Sebiston new 2024 october
Лутфулло Ҳисориев: Имрӯз касе бе пул кор намекунад
18.02.2024
ОИЛА
689

Фазои маҷозӣ, махсусан шабакаи Инстаграм ба мо кашфиёти зиёд медиҳад. Ин шабака ба мо шахсони соҳибистеъдод, гулҳои худрӯй, фикрдорону ақидасозон, ҳаҷвнигорону овозхонҳои сатҳҳои гуногунро ҳадя мекунад.

Чунончи блогери маъруф Лутфулло Ҳисориевро додааст, ки бо вуҷуди донишҷӯи курси чоруми факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданаш, имрӯз миёни корбарони шабакаи мазкур ҳамчун муаллифи наворҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ шинохта шудааст. Лутфуллоро дар Инстаграм зиёда аз 92 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд, зери наворҳояш “лайк” монда, шарҳ менависанд ва ҳатто бархеашон онҳоро барои худ нигоҳ медоранд.

Мо бо Лутфулло дар бобати ворид шуданаш ба блоггинг, мушкилоту муваффақияти блогерӣ дар Тоҷикистон, даромади блогер, андозбандии блогерон, мавзӯъ ва мундариҷаи наворҳо, ғолиби озмун шуданаш ва ғайраҳо суҳбат кардем, ки ҳамакнун манзури шумо мегардад.

- Лутфулло, суҳбатамонро аз саволи маъмулӣ оғоз мекунем. Шумо чӣ гуна блогер шудед?
- Аз кӯдакӣ орзуи машҳур шудан дар дили ман буд. Мехостам мардум маро ҳамчун шахси маъруф дар фазои интернет шиносанд. Ба гумонам ин ҳолат дар аксари кӯдакону наврасон ҳаст, аммо бархеҳо машҳур мешаванду баъзеи дигар не.
- Муносибати атрофиён ба шумо ҳамчун блогер чӣ гуна аст?
- Наздикон, хешу табор, ёру рафиқон, ҳатто устодони донишгоҳ бо ман ҳамчун блогер муносибати хуб доранд ва маро дар ин соҳа дастгирӣ мекунанд.
- Барои эҷоди муҳтаво чӣ лозим аст?
- Барои сохтани “контент” пеш аз ҳама идеяи хуб, нутқи бурро, истеъдод ва технологияи нав даркор аст. Инҳое, ки номбар кардам, аз ҷумлаи заруртаринҳоянд. Ва боз метавон либос, макони сабт, ороиши макон ва ғайраҳоро ном бурд.
- Барои омода кардани як навор чанд сомонӣ сарф мекунед?
- Агар ба ҳисоби миёна гирем, аз 1000 то 1300 сомонӣ барои сабту банду баст кардани як видео сарф мешавад.
- Мавзӯъҳои наворҳои шумо асосан тарбиявӣ-маънавиянд. Бигӯед, ки чаро чунин мавзӯъҳоро интихоб мекунед?
- Шумораи зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонону наврасон мебошанд ва сабаби маҳз дар мавзӯъҳои тарбиявию маънавӣ навор кардани ман ҳам дар ҳамин аст, ки каме ҳам бошад, ҷавонони мо рӯ ба ашъори гузаштагонамон биёранд ва аз наворҳои тарбиявии ман то андозае ғизои маънавӣ гиранд.
- Сенарияҳои саҳнаҳои шуморо кӣ менависад?
- Сенарияҳоро худам менависам ва мусиқию макони сабт низ интихоби худам ҳастанд.
- Наворҳои шумо асосан бо иштироки духтарон ҳастанд, оё дар ин ҳамкориҳо пул ҷой дорад? Яъне, шумо пул медиҳед, то ки онҳо дар наворҳои шумо нақш офаранд?
- Бале, ба наворбардор ва духтароне, ки нақшофарӣ мекунанд, маблағ дода мешавад. Чунки имрӯз касе бепул кори касеро анҷом намедиҳад. Кори блогерӣ ё худ дар саҳнаҳо иҷрокунандаи нақшҳо ҳоло барои қисме аз ҷавонони мо василаи пешбурди зиндагист.
- Дар як озмуни Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон бо навори "Насли Истиқлол"-атон ҷойи якумро гирифтед, чӣ гуна он наворро омода кардед ва оё бовар доштед, ки чунин мешавад?
- Дар муддати 2 рӯз мо навори мазкурро омода кардем. Аввал матн навиштем, сабту танзим намудем, дар ин кор студияи овозадори “Panjsher Media” ба ман ёрӣ расонд. Ростӣ, ман боварӣ доштам, ки ягон ҷойи намоёнро ишғол мекунам, аммо сазовори ҷойи якум шуданро ҳатто фикр намекардам. Шукр, ки ба ин ҷода расидем ва наворҳои мо ба мардум писанд меоянд.
- Чанде пеш маросими “Блогери сол” барпо шуд, шумо дар кадом номина будед ва чаро ҷое нагирифтед?
- Мутаассифона, дар ягон номинаи озмуни мазкур набудам ва сабаби набудани номам дар ин озмунро намедонам.
- Дар хориҷа, дар мисоли Русия хонаҳои махсус ҳастанд, ки онҳоро хонаҳои “TikTok” мегӯянд. Дар он хонаҳо продюсерон бачаҳоро ҷамъ карда, барои комёбӣ дар блоггинг гурӯҳӣ кор мекунанд. Дар мо ҳоло чунин гурӯҳҳо нест, оё имкони ташкил кардани чунин макон вуҷуд дорад?
- Ман ба фикру боваре ҳастам, ки дар Тоҷикистони азизи мо имконияти ташкил кардани ҳама чиз ҳаст, зеро ин давлати ҷавон асту ҷавонпарвар. Бинед, аллакай Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ташкил шудааст ва шояд чунин хонаҳои блогерон, ки махсус барои пешрафти блогерон бунёд мегарданд, ташкил шаванд.

- Як ҷиҳати мусбат ва манфии блогерӣ дар Тоҷикистон кадом аст?
- Ҷиҳати мусбати блогерӣ дар Тоҷикистон ҳамин аст, ки давлат барои мо ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст. Албатта, ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Ростӣ, ҷиҳати манфиро ҳоло ман надидаам, ҳамааш хуб аст.
- Ба андешаи шумо блоггинги мо чӣ мушкил дорад?
- Мутаассифона, имрӯзҳо дар блоггинги тоҷик ҷавононе дида мешаванд, ки дар наворҳояшон аз суханҳои қабеҳ истифода мебаранд, ба иззати нафси бархе мерасанд ва ё ҳастанд ҷавононе, ки мазмуну муҳтавои наворҳояшон хуб нест.
- Кумитаи андоз хабар дод, ки дар соли гузашта блогерони тоҷик 2,5 млн сомонӣ андоз супурдаанд, оё шумо ҳам андоз месупоред?
- Бале, ман фаъолиятамро бо ҳама меъёрҳо ба роҳ мондаам ва ҳамчун блогер дар мақомоти андоз худро ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта, аз даромад андоз месупорам.
- Андоз ба блогерон вазнинӣ меорад?
- Барои он блогероне, ки начандон аудиторияи калон доранд, фикр мекунам, то андозае вазнинӣ меорад.
- Дар ҳоли ҳозир бо даромади блогерӣ зиндагиро пеш бурдан имкон дорад?
- Ба фикри ман не. Агар зиёда аз 300-400 ҳазор обуначии фаъол дошта бошӣ, каму беш зиндагиро аз ҳисоби блогерӣ пеш бурдан мумкин аст, аммо тавре медонед, шумораи ками блогерон бо чунин теъдод пайрав доранд.
- Ба фикри шумо блогерони пешқадами Тоҷикистон ҳоло киҳоянд?
- Аз нигоҳи ман блогерони пешқадами кишвар ҳозир гурӯҳи “Zanjabil bro”, Зафар, ки бо тахаллуси Hoji ZZ маъруф аст ва Саидакрам Шукуров мебошанд.
- Чӣ одатҳои бад доред?
- Зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ яке аз одатҳои бади ман аст.
- Пас аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисос кор мекунед?
- Албатта. Ният дорам баъди анҷоми таҳсил ва ба даст овардани диплом аз рӯйи ихтисос кор кунам.
- Чӣ нақшаҳо доред?
- Нақша дорам, ки аудиторияи худро боз ҳам васеътар ва наворҳои тарбивӣ, вадандӯстӣ ва маънавиро бештар кунам.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД