Соли 2022 аз рӯйи тақвими Шарқӣ соли паланг мебошад. Дар байни 12 ҳайвоне, ки ба тақвими Шарқӣ роҳ ёфтаанд, паланг аз ҳама ҳушёр ва зирак буда, шоҳи ҳайвонот ба ҳисоб меравад.
Паланг рамзи ҷасорат, қудрат ва зебоӣ буда, қувваҳои сиёҳ ғайрати бо паланги бадхашму тездандон панҷа заданро надоранд, аз ҳамин хотир дар соли нави 2022 шумо худро дар амон ва осуда эҳсос хоҳед кард, аммо набояд фаромӯш кард, ки ба паланги нозуктабъ на ҳар чиз писанд меояд. Барои он ки соли нав бароятон барору муваффақият оварад, бари базми идона либосеро интихоб кардан лозим аст, ки ба ҳокими соли 2022, яъне ба ПАЛАНГ писанд афтад.
Ривояте вуҷуд дорад, ки паланг мехост тақвими шарқӣ маҳз аз ӯ оғоз ёбад, чунки дар байни 12 ҳайвони интихобшуда аз ҳама пурқувват ва зебою чусту чолок аст, вале мӯши зирак ҳамаро фиреб карда, зинаи аввалро соҳиб шуду барзагов бо шохҳои тезаш имкон надод, ки паланг ба зинаи дуюм барояд. Албатта паланг бо мӯш барин чонвари хурду назарногир панҷа заданро ба худ эб намедид, вале дар дилаш нисбати барзагов кина гирифта, аз ҳамон замонҳо ба гову буққа нафрат дорад.
Ин ривоятро ба он хотир ёдрас шудем, ки соли нави 2022-ро бо либоси дар базми солинавии 2021 пӯшида пешвоз гирифтан мумкин нест. Барои истиқболи соли паланг бояд либоси махсус интихоб намоед.
Либоси идона барои мардҳо
Тавре ки аллакай ёдрас шудем, паланг рамзи қудрат ва ҷасорату мардонагӣ буда, масхарабозиро дӯст намедорад. Аз ҳамин хотир ба мардон маслиҳат медиҳем, ки барои ҷашни солинавӣ либосҳои бо усули классикӣ духташударо интихоб намоянд. Фаромӯш накунед, ки паланг ранги сиёҳро чандон хуш надорад, бинобар ин, шиму костюми малла, хокистарӣ ва ё қаҳваранг пӯшед, беҳтар аст. Барои ҷаззобтар намудани либосашон мардҳо метавонанд аз зажимҳои махсур барои галстук истифода баранд.
Либоси идона барои бонувон
Тарроҳони машҳур ба хонумҳо дар соли паланг пӯшидани либосҳои синтитикиро тавсия намедиҳанд. Паланг шоҳи ҳайвонот буда, табиати зиндаро дӯст медоранд, бинобар ин, либосҳои аз матоъҳои табиӣ духташударо интихоб намоед. Фаромӯш накунед, ки дар соли 2022 танҳо либосҳои занонаи аз абрешим, чарм ва замш дӯхташуда мӯд мешаванд.
Дар базми солинавӣ чи гуна либос ба бар намудан ба синну сол ва касбу кори бонувон вобастагӣ дорад. Занҳои хонашин метавонанд куртаи атлас ба бар намоянд. Атласи рах-рах ба паланг писанд меояд, зеро то андозае ба пӯсти паланг монандӣ дорад. Рангҳои кабуду сафед дар либоси шумо бештар бошад, беҳтар аст. Атласи кабуд пӯшед, нӯран алонӯр мешавад.
Ба хонумҳои коргар ва бонувоне, ки либосҳои аврупоиро хуш доранд ва мутобиқи мӯд пӯшиданро дӯст медоранд, тавсия медиҳем, ки пироҳанҳои (платье) қаҳварангро интихоб намоянд.
Куртаи идонаи шумо метавонанд ба шапарак монандӣ дошта бошанд, вале пӯшидани домони чокаш аз ҳад зиёдро маслиҳат намедиҳем. Аввалан, ҳарчи набошад, мо мардуми тоҷик ва мусалмон ҳастему набояд шарму ҳаёи шарқиёнаро фармӯш намоем, баъдан дар шаби соли нав шумораи мардони масту аласт дар кӯчаҳо меафзояд ва домони чокаш аз зону боло пӯшида, шумо таваҷҷӯҳи чунин мардони айшпарастро ба худ ҷалб карда метавонед.
Хонумҳое, ки шиму костюмро дӯст медоранд, метавонанд дар базми солинавӣ либоси писандидаи худро ба бар намоянд, аммо дар ин ҳолат ҳатман аз гарданбанд, мӯҳраю марҷон, марворид, сарсӯзанӣ ва дигар ороишот истифода бурдан лозим , то назокати занонаи шуморо таҷаллӣ диҳад.
Ногуфта намонад, ки шиму костюми солинавии хонумҳо бояд ранги равшан дошта бошад. Дар маҷмӯъ дар соли 2022 ба бонувон пӯшидани либосҳои рангашон зард, сабз, кабуд, осмонӣ ва қаҳраваранг тавсия дода мешавад.