arzon replenishment
МАЛИКИ ДАҲЗАНА (қисми 6)
2405

Давомаш …

Ҳамин тавр байни Сабринаву Малик муносибатҳои ошикона пайдо шуданд. Малик гуфт, ки ман марди ҳалолам, биё туро никоҳ карда ба ҳайси зани дуввум гирам. Сабрина бехабар аз панҷзанагии ў ба ин издивоҷ розигӣ дод. Падари майзадаи Сабрина барои издивоҷи онҳо ҳеҷ монеа нашуд.

Сабрина розӣ буд, ки дар хонаи худашон соҳиби шавҳар бошад. Гулчеҳра ба Малик занг зада, гуфт, ки ҳомиладор шудааст. Малик хост занаш кўдакро исқоти ҳамл кунад, аммо Гулчеҳра ҷанг карда, гуфт, ки ў ҳеҷ гоҳ фарзандашро исқоти хамл намекунад.

Малик дигар эътироз накард. Вақте ба таввалудхона Санамро барои таввалуд кардан мебурд, худи ҳамон соат Гулчеҳраро волидайн барои таввалуд ба ҳамин зоишгоҳ оварда буданд. Тасодуфан Гулчеҳра бо Санам дар як ҳуҷра мехобиданд. Санам ба Гулчеҳра нигариста пурсид, ки чаро шавҳарат туро хабаргирӣ намеояд?

- Шавҳарам ронанда ва тоҷир аст.Доимо дар сафар мебошад.

- Шавҳари ман ҳам нимашабӣ маро ба таввалудхона оварда, пул доду худаш ба ноҳияи Ваҳдат рафт. Ту ҳам зани дуюмӣ?

- Бале, қисмати мо занҳои тоҷик солҳои охир ҳамин будааст. Аммо, ба ҳаминаш ҳам шукр мекунам, ки шавҳарам арақхӯр несту маро дӯст медорад.

Санам аз таввалудхона дам ба дам ба Малик занг мезад. Гулчеҳра ҳам ба рақами Малик занг мезаду ҳамеша онро машғул меёфт. Малик бошад, дар Ваҳдат бо ҷӯраҳояш дар лаби дарё фароғат карда менишаст. Шабона дар деҳаи ҷӯрааш зиндагӣ мекардагӣ тӯй будааст. Ҷӯрааш ӯро даъват кард, ки ба хонаи ҳамдеҳааш ба тӯй раванд. Малик розӣ шуду онҳо ба тӯйхона омаданд.

Дар рӯйи кат нишаста, сурудхонии сарояндаро гӯш мекарданд. Сароянда Малика ном дошту хеле соҳибҷамолу танноз буд. Малика донишҷӯи Донишкадаи санъат буду акнун кам - кам сарояндагиро оғоз карда, мехост, ки ситораи санъат шавад. Нигоҳҳои оташбори Маликро ў зуд пайхас кард. Аз тарзи либоспушиву рафтори Малик гумон кард, ки ў ягон марди вазифадори пулдор аст. Малик чашмашро аз Малика намеканду интизор буд, ки тӯй тамом шаваду онҳо шинос шаванд. Ба қоғазчае рақами телефонашро навишта, ба соҳиби тӯйхона дода, ба Малика равон кард. Малика қоғазчаро гирифта, сӯяш нимнигоҳи ошиқкуш кард. Малик аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид.

Малик баъди ба шаҳр баргаштан барои хабаргирии Санам ба таввалудхона омад. Санамро дид, ки бо Гулчеҳра суҳбати ширин карда нишастааст. Зуд пинҳон шуд. Ба ҳамшираи шафқат як даҳсомона ширинкома дода, оҳиста гуфт, ки Гулчеҳраро аз ҳуҷра барорад. Ҳамшираи шафқат, ки Маликро хуб мешинохт, як писханде заду Гулчеҳраро бо баҳонаи ташхиси тифлаш ба дигар ҳуҷраи таввалудхона бурд. Малик Санамро ба оғӯш кашида, бо тавлиди дугоник - духтару писараш табрик карда, гуфт, ки ў худро хушбахттарин марди дунё эҳсос мекунад. Санам аз суханони шавҳараш хурсанд шуда гиря кард.

- Чӣ гиря мекунӣ, азизам?

- Аз хурсандиам, ҷонам. Дилам ба ҳампалатаам Гулчеҳра месўзад. Шавҳари бевафояш мисли ту ронанда будааст. Ақаллан як бор зангаш намезанад.

- Аз куҷо будааст ин зани бечора?

- Аз Ҳисор.

- Майлаш, ман равам зудтар. Кор дорам.

Малик бо ҳамсараш зуд хайрухуш карду ба аҳли хонаводаи Гулчеҳра занг зада, аҳволи ўро пурсон шуду гуфт, ки ҳоло ў дар Ваҳдат аст.

Гулчеҳра духтар таввалуд карда буд. Падару модари ӯ бо телефон домодашонро сарзаниш карда, гуфтанд, ки “ту падари ин тифливу мо духтарамонро ба таввалудхона бурдем”.

- Зиқ нашавед. Ман ҳамаи пули духтурро медиҳам.

Малик аз серзанагиаш парешону гаранг ба хонаи зани аввалааш омад. Ногаҳон телефони дастиаш занг заду садои ширини занона ўро фарёд кард:

- Маликҷон, ин ман Малика.

- Кадом Малика, нашинохтам?

- Маликаи дили шумо. О дар туй худатон ба ман рақами телефонатонро навишта фиристода будед, - ку, ё ки телефонро гузорам?

- Не, нагузоред. Ман садқаи овози ширинат духтар.

Малик баъди либосашро иваз кардан ба мулоқот бо Малика шитофт. Онҳо дар боғи нави пойтахт вохўрданд. То ними шаб онҷо сайр карда, суҳбат карданд. Малик ба Малика таклифи издивоҷ кард. Малика гуфт, ки ў духтари ҷавон асту дар он сурат падару модараш ба издивоҷи онҳо розӣ мешаванд, ки агар Малик ўро туй кунад. Малик розӣ шуду гуфт, ки ба шарте ўро туй мекунад, ки ў домод намешавад. Малика розӣ шуд.

Малик ба дасти падару модари Малика 1000 доллар доду гуфт, ки худатон духтартӯяшро гузаронед. Ваъда кард, ки баъди ду сол хона харида, занашро мебарад. Малика шарт гузошт, ки дар тӯйҳо сарояндагӣ карда, пули хонаро якҷоя ҷамъ мекунанд.

 

Малик Санамро ба хонааш бурда монду аз паси Гулчеҳра омад. Аммо, хусуру хушдоманаш аллакай духтару набераашонро ба хона бурда буданд. Малик ба хабаргирии Гулчеҳра рафт. Гулчеҳра ба ў руйи хуш надода, гуфт, ки аз чунин шавҳардорӣ бешавҳариаш хубтар аст.

- Равам? Маро дидан намехоҳӣ?

- Мехоҳам, - боз дилаш нарм шуда гуфт Гулчеҳра.

Малик ду соат дар хонаи онҳо нишаст. Сипас “кор дорам” гӯён парида - парида ба хонаи Маликаино омад. Мисли домоди нав худро эҳсос карда, гунаҳояш сурх шуда, базўр гап мезад. Ишқи Малика мисли ишқи дигар занҳояш набуданд. Ким чӣ хел муҳаббати ин духтари зебову шӯх ба дилаш шӯъла зада буду ҳар лаҳза ўро ба сӯйи хонаи Малика мебурд.

Хусуру хушдоманаш хам нисбати дигар хусуру хушдоманҳояш одамони бомаърифат буданд. Акнун Малик ду рўз баъд дар хонаи Малика буд. Санам аз зани охирини шавҳараш дарак ёфта, ба ҷустуҷуйи Малика баромад. Малика дар дами дарвоза зани ношиносро дида, пурсон шуд, ки кӣ даркор аст.

- Ба ман Малик даркор аст.

- Шумо ба ў кӣ мешавед?

- Ман ҳамсарашам.

- Ман ҳам ҳамсараш ҳастам.

- Боз туро ба болои ман гирифтааст чӣ?

- Чиҳо мегӯйӣ? Ман барои шавҳарам зани дуввумам.

- Хестӣ, ки хобӣ.

Ў дигар чизе нагуфта, аз ҷояш ҷаҳиду аз мӯйҳои дарози Малика чанг зада, ҳақораташ кард:

- Беваи худозада, шавҳари маро ба худат гарм кардиву боз забонат дароз аст, - а?

- Исто, ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ана ба ту.

Малика, ки доимо ба шуғли карате машғул буд, Санамро озод бардошту бо пойҳояш ба замин парў хобонида, дод зад:

- Аз ин ҷо ба хубӣ рав, в - агарна устухонҳоятро мешиканам.

Санам дид, ки зӯраш ба Малика намерасад, аз ҷояш хеста, ғур - ғуркунон ба роҳаш равон шуд. Ӯ ба хонаи зани якуми шавҳараш омаду шоҳиди ҷанҷоли Сабринаву Зилола шуд. Онҳо мӯю рӯйи якдигарро канда, барои Малик ҷанг мекарданд. Малик бошад, дари хонаи хобашро қулф карда, телевизор тамошо мекард. Занак дар дил «хуб, муйкашак кунед, ман кордор намешавам» гуфта, ба назди Малик рафт.

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссао пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД