Arzon march 2024
Маҳина аз ҷабри шавҳару хушдоман худро бо тифли батнаш ба дарё партофт!
1120

 

Зӯроварӣ дар оила солҳои охир ба дарди бедавои ҷомеаи мо мубаддал гашта, даҳҳо занони тоҷик маҳз бо сабаби хушунати хонаводагӣ даст ба худкушӣ мезананд. Инак, боз як ҷавонзани тоҷик, ки ҳамагӣ 23-сол дошт, аз ҷабри шавҳару хушдоман худро ба оғӯши амвоҷи пуртуғёни дарё партофта, худкушӣ кардааст.

Ҷавонзани қурбони хушунати хонаводагӣ гашта Маҳина ном дошта, бар асари зӯроварии оилавӣ аз ҷони ширинаш безор шуда, билохира даст ба худкушӣ задааст. Тавре ки Бомдод менависад, лаҳзаи худро ба дарё партофтани ин ҷавонзани ормонӣ дар як камераи назоратӣ, ки яке аз сокини маҳаллӣ дар манзилаш насб карда буд, сабт шудааст.

“Дар навор дида мешавад, ки чи тавр ин ҷавонзан, ки як фарзанди хурдсоли ҳанӯз ширмак доштааст, ба болои пул (кӯпрук) баромада, худро ба дарё ҳаво медиҳад. Дар ин видео, ки тавассути видеокамераи мушоҳидавии дар манзили яке аз сокинони маҳаллӣ насбшуда сабт шудааст, дида мешавад, ки Маҳина ҳадди ақал ду дафъа баъди ба болои панҷараҳои пул баланд шуданаш аз фикраш мегардад ва гашта мефарояд, вале бори сеюм ӯ худро ба дарё меандозад ва баъди чанде ҷисми наҳифу нозукаш дар даруни амвоҷи пурхурӯши рӯд кӯҳистон гум мешавад”-менависад манбаъ.

Дар хабар гуфта шудааст, ки Маҳинаи ҷавонмарг як тифли ширхораи нӯҳмоҳа дошта, боз ҳомила ва тифли батнаш аллакай чормоҳа шуда будааст.

Рӯзи 6 -уми август дар пайи як муноқишаҳои оилавӣ шавҳараш Маҳинаро талоқ дода, хушдоманаш кӯдаки нӯҳмоҳаи ӯро аз дасташ кашида гирифта, худи келинро аз хона пеш кардааст. Маҳинаи ноком дигар ба хушунату зӯроварӣ тоб наоварда, худро аз боли купрук ба дарё мепартояд.

 Ҳодиса дар деҳаи Хоҷаалии ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт рӯй дода, тибқи маълумоти манбаъ, баъди аз шавҳараш талоқ гирифтану писарашро зӯран аз дасташ кашида гирифтани хушдоманаш Маҳина ба падараш занг задааст, вале бо шунидани хабари сияҳбахт гаштани духтараш падар бо қаҳру ғазаб гуфтааст, ки “"Агар мурдӣ, мурдаатро меорам, вагарна барои зиндаат дар хонаи ман ҷой нест!"

Дасту дили ҷавонзан баъди шунидани ин суханон аз зиндагӣ пурра канда шуда, худро ба коми амвҷи пурхурӯши дарё ҳаво додааст.

Айни замон Султони Абдулвоҳид, шавҳари Маҳина бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсари ҷавонаш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ёдрас мешавем, ки худкушии занон бо сабаби хушунат ва зӯроварии хонавдагӣ солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, кор ба ҷое расидааст, ки баъзе занони аз зиндагии сангин сер гашта натанҳо худ, балки фарзандони хурдсолашонро низ ба марг маҳкум менамоянд. Мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо худкушии занон ба бемории рӯҳӣ нисбат дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД