Commerce bank may-june 2026
Лоиҳаи "Выжить в Таджикистане" роҳандозӣ карда мешавад
30.06.2026
Oila.tj
121

Бо мақсади муаррифии табиати нодиру дороиҳои фарҳангии Тоҷикистон, муҳити орому осоишта, имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва истироҳатӣ, инфрасохтори пешрафтаю замонавӣ лоиҳаи телевизионии байналмилалии "Выжить В Таджикистане" роҳандозӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, барои амалӣ намудани ин иқдом аз 30-юми июн то 1-уми июли соли 2026 ҳайати намояндагони "Газпром-Медиа Холдинг” аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор доранд.

- Имрӯз, 30-юми июн вохӯрии расмии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳайати болозикр сурат гирифт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили мухталифи равобити фарҳангӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори назар карданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД