Парии орзуҳо
Муслима ном дорам. Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки падарам коргар асту модарам хонашин. Мусаллам аст, ки дар чунин хонаҳо зиндагӣ муқаррарӣ мегузарад. Чун духтари деҳотӣ ва аз оилаи эшонзодаҳо будам, ҳамеша аз чашми номаҳрамон дурӣ меҷустаму аз суҳбати бегонагон ҳазар мекардам. Баъди хатми мактаб хостгоронам зиёд буданд, вале падару модарам розӣ нашуданд. Волидонам мехостанд маро ба хонаводаи эшонзодае ба шавҳар диҳанд, то насли эшонзода буданамон аз байн наравад. Вақте як ҳамдеҳаамон барои хостгорӣ чанд маротиба омад, аз сабаби наздик будани хонаашон, ба умеди зуд-зуд ба хабаргирии онҳо омадан волидонам розӣ шуданд. Гӯё домодшаванда маро дидава “парии орзуҳо”-и худ меҳисобидааст. Ман низ розӣ шудам, чун боварӣ доштам, ки волидонам хушбахтии маро мехоҳанд ва ҳеҷ вақт духтарашонро ба оилаи пасту ношуд нахоҳанд дод.
Тӯйи бодабдаба ва худнамоӣ
Ҳарчанд падарам бо баҳонаи тайёр набуданашон рӯзи тӯйро ба ақиб мепартофт, вале падару модари шавҳаршавандаам мегуфтанд, ки ба онҳо ҳеҷ чиз лозим нест, бе мебелу қолину дигару дигар низ зиндагӣ карда мешавад. Курпаю колои бисёр ба кӣ даркор. Бо ҳамин, онҳо санаи тӯйро аниқ карданду рафтанд.Падарам аз чанд дӯсташ пул қарз гирифт, то як маъракаи хоксорона ороста, маро ба хонаи бахтам гусел кунад. Рӯзи тӯй ҳам фаро расид, тамоми хешу ақрабо ба хона омаданд. Дар хона нишаста, суҳбати пасту баланди духтаронро мешунидам, ки мегуфтанд “бе мебелу қолину курпачӣ гуна ба хонаи шавҳараш меравад?” Ба ин суханҳо аҳамият надодам, чун муҳимтар аз ҳам мехостам бо шавҳарам бахт ёбам, фикр мекардам, ки моли дунё ёфт мешавад. Хуллас, ба хонаи шавҳар рафтам. Тӯям чунон бо шукӯҳу бодабдаба гузашт, ки дугонаҳоям бо дидани хонаву дар ва дороии домодшаванда ба ҳайрат омаданд. Гӯё хушбахтӣ аз ҳаминҳо вобаста бошад. Вале ҳайҳот...
Рашки хушдоман
Вақте ба хонаи шавҳарам даромадем, хушдоманам аз ҳуш рафта буд. Ҳама он рӯз ин ҳолатро аз бедорхобӣ медонистанд, аммо баъдтар маълум шуд, ки ӯ ба писари худаш рашк мекардааст. Баъди тӯй вақте тамоми корҳоро ба анҷом расонида, ба назди шавҳарам даромаданӣ шудам, хушдоманам монеъ шуда, бо баҳонае маро ба назди худаш бурд. “Келин сарамро маҳс кун, мегӯянд дастонат нарм аст, шояд бо сабаби расидани дасти ту сарам аз дард монад”- гуфта, маро то як поси шаб назди худ нигоҳ дошт. Вақте ба назди шавҳарам рафтам, кайҳо хобаш бурда буд. Ин ҳолат зуд-зудтакрор меёфт. Рӯзе хушдоманам ҳамроҳи шавҳарам ба хонаи як хешашон ба тӯй рафт ва ҳамон рӯз ҳамсояи дасти ростамон холаи Бибигул дар дасташ лаълии ош вориди хона шуд. Зуд назди ҳамсоязан дастархон густурда, ӯро меҳмоннавозӣ кардам. Ҳамсоя гуфт :
-Духтарам, дидам, ки хушдоманат рафт, барои ҳамин омадам. Дар ҳаққаш ғайбат нашавад, бисёр зани бадрашк аст. Ҳатто ба писараш рашк мебарад, шавҳараш он тараф истад.
Баъди гусели ҳамсоя ба фикр фурӯ рафтам ва аз рӯзи ба ин хона қадам монданам, то имрӯз пеши назарам омад. Гапи ҳамсоя сад дарсад дуруст буд, сабаби ба шавҳарам наздик нашуданамро рашки хушдоманам донистам.
Хушбахтӣ дар тахт будааст, на дар бахт
Аз зиндагиям панҷ моҳ нагузашта, хушдоманам мегуфт, ки “падарат дигар ба ту мебелу қолин, чангкашаку мошинаи либосшӯӣ намеорад? Рав аз келинҳои ҳамсоя ёд гир, ки чӣ гуна падарумодарашон молу ҷиҳоз меоранд”.
Ман гуфтам, ки “падарам пул надорад, бекор аст, бар замми ин, қарзҳои тӯйро надодааст”
Хушдоманам гуфт:
-Ман ба қарздор будани падари ту чӣ кор дорам. Як умр писари ман дар рӯйи замини хунук хоб кунад мӣ? Чӣ коре мекунад намекунад, гап зан бароят мебел харида орад!
Дигар чӣ кор карданамро намедонистам. Баъзан шабҳо вақте ҳамроҳи волидонам суҳбат мекардам, дилам намешуд, ки дар ин бора гап занам.
Билохира, рӯзе ин гапро ба модарам гуфтам. Модарам гуфт, ки “охир хушдоманат худаш гуфта буд, ки ҳеҷ чиз даркор нест. Шароитамонро дида буд. Падарат ҳам аз кор мондааст. Як-ду сомоне, ки додарат Қурбон аз Маскав равон мекунад, барои зиндагиамон базӯр мерасад”. Аз як тараф модарам дуруст мегуфтанд. Охир, худашон зиндагияшонро базӯр пеш мебаранд, боз ман ба сарашон бори зиёдатӣ шудан намехостам. Ин навбат вақте хушдоманам пурсид, ҷавоби модарамро гуфтам. Хушдоманам чунон мағал бардошт, ки ҳеҷ ногуфтанӣ:
-Чӣ ман духтарашонро келин кардам гуфта, аз падару модарат қарздорам? Харида наметавонистанд, ба шавҳар намедоданд духтарашонро...
Дилам буғз гирифт. Наход одам то ҳамин дараҷа молдӯстдор бошад, ки чизу чораро аз инсон боло донад. Афсӯс, ки дар вақташ як телефон ёфта, суханони хушдоманамро, ки зоракунон: “ба ман танҳо духтари шумо лозим, мисли фарзанди худам дӯсташ медораму нигоҳубин мекунам” мегуфт, сабт мекардам.
Баъди як сол вақте дар моҳи нуҳуми ҳомиладорӣ қарор доштам, хушдоманам боз ҳам мегуфту мегуфт. Сабр мекардам, ба ҳар суханаш тоб меовардам. Кор ба ҷое расид, ки шавҳарамро ба миён андохт. Шавҳарам бошад, маро маҷбур мекард, ки “гуфтаҳои модарамро иҷро кун, волидонат бояд мебелу дигар ҷиҳоз биёранд”. Рафтори шавҳарам ба ман сахт мерасид. Маро медид, ки чӣ аҳвол дорам, вале парвое надошт.
Шавҳари занбоз
Муомилаи сарди шавҳарамро дида, дилам аз пешомади баде гувоҳӣ медод. То ин вақт ба куҷо рафтану омаданашро намепурсидам, вале акнун фаҳмидам, ки “зери коса нимкосае ҳаст”. Рӯзе шавҳарам телефонашро дар хона монду берун баромад. Бовар дошт, ки ман ба телефонаш даст намерасонам, ба он ҳатто рамз ҳам намонда будааст. Вақте ба ҷойи аксу наворҳо даромадам, ҳуш аз сарам парид. Шавҳари ман бо зани бегона, дар оғӯши якдигар, бӯсобусӣ...
Хулоса, ҳамааш бароям маълум гардид. Хостам даст ба худкушӣ занам, вале дилам барои волидонам сӯхт. Фикр кардам, ки беҳтараш талоқамро талаб намуда, ба хонаи падару модараммеравам. Шаб чизу чораамро ғундоштаму саҳарро интизор будам. Чун саҳар шуд, бо тарсу ҳаяҷон ба Умед гуфтам, ки “Ман аз ҳамаи кору бори ту бохабарам, маро талоқ деҳ, дигар чунин беилтифоту бидуни муҳаббат зиндагӣ кардан намехоҳам”. Умед сараввал хоболудона як ба ман нигоҳ карду гуфт:
-Чор тарафат қибла, рафтӣ рафтан гир, ба мисли ту садҳо нафари дигар ба оғӯшам медароянд,-чунон ба ғазаб омадам, ки мехостам ба рӯяш як шаппотӣ занам, вале панду насиҳатҳои падару модарам дар гӯшам садо медод. Буғчаи либосҳомро гирифтаму роҳ ба сӯи хонаамон пеш гирифтам.
Давом дорад.