arzon replenishment
Маҷбурӣ оилаи моро ҷудо мекунанд?
1031


Модари занам ба суди н. Фархор барои ҷудошавии оилаамон ариза додааст. Вақте ба суд рафтем, онҷо навиштаанд, ки гӯё бо ман зиндагии хуб надоштааст.

Ҳолати нохуби зиндагиро ба судя нишон додам, аммо судя ба мо муҳлати оштишавӣ дод. Чанд рӯз пеш аз мурофиа занам омаду изҳори пушаймонӣ кард ва гӯё ҳамаи ин корҳоро аз маҷбурӣ кардааст ва мехоҳад аз хонаводааш шикоят кунад, ки давоми ду моҳ зиндагиашро вайрон кардаанд.

Як рӯз соати 9-и шаб хонаводаи занам ба хонаи мо зада даромада, маро зери лату кӯб қарор доданд ва занамро бо худ бурданд. То имрӯз аз ӯ хабаре нест. Чӣ маслиҳат медиҳед?
М. П.
Вобаста ба масъалаи бе иҷозат ва бо зӯрӣ ворид шудан ба хонаатон ва шуморо лату кӯб кардани хонаводаи занатон метавонед ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоед. Чун дар ин ҳолат дахлнопазирии манзил ва ҳуқуқҳои шумо поймол карда шудаанд. Дар масъалаи нигоҳдошти оилаатон метавонед ба мақомоти бахши кор бо занон ва оила муроҷиат намоед ва ё ба милитсия ва прокуратура шикоят кунед. Чун дар ин ҳолат низ поймолшавии ҳуқуқҳо ба назар мерасад. Оила падидаи муқаддас мебошад ва касе ҳуқуқи маҷбуран вайрон кардани оилаҳоро надорад. Инчунин метавонед ба Бахши кор бо занон ва оилаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии мањалли зисти худ барои нигоҳ доштани оилаатон мурољиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД