arzon replenishment
Мадина Қурбонзода дар Ҷоми Осиё-2025 соҳиби медали тилло гардид
23.05.2025
Oila.tj
142

Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни 52 килограмм дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 байни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё-2025 аз намуди варзиши ҷудо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он 515 нафар варзишгарон аз 8 давлати ҷаҳон (343 мард ва 172 зан) бо ҳам сабқат менамоянд.

Мадина Қурбонзода хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ чанде пеш дар мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam-2025 медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД