Бо ташаббуси Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ҳунарманди флейтанавози маъруфи турк, дотсент, доктор Леля Байрамоуллари, ки узви оркестри симфонии давлатии шаҳри Анталия мебошад, барои бошандагони Муассисаи тарбиявии ноболиғон дар шаҳри Душанбе дар пойтахти Тоҷикистон аз классикони ҷаҳонӣ ва композитсияҳои ҳунармандони турк консерт дод.
Дар барномаи таҳти унвони "Консерти идона" дар чаҳорчӯби тарҳи масъулияти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби ТИКА баргузор гардид, Байрамоуллари дар зиёфати мусиқии худ аз классикони ҷаҳонӣ ва композитсияҳои ҳунармандони туркро пешкаш намуд. Инчунин, ҳунарманд порчаи тоҷикии «Республикаи ман»-ро низ иҷро карда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт.
Байрамоуллари дар изҳороти худ дар робита ба ин чорабинӣ гуфтааст, ки бори аввал ба Тоҷикистон омадааст ва дар чаҳорчӯбаи масъулияти иҷтимоӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон консертҳо додааст.
Байрамоуллари дар изҳороти худ гуфтааст: “Бори аввал дар як муассисаи тарбиявӣ консерт додам. Ман кишварамро дар тамоми қитъаҳо намояндагӣ мекунам ва ҳар гоҳе, ки ба ягон кишвар сафар мекунам, машҳуртарин оҳангҳои он кишварро менавозам. Ҳамчунин мехоҳам қайд намоям, ки мо бо онҳо бо як забон ҳарф мезанем. Ин яке аз фаромӯшнашавандатарин консертҳои ҳаёти ман буд. Нигоҳҳои ҳайратангези кӯдаконро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам”.
Ба чорабинии дар Муассисаи тарбиявии ноболиғони шаҳри Душанбе баргузоргардида Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ва масъулини маҳаллӣ иштирок намуданд.