Formula novemver 2024
Либоси мотамӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
1589

 

Шаби гузашта хоб дидам, ки дар танам либоси мотамӣ дорам ва бо чашмони пур аз ашк ба куҷое рафта истодаам. Ростӣ баъди дидани чунин хоби нохуш ба ташвиш афтодам, ки ягон фоҷиа рӯй надиҳад. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Муниса аз шаҳри Кӯлоб

Посух

Пӯшидани либоси мотамӣ дар хоб маънои онро надорад, ки ба сари шахси хобдида ягон фалокат ё мусибат меояд. Мотам дар хобномаҳо ба таври гуногун таъбир карда шудааст.

Зан ё марди ошиқ хоб бинад, ки дар танаш либоси мотамӣ дорад, байни ӯ ва шахси дӯстдоштааш нофаҳмӣ ба миён омада, аз рӯйи рашк ё бо ягон сабаби дигар ҷангу ҷанҷол мекунанд. Дар сурати ба эҳсосот дода шудан кор то ба ҷудоӣ расида метавонад.

Зани танҳо хоб бинад, ки либоси мотамӣ пӯшидааст, бадхоҳонаш дар бораи ӯ ягон овозаи нохуш паҳн мекунанд ва азоби рӯҳӣ мекашад. Мотам ва либоси мотамӣ дар хоб метавонад нишонаи худро дар зиндагӣ танҳо эҳсос намудани шахси хобдида низ бошад. Дар баъзе хобномаҳо либоси мотамӣ пӯшидан дар хоб чун нишонаи барор нагирифтани корҳои шахси хобдида тасвир ёфтааст.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар шахс ҷаноза ва мотам хоб бинад, ягон хабари нохуш ба гӯшаш расида, ғамгин мешавад.

Дар хоб аз паси тобут равӣ, хабари бемории дӯст ё шиноси наздикат ба гӯшат мерасад. Чунин хоб таъбири дигар низ дошта метавонад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар кас ҷанозаи шахси наздикашро хоб бинад, яке аз одамони наздикаш хона, мошин ё ягон чизи дигари қимматбаҳоро ба ӯ мерос мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД