arzon replenishment
Маҳбубаамро бо очаам чи хел оштӣ диҳам?
1307

 

Се сол боз бо духтаре ањди ишќу муҳаббат дорем. Духтари босавод, тањсилдида ва бисёр бомаданият аст.

Тамоми рафтору кирдораш ба ман писанд буда, ошиқи шайдояш ҳастам, зеро дар тӯли се сол ҳарфи бадеро аз забонаш нашунидаам. Мехоҳам риштаи тақдирамро бо ҳамин зебосанам пайвандам, вале модарам танҳо як маротиба дӯстдоштаамро дида, келин карданашро рад намуд. Мегӯянд, ки ин духтар устухон хӯрдагӣ барин хароб аст, яқин ягон беморӣ дорад. Дар ҳақиқат маҳбубаам химчамиён аст, вале ягон дард надорад. Ҳарчанд ба модарам мефаҳмонам, ки замони духтарҳои фарбеҳ кайҳогузаштааст ва имрӯз ҳама чунин паричеҳраҳои лоғарандомро ба занӣ мегиранд, ҳеҷ маро фаҳмидан намехоҳад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, беақлӣ карда ба дӯстдоштаам гуфт ам, ки модарам келини фарбеҳак мехоҳад ва лоғарандом буданашро дида, ӯро бемор гумон кардааст. Духтар инро ҳамчун таҳқир қабул карда, сахт ранҷид ва дигар бо ман гап задан намехоҳад. Ҳарчанд зорию тавалло карда мегӯям, ки ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медорам ва ҳаргиз партофтанӣ нестам, ду пояшро ба як мӯза андохта “модарат розӣ набошанд, мо ҳаргиз хушбахт шуда наметавонем. Маро келин кунанд ҳам, фардо сари ҳар қадам ба ҳар корам эрод мегиранд. Беҳтараш духтари мехостаи волидонатро ба занӣ бигир” мегӯяд.

Байни обу оташ монда, чи кор карданамро намедонам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, модарамро бо дӯстдоштаам чи хел оштӣ диҳам?
М. С, сокини шаҳри Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД