Formula novemver 2024
МАЛИКИ ДАҲЗАНА (қисми 2)
3438

Давомаш ...

Мошини Маликро пур аз маводи хӯрока намуда, ӯро ба ноҳияи Ҷигатол фиристоданд. Ҳангоми фаровадани бор чашми ин сайёди «чӯҷаи парӣ» ба ҷавонзани сафедпӯсти хушқаду қомате афтид, ки дар мағоза фурӯшанда шуда кор мекард.

Дили марди занбоз бо дидани ин ҷавонзани зебо якбора ба таппиш даромад ва зери лаб худ ба худ пичиррос зад: «Аҷаб байтали сафеди зебое будааст! Зан бошад, ана ҳамин хел сафеду хушрӯю бузбала бошад, ки ҷони мард роҳат кунад!»

Малик, ки дар дилёбӣ устухон надошт, сад бор садқаю бандаи ин ҷавонзани нозанин гашта, ба зудӣ тамоми сирру асрори фурӯшандаро фаҳмида гирифт.

Вақте шунид, ки Ҷамила бо як фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар хонаи модараш зиндагӣ мекардааст, чашмонаш якбора аз хурсандӣ барқ заданд ва мисли гурбае, ки бӯйи гӯшти лаҳм ба димоғаш расидааст, лабашро лесида гуфт:

- Тақдир ба ман як зани хунуки безебро насиб дидааст, вале талоқашро дода наметавонам, чунки бегона не, духтари холаам аст. Шукр, ки Худо имрӯз маро бо маликаи орзуҳоям рӯ ба рӯ кард. Як умр дар орзуи шумо барин, зани бузбалаи хушрӯй будам. Ҷамилахон, ҷонамро бароятон нисор мекунам, агар зани дуюми ман шавед!

- Занатон фаҳмад чӣ?!

- Эй, байни Ҷиргатолу Душанбе чандин километр роҳ аст. Зани содаю бесаводи ман аз куҷо мефаҳмад, ки шӯяш дар ин ҷо зан дорад. Ман тез - тез бо баҳонаи овардани бор ба ин ҷо меоям ва ду - се шаб бо шумо монда, тамоми камбудиҳоятонро буд карда меравам, - даст афшонд Малик.

- Дарвозаҳои шаҳрро баста мешаваду даҳони мардумро не. Мабодо ягон кас ба занатон хабар барад - чӣ?!

- Баранд, бурдан гиранд. Ҷамилахон, парво накунед, зани ман бисёр занаки сарпасту оромтабиат аст. Вай ҳеҷ гоҳ ба ин ҷо ба сари шумо омада, ҷангу ҷанҷол намекунад, - ҷавонзанро дилпур намуд Малик.

- Ин тавр бошад, бегоҳ ба хонаи мо биёед. Канӣ, як бо падару модарам маслиҳат карда бинед. Агар онҳо розӣ бошанд, ман розӣ, - Ҷамила ширин табассум карда, бо аломати ризо сар ҷунбонд…

Малик фурсатро аз даст надода, аз борҳои овардааш ду халтаи калонро пур карду худи ҳамон замон ба хонаи падари Ҷамила хостгорӣ рафт.

Бочкаи асал, халтаи пур аз гӯшт ва шоколадҳои қиматбаҳои овардаи домодшаванда дили волидони арӯсро гарм карданд ва онҳо даст ба дуо бардошта, ба издивоҷи духтарашон бо ин ҷавонмарди ношинос розигӣ доданд.

Ҳамон бегоҳ Малик мулло бурда, Ҷамилаи нозанинро бо никоҳи мусулмонӣ ба занӣ гирифт ва як ҳафтаи дароз дар хонаи хусуру хушдомани наваш дар Ҷиргатол бо зани сеюмаш табъи дил айшу ишрат карда гашт…

Занозании палонҷҳо

Малик баъди тавалуд кардани Санам ҳавличаи зебое харида, зани дуюмашро ба он ҷо кӯчонда бурд, то ки дар як хона бо ду зан зиндагӣ карданаш боиси гапу калочаи бисёр гашта, ин хабар ягон рӯз ба гӯши мақомот нарасад.

Вай ба ном шавҳари қонунии Зулола бошад ҳам, қариб ҳамеша дар хонаи зани дуюмаш буд. Вақте як ҳафта аз шавҳараш дарак нашуд, Санами аз рашк девона шуда ба сари духтархолааш омад ва омирона дод зад:

- Барои чӣ намемонӣ, ки Малик пеши ман равад?!

 

Зулола базӯр худро дошта, нимғурма гуфт:

- Як ҳафта боз ман Маликро надидаам. Шӯят туро монда, ба оғӯши ягон зани дигар даромада бошад, айби ман чӣ?!

- Дурӯғ мегӯӣ! Малик дар хона аст, - Санам зада ба хона даромад ва тамоми ҳуҷраҳоро кофт, вале Маликро наёфта, бештар девона шуд:

- Росташро гӯй! Малик дар куҷост?!

- Аз куҷо донам? Охир, ман қаровули Малик не - ку?! - Зулола дар дил ба ҳоли палонҷаш, ки аз рашк девона шуда буд, механдид, вале худро ором вонамуд мекард.

- Ту бева, ҳамаашро медонию худатро ба нодонӣ мезанӣ, - ин гапи Санам аз мағзи устухони Зулола гузашт ва теғ кашида ба рӯйи палонҷаш нигаристу гуфт:

- Гуш кун, духтари хола! Аслан ман зани якум ҳастам ва бояд ба сари ту рафта, рӯю мӯятро канда гирам, вале лабамро таги дандон гирифта гаштаам. Ту чӣ ҳақ дорӣ, ки ба сари ман омада, дӯғу пӯписа карда истодаӣ?!

- Хуб мекунам! Даркор шавад, ба Малик мегӯям, ки туро се талоқ карда, аз дар берун кунад! - бидиррос зад Санами шаттоҳ.

- Мебинем, ки маро сар медиҳад ё туро! Канӣ зуд дафъ шав аз ин ҷо, маймуни шарманда. Сағераи ҳаромӣ зоида маҷбурӣ ба сари шавҳари ман бор шудию боз забондарозӣ мекунӣ-а?! - Зулола чанг зада, аз муйи дарози Санам дошт ва кашолакунон ӯро аз ҳавлӣ бароварданӣ шуд, аммо Санам мисли гурбаи ваҳшӣ дасти духтархолаашро газида, хуншор кард. Зулола аз дарди ҷонкоҳи дасташ бештар ба ғазаб омада, гӯши Санамро чунон сахт газид, ки доду фиғонаш ба фалак печид.

- Воҳ бева, куштимаеее! - фиғон кашид Санам.

- Бева худат. Бева очаи ҳаромат аст, ки шарм надошта, духтарашро ба мардаки зандор дод. Ту пишаки шавҳардузд газида метавонию ман не?! Ҳозир гӯшти танатро бо дандонҳоям пора - пора карда мепартоям, - косаи сабри Зулолаи оромтабиат якбора лабрез гашта, бехудона ба ҳар ҷои бадани палонҷаш дандон мезад ва Санамро чунон мегазид, ки доду фиғонаш ба осмон дакка мехӯрд…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД