sebiston july new
МАГАР МАН ЗЕБИ МАРДИ ПОДАБОН ДОРАМ?
14.02.2021
ОИЛА
6312


Модарам «духтарам бе шавҳар намонад» гуфта, маро бо як ҷияни деҳотияш хонадор карданист. Аз ман чизе напурсида бо хешонаш маслиҳатҳоро пазондааст. Аз даҳони хоҳарам фаҳмидам, ки маро бо Ҷамшед хонадор карданианд.

Ҳуш аз сарам парид. Ҷамшедро хуб мешиносам, як подабони даҳанканда, бар замми ин, содафеъл аст. Бо модарам ҷанҷол намудам, вале «Гап гапи худам. Туро ман зоидааму ба касе хоҳам медиҳам»,- гуфта маро гӯш кардан нахостанд. Бо модарам қаҳрӣ шудем, аз паси Ҷамшеди даҳоняла. «Апаҳоят аз хешони ман ҳазар карданд, имрӯз туи тиррончак ҳам гапу кори онҳоро такрор мекунӣ?!»- гуфта дуои бадам мекунад модарам.«Падарат намемурд, ки ин азобҳои маро медид»,- гӯён бо доду фиғон хонаро ба сараш мебардорад. Ман, ки духтари хондагиам дар кӯҳу саҳро зистан намехоҳам, аз ин рӯ аз минбари баланд ба ҳама хешу табори модарам гуфтаниям: Бо Ҷамшеди соддаву латта ҳеҷ гоҳ хонадор на-

мешавам! Беҳтараш маро ором гузоред, вагарна шарманда мешавед!
Динора, аз 102 мкр

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД