-Очачон, чи даркор ин гапҳо,-Дилафрӯз ашки чашмонашро пок карда, модарашро бӯсид.
-Духтари зебои оча, мехоҳам, ки ту ба ягон бачаи хондагӣ ба шавҳар баромада хушбахт шавӣ, духтари холаи Саодататро бошад ба Шахбоз медиҳем.
Субҳ Саодат занг зада пурсид, ки дар масъалаи хонадоршавии фарзандонамон кай гуфтугу мекунем.
-Оча, шумо бояд ҳақиқати талхро фаҳмед. Ин писари калониаон Шаҳбоз ба ҷойи он ки ақлашро ба сар гирифта, такягоҳи шумо бошад, ба гапи падари ҷоҳил даромада дигар ба хона баргаштан намехоҳад...
-Чи? Дигар ба хона баргаштан намехоҳад? Дилафрӯз, илтимос ба акаат гӯй, ки биёяд, охир холаи Саодатат дар вақташ дасти моро гирифта, бисёр кӯмакамон карда буд. Шаҳбоз худаш духтари Саодатро хуш карда гуфта буд, ки танҳо ӯро ба занӣ мегирад.
-Ин дар вақташ буд. Вакте ки писаратон дар камабағалӣ мезист! Акнун писаратон дар қасри падараш каттагӣ карда гаштааст. Далер бошад боз гашта ба хонаи падарҷонаш рафтанист. Бачаҳои шумо барои пулу мол шуда, одаму одамгариро фаромӯш накардаанд оча!
-Далерҷони оча, наход ин гапҳо рост бошанд?
-Очаҷон, илтимос, маро фаҳмед. Акаам он ҷо танҳост. Худатон ҳама вақт насихат мекардед, ки мо, бародарон бояд хама вакт якчоя бошем.
-Майлашу аммо шумо метавонед падаратонро хабар гирифта боз ба хонабиёед, охир ман шумоёнро бо азобҳи зиёд калон кардаам. Баъд, аз умрам чи қадар вақт мондааст, намедонам...
-Оча, зик нашавед. Ман рӯзи якшанбе бо бародарам ба хабаргирии шумо меоям...
-Магар акаат то рӯзи якшанбе ба хабаргирии ман намеояд?
-Намедонам...
Дили Лало ким чи хел сиёх шуда, дигар чизе напурсид. Вай аз дил гузаронд, ки худо медонад, ки то рӯзи якшанбе зинда мемонад ё не. Дилафрӯз ҳис кард, ки саломатии модараш бад аст, вале аз вай чизеро пинҳон медорад. Модараш дар пеши назараш мисли шамъ лаҳза ба лаҳза об шуда мерафт.
Вай боз модарашро зӯран ба беморхона бурд, вале баъди расидан ба бемористон даст ба киссааш бурда, ақаллан 10 сомонӣ ҳам наёфт. Духтарак илоҷе карда, модарашро дар беморхона хобонд ва ваъда дод, ки пули палатаро то бегҳ ёфта меорад.
Дигаркасенабуд, ки дасташро бигирад, аз ҳамин хтир Дилафрӯз ночор роҳи хонаи падарашро пеш гирифта бо сари хаму чашмони пуроб аз Носир барои табобати модараш пул пурсид.
Носир аз киссааш ду ҳазр сомонӣ барварда дод ва таъкид кард, ки агар боз пул даркор шавад. Шарт надошта, омадан гирад.
-Ман ин пулро аз шумо қарз гирифтам. Модарам камтар беҳтар шуда ба по хезанд, албатта кор карда, пулатонро медиҳам,-гӯён духтар аз дар баромад...
хххххх
Шаҳбоз аз бемории модараш дарак ёфта ба беморхона омад. Дар рохрав хамшираи шафқат ба ин ҷавони болобаланди олуфта нигариста аз дил гузаронд, ки ин бойбача кӣ бошад.
-Шумо ба назди кӣ?
-Ман ба назди....- хост модарам гӯяд, аммо худро писари амалдори калон нишон дода гуфт, ки холаашро хабаргирӣ омадааст.
-Дар палатаи панчум хоб аст апаи Лайло.
Шаҳбоз бо модар сардакак салому алек карда ба наздаш халтаи пур аз ҳасиб ва анвои дигари хӯрокаро монду гуфт:
-Оча, ина гиреду калон-калон хӯрда аз ман наранҷед.
-Бачам, гап дар хӯрдан нест. Як даҳан нона дар об тар карда мехӯраму бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунам. Ту чи хол дорӣ, бачаи ширинам?
-Оча, маро дӯстдорӣ накунед, охир ман мардаки капа-калон шудаам.
-Ростӣ мегӯӣ бачаҷон. Мардаки каппа калон шудаӣ ва ман мехоҳам туро бо духтари холаи Саодатат хонадор мекунам. Худат гуфта буди, ки духтари ӯ ба ту писанд аст.
-Оча, ман зан намегирам!-Дод зад Шаҳбоз
-Писарам, дод нагӯй, охир дар ин ҷкасе кар нест. Ман ба Саодат ваъда кардам, ки духтарашро келин мекунам.
-Не гуфтам не!-Шаҳбоз бо қаҳр баромада рафт.
Лайло амоми қувватумадорашро ҷамъ карда аз ҷояш хест ва аз паси писараш давид. Дилаш сахт пазмони писари калониаш шуда буд. Мехост аз дидори писараш сер шавад ва ӯро бори охир бибӯяду бибӯсад. Вай дар дами дар ба писараш расида гирифт ва “бачаи ширинам, исто, як бори дигар ба серӣ бинамат”-гӯён, хост писарашро ба оғӯш бигирад, аммо Шаҳбоз бо ғазаб дастони модарро аз худ дур карда, зуд-зуд кадам монда ба берун баромад.
Баъди сонияе садои ғиррси мшинаш ба гӯш расид...
(Давом дорад)