Давомаш ...
- Рав гуфтам, рав!
Ногаҳон мисли раъду барқ аз куҷое Санам пайдо шуду ба сари онҳо давид бо асабонияти зиёд:
- Ҳе беваи шавҳардузд, ин ҷо биё, ман муйҳоятро тор - тор меканам.
Санам ба эътирози Малик нигоҳ накарда бо мушту лағад ба шиками Ҷамила мезад. Малик девонавор ҳардуро аз ҳам ҷудо карду ба Ҷамила ишора кард, ки зудтар гурехта равад. Санамро бошад кашола карда ба даруни ҳавлӣ даровард.
- Росташро гуй, Малик, инаш кист?
- Ин зан як бечораи шавҳармурда аст. Назди ман барои пул омадааст. Шумо бошед ...
- Дурўғ гуфта истодаӣ. Ин аз чашмонат маълум аст. Нигоҳҳоят туро ифшо карда истодааст.
- Не, охир! Ман танҳо туро дӯст медораму халос. Чаро ба ман бовар надорӣ, ҷонам?
Аз ин суханони ширину навозишомези шавҳар Санам каме ором шуду ўро ба оғӯш кашида гуфт:
- Мардакҷон, сахт дӯстат медорам. Ту аз ман наранҷ.
- Медонам. Аммо, илтимос, ҳозир гашта ба хонаат рав. Ман шаб меоям.
- Рост?
- Меоям. Ягон хўроки бомазза паз!
- Ба ҷонам! Бароят як мантуи сергӯшт мепазам.
Санам бо ишваву ноз ба мошини кироя нишаста, ба хонааш рафт. Малик сарашро дошту ба Зилола, ки даруни хонаи хоб нишаста, гиря мекард, гуфт, ки ягон ҳабби доруи зидди сардард биёрад.
- Сарам мекафад, занак. Ягон аналгин надорӣ?
- Аз ин хел занакабозӣ сари ҳама дард мекунад. Бас будагист, охир! Диламро шикастӣ, ҳаётамро хазон сохтӣ. Магар бистар барои се нафар аст?
- Э бас кун! Аз гиряву шикояти ту ҷонам ба лаб омадааст. Хотири ана ин кўдаконам бо ту зиндагӣ дорам. В - агарна..
- Чӣ, вагарна?
- Бас кун, Зилола! Оби хунук биёр.
Малик об нўшиду ба ташноб даромад. Баъди оббозӣ кардан либосҳои дигарашро пўшиду назди оинаи барқад истода, худро таъриф кард:
- Дар ҳақиқат, мардак будаам. Ин қадду басту чашмони маъшуқакушам тамоми занҳоро девона кардааст. Дигар зан намегирам. Худам ҳатто ҳисоб накардаам, ки чандто зани бо никоҳ дорам. Имшаб пеши Санамҷонам меравам.
Зилола аз паси шавҳараш набаромад. Қалбаш дард мекард аз бевафоии шавҳар. Аламаш меомад, ки замоне ўро шавҳар дӯст дошта, хонадор шуда буд. Рашки хонасўз вуҷудашро мисли зарбаи корд месўзониду таъбаш хира мегашт. Ба занҳои дигари шавҳараш мутобиқ шуда, ўро тақсим карданӣ набуд.
Малик ба хонаи Санам омада руйи диван дароз кашид.
- Мардакҷон, чӣ ин қадар табъатон хира аст?
- Имрўз сахт ранҷурам кардед, занҳои беақл.
- Росташро гуй, вай занаки қишлоқӣ кӣ буд?
- Бечора занак хоҳари як дӯстам аст. Шавҳарашро маҳбас кардаанд. Қарзпурсӣ омада буд. Ту бошӣ имкон надодӣ, ки ман ҳамчун дўсти ҷураам қадре ба ў пул кўмак намоям.
- Чаро ба худи ҷӯраатон пулро намедиҳед?
- Ин мавзӯъ ба дилам зад. Канӣ, инҷо биё, ҷонам!
Малик субҳи солеҳон “ман як тиҷорат дорам” гӯён роҳи ноҳияи Ҳисорро пеш гирифт. Гулчеҳра аз омадани шавҳар дар ин субҳ хеле хурсанд шуда, зуд дастархон партофту ноништа тайёр кард.
- Маликҷон, ман шуморо ёд кардам.
- Ман ҳам, Гули ман.
Малик тавре нақши марди меҳрубонро мебозид, ки ягон зан булҳавас будани ўро пайхас намекард. Ин занҳо гумон мекарданд, ки барои Малик ягонаву беҳамтоянд. То бегоҳӣ дар хонаи модари Гулчеҳра нишаст.
Сипас ба шаҳр гашта омад. Шабона аз хастагии зиёд якбора хобаш бурду ҳатто ба Зулола нимнигоҳе накард. Зилола то субҳ филми туркии «Қасри боҳашамат» - ро тамошо карда, султони бисёрзанаро бо шавҳари худаш қиёс карда, зери лаб гуфт:
- Ин қаҳрамони кино мисли шавҳари ман булҳавасу занакабоз будааст. Модарам доимо мегуфтанд, ки зиндагӣ бо марди булҳавас хеле мушкил аст. Чункӣ дили булҳавас танҳо вақти мурданаш хомӯш мешавад. Чашмони носерами ўро танҳо хоки гўр сер мекардааст.
Акнун барои Зилола танҳо фарзандонаш вуҷуд доштанду халос. Меҳрубониҳои давраи арӯсиашро пазмон гашта буд ў. Аммо дигар Малик он шавҳари болутфу ширинзабони пешина набуд. Зиндагиашон ба ном вуҷуд дошту халос.
Малик баъди аз хоб соатҳои даҳи саҳарӣ бедор шудан, дасту рӯяшро шуста, аз Зилола хоҳиш кард, ки барояш либосҳои тозаро дар ҷомадонаш гузошта, барои ба сафар рафтанаш омода созад.
- Чӣ ба ягон ҷо сафар доред?
- Оре, ба Панҷакент меравам.
- Хуб шудааст.
Дар Панҷакент бо як тоҷири зардолуфурўш доду гирифт дошт. Ҳамин вақт Санам занг зада, гуфт, ки имшаб ў зодруз дораду зиёфати калон оростанист.
мирсаид оила, [17.08.20 17:59]
- Чӣ хизмат кунам, занакҷон?
- Маликҷон, як панҷсад доллар диҳед. Харид мекунам. Шумо ҳам бояд бошед. Дугонаҳоям меояд.
- Ман ба Панҷакент барои тиҷорати зардоулқоқ рафта истодаам. Пулро бошад ба назди хонаат рафта медиҳам.
Зилола, ки ин лаҳза гуфтугузори шавҳарашро бо духтари холааш мешунавид, ашки чашмонашро пок карда, аз дил гузаронд, ки «вақте ки ман зодрӯз дошта бошам, ўҷанг мекунад, ки пул надорад ва зодрузро қайд кардан ҳаром аст. Аммо ба ин зани дуввумаш пул медиҳад, ки зиёфат фароҳам оварад».
Давом дорад...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.