Arzon march 2024
Мактуби "Чумо"и қисми низомӣ
3892

Деҳа. Модар рӯи ҳавлиро обзанон бо ҷорӯби чун бӯзи кӯса бешоху барги худ хаш – хашкунон замини пур аз хоку баргро рӯфта истодааст. Ҳамин ҳангом духтарчааш доду войкунон “оча, оча. Касе ба вайбер смс фиристод. Акаам набошад?”,-гӯён давида баромад. Модар аз хурсандии зиёд ҷорӯбро ба як кунҷи ҳавлӣ партофту давида назди духтарчааш омад.
- Канӣ, тезтар кушо! Бачаи эркаи оча чӣ мехоста бошад? Гуфтам, ки ба ҳамон хизмати албастӣ нарав. Хонда тамом кардӣ. Ягон ҷо кор даро. Баъди як сол ягон духтараки очааш набӯсидаро ёфта келин мекардем. Облава омаду гирифта бурд. Эҳ беақлаки оча. Бузҳои маҳалла илоҳо кӯр шаванд, ки фурӯхтанд. О кушо тезтар, - мегуфт бо саросемагӣ модар.
- Интернет часпад чӣ кор кунам? Бо ин “безлимит”-и самбақаи “билайн” ҳамин қадар мешавад. Ана кушод
- Инҷа те худам бинам. Дар бача мурам, э!
“Салом, модарҷони азиз! Шинохтед? Охир, ин ман - писари эркатулфоратон, Мирсаидҷон. Чӣ хел намешиносед? О, маро зада – зада вазифаҳоямро худатон иҷро мекардеду хатамро ҳам мисли хати худатон карда будед - ку? Хайр, монем ин шиквачаҳоро. Дигар шумо нағз? Корҳои мактабу хоная карда гаштед? Ҳа, агар аз ман пурсед манба «гап нест». Армияба калон шуда гаштиям. Маро дар ин ҷо дедҳо хеле хуб қабул кардаанду ганда зӯр “дӯст медоранд”. Медонед, ман ба онҳо ҳамин қадар маъқул шуда мондиям, ки қариб ҳамаи корҳои “казарма” - ро ба ман бовар кардаанд. Ҳатто, ҷомашӯиву мӯзатозакуниҳояшонро қарз дониста бо сарбаландӣ иҷро карда истодаам ва агар рафту фаромӯш карда монам ё ин ки бо сабаби корҳои дигар вақтам нарасад (охир дар ин ҷо бисёр корҳоя ба ман бовар кардаанд ки … ) коре карда, то баромаданашон напа - нав мекунам.


Очаҷон, нав ба қадрат расидам! (ВИДЕО)


Модарҷон, медонед маро дар ин чӣ мегӯянд? Дониста гиред, ман инҷаба «анча мунча» одам не! Хайр, худатон як фикр кунед, набошад ҳамаи «дед» - ҳо маро «чумо» мегӯянд - мӣ? Ин тахаллуси ман аз дигар унвонҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Боз шумо “чумо” - я дигар хел нафаҳмед? Охир, медонед - ку маънои «чумо» «пири бо давлат», «сербачу кач», “хушбахт” ва ғайраҳост. Албатта, ман аз ин “тахаллус” - ам ифтихор дорам. «Дед» - ҳо ҳар хел одама «чумо» намегӯянд ва фақат якта - нимта ман барин фаъолҳоя мегӯянду халос!
Гуфтагӣ барин, дар аскарӣ мана қариб ҳама мешиносанд, ҳатто ГЕНЕРАЛҳо ҳам. Медонед, барои чӣ? Аниқ, ки намедонед. Пас, гӯш кунед, вале ба касе нагӯед. Як рӯз дар навбатдорӣ истода будам, ки рафиқ прапорщик омаду аз ман пурсид, ки генерала надиди? Ман “не” гуфтам. Вай гуфт, ки “агар генерал гузарад ҳатман маро огоҳ кун”! Баъди камакак вақт генерал омад. Ман пурсидам, ки “генералаш туӣ?” Гуфт: “ҳо писарам, манам”. Гуфтам, ки “эй бемасъулият ин қадар вақт дар куҷоҳо мегардӣ? Ду соат боз рафиқ прапорщик туро кофта мегардад. Ҳамин ҷо ист, ман прапорщика дида биём, агар иҷозатат диҳад баъд ба ин тараф мегузарӣ! Фаҳмидӣ!?” Ана ҳамин гапа гуфтаму бо шарофаташ як ҷойҳоеро зиёрат карда омадам, ки дар ҳаётам бори нахуст медидам. Ҳатто аз лентаи кинову оинаи телевизион ҳам надида будам. Ҳатто, инҷаҳоя на гӯши телевизион шунавидаасту на чашми радио дидааст.
Э ҳа, гуфтагӣ барин, як рӯз якта «дед» - а “Худо туро ҳам мисли ман «чумо» кунад гуфтаму яку якбора «снайперист» - и тапатайёр шудам. Ба фикрам ба вай сербачу кач ва пири ба давлат шудан маъқул нест ё дар ин солу замони қимматию ҷонбуроӣ қонуни демографияро сахт риоя карданисту ба мисли баъзе одамон “ширин шавад шакар шавад, чандта шавад шудан гирад” гуфта на, ки як тарафи бари рӯ ва чашмамро “меҳрубонона навозиш кард”. Агар ҳамин вақт дӯстдоштаам дар наздам мебуд ба ишқи ҳақиқиам, ки ба вай аз осмон ситора оварданро ваъда дода будам бовар мекард ва медид ки ман чи хел «зӯр» ҳастаму аз осмон ситора кандан бароям ягон мушкилӣ надорад.
Модарҷон, аз ҷиҳати хӯрду хӯрок ва сару либосу мӯза асло хавотир нашавед. Ман ин ҷо «экономист» - иро омӯхта истодам. Дар ин ҷо ҳамин қадар “экономисти зӯр” ҳастам, ки ҳатто ягон сарфакори зӯртарини дунё ба ман баробар шуда наметавонад. Хамчунин, ба гуфти командир маро ҳар рӯз нағз «обутоб» ҳам медиҳaнд, ки ин заминаи хубест барои сарфакорӣ.

Мо ин ҷо ҳатто баъзе саҳарӣ ҳангоми “завтрак” бо сабаби норасоии шакар ба ҷои он намакро ҳам андохта менӯшем. Боз ҳайрон нашавед, охир, шоире гуфтааст-ку: “Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад ...”
Акнун ман ҳам дар қатори “дед”-ҳо даромадаам ва баъди як – ду рӯз хизматро тамом карда, ба пешатон меоям. Ҳозир бояд равам, командир даъват дорад. Вақте омадам нарезондаю начаконда ҳамаша ба шумо нақл мекунам ва мебинед, ки писаратон чӣ хел “гарений” шуда гаштааст".  

Бо эҳтирому як ҷаҳон ихлос,
эркатулфор нозпарварзодаи шумо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД