Ман Зоҳидова Шарофат, соли таваллудам 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошам. Се фарзанд, ду писару як духтар дорам. Писари калониам аз паи рӯзгори худаш аст.
Ҳамагӣ 500 сомонӣ маош мегирад, ки ба зиндагии худаш базӯр мерасад. Писари хурдиам маъюби гурӯҳи дуюм аст ва ба маъюбиаш нигоҳ накарда, боз кор мекунад. Худам ҳам маъюби гурӯҳи дуюм ҳастам. Нафақаи ночиз мегирем, ки ба рӯзгузаронӣ кифоягӣ намекунад. Ҳатто маблағе надорем, ки худамонро табобат кунем. Бар замми ин, писари хурдиам оиладор ва як фарзанд дорад, ки ҳамроҳи худам дар яке аз хобгоҳҳои шаҳр зиндагӣ мекунад.
Зиндагӣ дар хобгоҳ мушкил аст. Сарпаноҳ бошад ҳам, хонаи худамон нест. Ҳар лаҳза моро аз он ҷо берун карда метавонанд. Аз ҳамаи соҳибкорон ва нафарони хайрхоҳ хоҳиш мекунам, ки ба мо кӯмак кунанд, то каме ҳам бошад, қоматамонро рост кунем. Рақами телефон: 919135309