Мушкиле ки ҳар соли нави таҳсил пайдо мешавад ва то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст, интихобу харидории оибосҳои мактабӣ аст.
Омили харидор пайдо накардани либосҳои ягонаи мактабиро волидон дар сифати маҳсулот мебинанд. Мардум аллакай соли гузашта ин таҷрибаро доштанд ва намехоҳанд, ки имсол низ маблағи худро ба либосҳои пастсифат сарф кунанд.
Тавсияи либоси мактаби барои духтарон
Барои духтарон домани сиёҳ ё кабуди сиёҳранги аз матои пахтагин дӯхташудаи аз зону поён, куртаи остинкӯтоҳ ва остиндароз, костюми сиёҳ ё кабуди сиёҳранг ва ё камзулча (жакет)-и ҳамранги доман, рӯймоли миллӣ пешниҳод шудааст.
Духтарон метавонанд ба мўйи худ лентаи ороишии сафед, сурху кабуд банданд, пойафзоли якранг ва мувофиқ ба сарулибос пӯшанд.
Барои духтарони синфҳои 1–4-ум пешдоман (фартук), нишони созмони талабагӣ ва галстуки созмони талабагӣ тавсия мегардад.
Тавсияи либоси мактаби барои писарон
Барои писарон шиму костюми сиёҳ, камзулча (жакет)-и ҳамранги шиму костюм, куртаи сафед ва ё кабуди осмониранг, пойафзоли якранги ба сару либос мувофиқ тавсия шудааст.
Барои писарону духтарон дар мактаб пӯшидани чиҳо манъ шудаанд?
- ба дарс омадан бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);
- бо либосҳои нимбараҳна, даридаю шикофтаи мӯдшуда;
- бо либосҳои ғайримиллии хоси фарҳанги бегона, дорои ҳар гуна навиштаҷот ва парчаму рамзҳои дигар давлатҳо (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, либосҳои варзишӣ ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои дароз);
- овехтани зиёда аз як гӯшвор, гӯшвори калон ва дароз;
- либосҳои сунъии қиматбаҳо;
- бо рангу бори лаб ва абрӯву чашмон;
- бо нохунҳои дароз ва рангкардашуда;
- бо расму тасвирҳои дар дасту пой ва бадан холкӯбӣ шуда;
- овехтани ҷавоҳирот дар бинию гардан, дасту пой ва абрӯву пешонӣ;
- насби ороишоту сангҳо дар либосҳои мактабии тавсияшуда;
- мӯйи дароз ва риши расида;
- бо пойафзолҳои кӯчагӣ, ба монанди калуш ва ғайра.
Пӯшидани сару либоси мактабӣ барои хонандагони деҳот ихтиёрӣ аст. Яъне, онҳо метавонанд ҳам бо либосҳои расмии мактабӣ ва ҳам бо куртаву поҷомаи миллӣ ба дарс раванд.
Либоси мактаббачаҳо аз кадом намуди матоъ омода мешавад?
Дар интихоби рангу матоъ, нақшу нигор, тарзи дӯхт ва пӯшидани либосҳо стандарти муайян муқаррар гардидааст.
Либосҳои мазкур бояд аз матоъҳои пахтагину пашмин ва абрешимин омода карда шаванд. Барои нарасонидани таъсири манфӣ ба саломатии кӯдакон истифодаи либосҳое, ки аз матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) омода карда мешаванд, тавсия дода намешавад.