Давомаш ...
- Вой дод, сар те, мурдам.
Ҳамсояҳо аз садои доду фарёди онҳо бохабар шуда, омада, ҳардуро аз чанголи якдигар халос карданд. Малик бошад ин замон бо зани наваш машғули айшу ишрат буд. Мӯйю рӯйи Ҷамиларо таъриф карда, қасам болои қасам мехӯрд, ки чунин зани зебову нафисро бори аввал дар зиндагиаш вохӯрдааст.
Ҷамилаи бехабар аз булҳавасии Малик аз суханони ширини ӯ хурсанд шуда, қабат ба қабат гӯшт мегирифт. Барои азизи дилаш манту пухта, чойи гарм оварду ишвакунон гуфт:
- Мардакҷон, акнун ки зану шавҳар шудем, бояд аз якдигар рози пинҳон надошта бошем. Кай меоед?
- Ман дигар бе ту зиндагӣ карда наметавонам. Худо хоҳад, ҳафтаи дигар ба наздат бо парвоз меоям.
- Ба зани якумат мегуйӣ, ки маро никоҳ кардаӣ?
- Албатта мегӯям. Вай бечора касалӣ аст. Розӣ мешавад.
Малик дили Ҷамиларо пур карда гашта ба шаҳр омад. Зилоларо бо рӯйю чашми кабуду кафида дида, ҳайрон шуд:
- Чӣ ҳодиса рӯй дод?
- Боз мепурсӣ? Беваат омада, рӯканон кард ҳамроҳам.
- Барои чӣ?
- Барои ту.
- Нафаҳмидам
- Барои он ки ту як ҳафта ғайб задиву аз худ дарак надодӣ.
- Ман мард ҳастам. Ба зан ҳеҷ гоҳ сири диламро намегӯям.
Малик ба назди Санам омада,ҷанҷол бардошт, ки чаро ӯ беҳуда бо Зилола ҷанг кардааст.
- Чунки, ту маро фиреб карда гирифтӣ.
- Худат медонистӣ, ки Зилола зани ман аст. Духтари холаатро фикр накарда, бо ман гаштиву ҳомиладор шудӣ, акнун сабр кун.
- Сабр намекунам.
- Агар нахоҳӣ, чор тарафат қибла
- Эҳе, хестӣ, ки хобӣ. Ман то мурдан туро азоб медиҳам. Мани ҷавону шавҳарнодидаро ба доми худат андохтиву имрӯз аз баҳри ман мебароӣ? Ман писарамро сағера намекунам.
Малик дигар бо ӯ ҷанг накарду қаҳр карда, ба хонаи зани якумаш омад. Зилола қавоқ андохта, бо ӯ гап намезад. Малик аз ин дар қаҳртар шуда, ба хонаи хобаш даромаду худро ба хоб андохт.
Рӯзи дигар Малик бо мошинаш барои мағозаи як дӯсташ бор гирифта, ба ноҳияи Ҳисор равон шуданд. Ин дӯсташ баъди борро ба мағоза тақсим кардан ӯро ба хонаи хушдоманаш таклиф кард. Хоҳарарӯси дӯсташ, ки нав аз шавҳар ҷудо шуда, ба хонаи падар баргашта буд, ниҳоят зебову диданӣ буд. Малик чашмонашро бозӣ доронда, дар рӯйи ҳавлӣ ҳангоми обрезии духтар ба дастонаш оҳиста гуфт:
- Духтари парӣ, чӣ ном дорӣ?
- Номам Гулчеҳра.
- Дар ҳақиқат гул будаӣ. Диламро бурдӣ бо як нигоҳ.
- Наход?
- Бале, ба Рустам мегӯям, ки ин қадар қайсингили зебо доштаиву аз мо пинҳон мекунӣ.
Баъди зиёфат Малик ба Гулчеҳра чашмакие карда, ишора кард, ки бармегардад.
Баъди се рӯзаш аз дӯсташ хоҳиш кард, ки хоҳарарӯсашро барояш хостгорӣ кунад.
- Охир, ҷӯраҷон, худат дар шаҳр ду зани бадрашк дорӣ. Хоҳарарӯси маро гирифта, чӣ кор мекунӣ?
- Бовар кун, ошиқ шудам беқарор. Дигар дилам тоқат намеунад. Гулчеҳра танҳо аз они ман аст.
- Майлаш, ба хотири дӯстиамон ман ӯро бароят хостгорӣ мекунам. Баъд дар куҷо зиндагӣ мекунед?
- Дар хонаи модараш. Ман аз кучо хона дорам?
Гулчеҳра, ки мафтуни чашмони ошиқкуши Малик гашта буд, зуд розӣ шуд. Малик ду - се нафар ҷӯраҳояшро оварда, зиёфат доду Гулчеҳраро никох кард. Бо ӯ ду рӯз зиндагӣ карду гуфт, ки ба дидорбинии зани якуму фарзандонаш ба шаҳр меравад.
Гулчеҳра бовар дошт, ки ӯ танҳо барои Малик зани дуюм мебошад. Малик ба шаҳр омада, худро хастаҳол рӯйи бистар партофт. Аммо Зулола наздаш омада, фарёд кард, ки ким - кадом зан ӯро дар дами дар поида истодааст. Вақте Малик ба ҳавлӣ баромад, Ҷамиларо дид. Мардак дар ҷояш карахт шуда, саовломез ба ӯ нигарист.
- Салом мардакҷон, пазмонат шудаму омадам. Аммо ин занат ин қадар бадрашк будааст, ки маро ба даруни ҳавлӣ роҳ надод.
- Берун баро, гап мезанем.
Вале Зулола пешдастӣ карда, омаду аз гиребони шавҳараш дошта, дод зад:
- Инаш боз кӣ? Охир, ту ин қадар булҳавасӣ?
- Сар те гиребони маро, в – агарна ҷавобатро медиҳам. Рав аз ин ҷо!
Зулола аз суханони тақдирсози шавҳар якбора тарсида ба хона даромад. Аммо гӯширо гирифта, ба Санам занг зад.
- Ало кундошҷон, чӣ хелӣ?
- Хубам. Чӣ мегӯйӣ духтари хола?
- Рӯзам ба сарат омад. Биёву зани сеюми Маликро бубин.
- Чӣ?
- О ҳа, биё..
Санам саросемавор бо хилъати хонагӣ давида ба кӯча баромаду мошини кирояро манъ карда, ба суйи хонаи Малик раҳсипор гардид. Малик бо Ҷамила дар назди кӯчаи ҳавлиашон истода, сӯҳбат мекард.
- Ҷамилаҷон, чаро напурсида омадӣ?
- Охир, шумо боре ба ман занг назадед. Ақаллан ҳоламро напурсидед.
- Ман гуфтам, - ку, корам хеле зиёд аст.
- Ман шуморо дӯст медорам ва пазмон шудам.
- Рав ба хонаат. Ман ҳафтаи оянда меоям.
Майлаш, меравам. Аммо шумо ваъда карда будед, ки зани якуматон касал асту ба зани дуюм гирифтанатон монеа намегардад. Аммо, афсӯс…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.