Commerc banl
Либоси нав пӯшидан дар Иди Фитр савоб аст?
20.03.2026
Oila.tj
29

Мегӯянд, ки дар рӯзҳои иди мусалмонӣ, махсусан дар Иди Фитр пӯшидани либоси нав савоб аст. Мехоҳам донам, ки ин гап ягон асос дорад ё не?

МАЪРУФ, ш. Ваҳдат

Посух:

- Бале, яке аз анъанаву суннатҳои неки аҷдодиамон дар рӯзҳои Иди Рамзон пӯшидани либоси нав мебошад, вале ин маънои онро надорад, ки шахсони имконияти харидани либоси нав надошта худро ҳиҷил эҳсос намоянд. Муҳимаш он аст, ки либоси шумо тозаву озода бошад. Фарди мусалмон бояд худро ороставу пероста намуда, атру хушбӯӣ пошад ва бо шодию нишот ба намози ид равад. Пас аз намоз ҳатман ба табрики ҳамсояҳо, хешутабор ва дӯсту ошно рафтан лозим аст.

Бояд гуфт, ки шодиву хурсандӣ кардан дар рӯзҳои ид дар замони паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) низ маъмул будааст. Дар як ривоят аз Оишаи Сиддиқа омадааст, ки рӯзе назди ӯ ду духтарак - Ҳамома ва Зайнаб сурудхонӣ мекарданд. Дар ин вақт паёмбар аз дар даромаданд ва ба як паҳлу дароз кашиданд. Баъд аз он Абубакри Сиддиқ даромаданд ва сурудхонии духтараконро дар ҳузури паёмбар Муҳаммад дида, духтари худро сарзаниш карданд. Ҳазрати Муҳаммад бо хитоб ба Абубакри Сиддиқ гуфтанд: «Ба онҳо чизе магӯ!».

Иди Азҳо расму оини Халили Озар аст,

Иди Фитр андар шариат суннати пайғамбар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД