Sebiston new 2024 october
Либоси кӯдакона хоб бинӣ, бачадор мешавӣ ё бой?
3227

Шаби гузашта хоб дидам, ки ба як мағозаи калони замонавӣ даромада, якбора чанд намуд куртачаю либосҳои зебои кӯдакона харидам, вале баъд якбора чизҳои харидаамро гум кардам. Мегӯянд, ки чизеро аз даст додан дар хоб хосияти хуб надорад. Мегуфтед, ки хоби дидаи ман чӣ таъбир дорад?

Моҳҷабин, хонандаи "Оила"

Аслан либоси кӯдакона дар хоб ба ташвишҳои оилавӣ рабт дорад, вале ҳамааш аз он вобаста аст, ки маҳз чӣ боиси чунин хоб дидани шахс гаштааст. Занҳо бештар вақте либоси кӯдакона хоб мебинанд, ки дар як кунҷаки дилашон орзуи соҳиби фарзанд шудан шӯълавар мегардад.

Духтари ҷавон чунин хоб бинад, ба зудӣ дари бахташ кушода шуда, марди орзуҳояшро пайдо мекунад ва соҳиби фарзанд мегардад, вале мард хоб бинад, ки либоси кӯдакона харида истодааст, аз ӯҳдаи бо сари баланд иҷро кардани вазифаи масъуле, ки бар дӯшаш гузошта мешавад, намебарояд ё азобу машаққати зиёде мекашад, то он корро сомон диҳад.

Таъбири хоб бештар ба он вобастагӣ дорад, ки барои чи кӯдаке либос мехаред, масалан барои тифлакони навзод либос харидан дар хоб чандон фоли нек нест.

Хоб бинед, ки барои навзод либоси гарми зимистона харида истодаед, ба саратон ягон ташвиш ё мушкилӣ меояд. Эҳтимол байни шумо ва ҷуфтатон нофаҳмӣ сар зада, азоби рӯҳӣ кашед ё дар ҷойи кор гапатон бо роҳбаратон гурехта, асабонӣ мешавед.

Харидани либоси тобистона барои тифли навзод аз сабукфикрии шахси хобдида дарак медиҳад. Аз содагии худатон шумо метавонед ба гирдоби мушкилиҳо гирифтор шавед.

Дар мағозаи либосҳои кӯдакона гаштугузор намуда, бо диққат тамоми либосҳоро аз назар гузаронидан ва ниҳоят чизҳои дилхоҳӣ худро пайдо кардан дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида одами ҷиддӣ буда, устувориаш ба ӯ дар расидан ба қуллаи орзуҳо кӯмак мерасонад. Касе, ки чунин хоб дидааст, ба чӣ коре, ки даст назанад, кораш барор гирифта, муваффақ мешавад.

Хоб бинед, ки барои харид ба мағозаи либосҳои кӯдакона даромадед ва фурӯшанда дар итихоби либос ба шумо ёрӣ расонида истодааст, бо шахсе ошноӣ пайдо мекунед, ки барои амалӣ гаштани орзуҳоятон ба шумо ёрӣ мерасонад.

Бе кӯмаки дигарон либоси беҳтаринро интихоб намоед, кори наве, ки оғоз мекунед,бобарор гашта, ба шумо фоидаи зиёде меорад.

Дар хобатон касе аз хешу табор ё дӯсту ошноёнатон ба шумо либоси зебои духтарона туҳфа кунад, бою бадавлат мешавед. Эҳтимол дар бозии лоторея бурд мекунед ё чизи гаронбаҳоеро ба шумо мерос мегузоранд.

Дар хобатон ба шумо либоси бачагона тақдим кунанд, бе кӯмаки дигарон, танҳо бо қувваи худатон боигарӣ ба даст оварда, сазовори обрӯ ва эҳтиром мегардед.

Аммо гум кардани чизҳои харидашуда дар хоб чандон фоли нек нест. Эҳтиёт бошед,зеро байни шумо ва шахси дӯстдоштаатон аз рӯи рашк моҷаро сар зада метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД