ, хар шавӣ, хари сиёхи нар шавӣ”.

Малик ҳайрон ба чеҳраи ҳамсараш дида дўхту пурсид:

- Чиҳо гуфтаи истодаӣ худ ба худ?

- Ҳеч чиз! Илҳоми сурудхониам омада истодааст.

- Санам, илтимос хоб рав. Ман сахт хастаам.

- Як чойи гарми сиёҳ дамат кунам?

- Майлаш!

Санам давида рафта чойи дуо хондагии фолбинро оварда, як каф гирифту чой дам кард. Боз зери лаб гуфтан гирифт:

- Агар гӯям шин, мешинӣ, агар гӯям мур, мемурӣ, аз дар дароӣ харӣ, аз пешам равӣ дар ҷарӣ

Пеши ҳамсараш чойники чойро дам карда монду гуфт:

- Маликҷон, илтимос, як чой нўшед.

- Дар ин нисфишабӣ? Безорам кардӣ

- Ман медонам, ки шумо дар Панҷакент боз ба ягон зан ошиқ шудагистед.

- Не, ман рости гап аз занҳо безор шудаам.

- Кошкӣ – ку!

- Ин хел нагӯй.

Малик баъди чойро нӯшидан боз ба ҷогаҳи худ ғелиду лаҳзае нагузашта, хобаш бурд. Санам хурсанд шуд, ки шавҳараш чойи дуохондагиро нӯшидааст.

Малик субҳ аз хоб хесту ҳис кард, ки сараш сахт дард дорад. Вақте, ки Санам пешаш дастархон кушод, ба назараш намуд, ки парии афсонавиро дида истодааст.

- Азизи ман, ин қадар хушрў шудаӣ.

- Нав дидед, - мӣ? Чӣ то ин қадар вақт безеб будам?

- Аммо имрўз аз ҳад зиёд зебо шудаӣ. Канӣ, ин ҷо биё.

Санам аз дилаш гузаронид, ки чойи фолбин дуо хондагӣ ба ҳамсараш фоида кардааст. Он рўз Малик ба хонааш нарафт, аммо шаби дароз қайъ карда, меъдааш сўхт.

- Вой, мемурам - чӣ, Санам?

- Чӣ шуд ба шумо? Шояд гушти бирёнкардаам сахт буд?

- Сахт набуд, аммо ким чӣ хел меъдаам сўзиш дорад. Ин ҳолат аввалин бор ба ман рӯй дода истодааст.

- Тоқат кунед, мардакҷон. Ман ҳозир як чойи гиёҳӣ тайёр мекунам. Менўшеду сиппа - сиҳат мешавед.

Ногаҳон телефони мобилии Малик занг заду гӯшакро бардошт:

- Лаббай? Тинҷӣ аст, охир?

- Биёям? Ҳозир меоям.

Санам хавотир шуда, пурсид, ки чӣҳодиса руй додааст?

- Зилола мегӯяд, ки аҳволи писарчаам бад шуда, табаш баланд шудааст.

-Кош Зилола мемурду сарат бе Зилола мемонд.

Малик савори мошин ба суйи хона раҳсипор гардид. Дар ними роҳ духтараки ҷавонеро дид, ки дар истгоҳ меистод. Дили одаткарда –балои ҷон, мошинашро боздошту пурсид:

- Духтараки зебо, дар ин нимашабӣ кучо мешитобед?

- Ба хона. Аз кор баромадам.

- Шинед, мебарам. Гуноҳ  аст шумо барин париро ба мошин нашинондан.

- Номи шумо чӣ?

- Номам Сабрина. Дар ширкати мобилӣ кор мекунам.

- Ман ҳозир сахт саросемаам. Писарчаам каме бемор шудааст. Шумо нишониатонро гӯед, ман то хона бурда мемонам. Аммо рақами телефонатонро ба ман навишта диҳед. Ягон хизмат шавад, ман ҳозирам.

Сабрина ба ў рақами телефонашро навишта дод. Малик рўзи саввум ба Сабрина занг зада, гуфт, ки ўро баъди кор гусел мекунад. Сабрина розӣ шуд.

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД