Ману Мадина солҳои зиёд аст, ки дугонаи ҷонӣ ҳастем. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаамон ӯ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуду ман касби дӯзандагиро интихоб намудам. Мадина ҳанӯз пеш аз хатми мактаб бо Содиқҷон ном ҷавони зебое риштаи ишқу муҳаббат баста буд ва ҳаёташро бе ӯ тасаввур карда наметавонист.
Онҳо ба ҳамдигар чунон зебандаанд, ки одами дидагӣ «Худованд инҳоро барои якдигар офаридааст» мегӯяд. Гапро ба дарозо накашида сари мақсад меоям. Мадинаро аз тарафи донишгоҳашон ба Маскав, Содиқҷонро бошад ба Туркия барои идома додани таҳсил фиристода истодаанд. Акнун ин ду ҷавони дилдода ҳайрону зор мондаанд, ки чӣ кор кунанд. Онҳо тобу тоқати як рӯз аз ҳамдигар ҷудо буданро надоштанд, чӣ тавр ба 7 соли ҳиҷрон тоб меоранд?
Мадинаю Содиқҷон ҳарду дӯстони ҷонии ман ҳастанд ва бисёр хоҳиш намуданд, ки дар бораи мушкили онҳо албатта ба «Оила» нависам. Ин ошиқон муҳтоҷи маслиҳати мухлисони ҳафтанома ҳастанд. Илтимос, ба ин дилдодагон роҳи дурустро нишон диҳед, то рӯзе ангушти пушаймонӣ нагазанд!
Мухлиса, шаҳри Душанбе