Маҳсулоти лозима:
Манго - 1 дона
Афлесун - 1 дона
Лимон - 1 дона
Спрайт - 1 литр
Барги пӯдина
Пораҳои ях - 4-5 дона
Тарзи таҳия:
Дар блендер мангоро реза карда, меандозем, баъд шарбати онро дар графин мегирем. Оби 1 пораи лимон ва афлесунро ҷаббида ба он илова менамоем. Пӯдинаро реза карда меандозем ва хуб омехта мекунем. Аз болояш нӯшокии спрайт ва 4-5 дона пораҳои ях андохта, мемонем каме истад, то ки лаззати меваҳо барояд, баъдан онро дар истаконҳо гирифта, нӯши ҷон мекунем.