Лаҳзаи ҳалкунанда барои вокуниши Тоҷикистон ба ВНМО дар заминаи коҳиши ҷаҳонии маблағгузорӣ
81

Имрӯзҳо ҷаҳон бо мушкилоти ҷиддитарин дар вокуниш ба ВНМО дар даҳсолаҳои охир рӯ ба рӯ шудааст. Гузориши ЮНЭЙДС ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо БПНМ 2025 - «Барҳам додани душвориҳо, табдил додани чораҳои вокуниш ба БПНМ» ҳушдор медиҳад, ки дар сатҳи ҷаҳони кумаки берунӣ дар соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2023 тақрибан 30-40% коҳиш ёфтааст. Ин коҳиши ногаҳонӣ пешгирӣ, табобат ва хизматрасониҳои ҷомеавиро дар бисёр кишварҳои дорои даромади паст ва миёна ноустувор кард. Оқибатҳои манфӣ дар ҳамаи кишварҳо дида мешаванд, вале махсусан дар кишварҳое, ки вокуниши онҳо ба ВНМО бо ҳамбастагии ҷаҳонӣ вобастагии зич дорад.

Тоҷикистон яке аз чунин кишварҳост. Тақрибан 60% вокуниши он ба ВНМО аз ҷониби шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад ва то аввали соли 2025 панҷяки ин маблағҳо аз ҷониби Ҳукумати Амрико (PEPFAR) меомад. Коҳиши ногаҳонӣ ва бошиддат низоми вокуниши миллиро осебпазир гузошт. Хизматрасониҳое, ки мардум, махсусан гурӯҳҳои осебпазир ба онҳо такя мекарданд, ҳоло дар хатар қарор доранд. Моделсозии (пешгӯии) мутахассисони маҳаллӣ нишон медиҳад, ки коҳиши маблағгузории беруна ба 10-20% метавонад боиси афзоиши ҳолатҳои нави сироят то 135% ва афзоиши марг то 5% гардад. Солҳои пешрафт ва дастовардҳо метавонанд зуд зери хатар қарор гиранд.

Аҳамияти ин масъала махсусан баланд аст, зеро пешрафти Тоҷикистон, гарчанде воқеӣ бошад ҳам, ноустувор боқӣ мемонад. Фавти марбут ба ВНМО аз соли 2020 ду баробар коҳиш ёфтааст. Дар соли 2025, ҳукумат бо ҷудо кардани маблағҳои дохилӣ барои хариди 10% доруҳои зиддиретровирусӣ қадами муҳим гузошт. Дар кишвар роҳхаритаи устувории вокуниши ВНМО ва Барномаи нави миллии ВНМО таҳия шудаанд. Ин нишонаи иродаи қавӣ ва пешбарии давлат мебошад. Аммо агар гузариш ба сӯи устуворӣ маҷбурӣ, хеле зуд ё бидуни дастгирӣ сурат гирад, бе муваффақият мемонад. Қатъи ногаҳонии кумаки байналмилалӣ метавонад норасогиҳои муҳимро боқӣ гузорад, ки буҷетҳои миллӣ онҳоро зуд пур карда наметавонанд.

Ин хатар барои созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон ба одамоне, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд, одамоне, ки аз маҳбас озод мешаванд, оилаҳои муҳоҷир, заноне, ки бо хушунати гендерӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва сокинони минтақаҳои дурдаст хадамот мерасонанд, аз ҳама бештар зоҳир мешавад. Ташкилотҳои ҷомеавӣ на танҳо хизмат мерасонанд, балки боварӣ ва эътимодро низ фароҳам меоранд, ки дар шароите, ки 97% занони мубталои ВНМО статуси худро пинҳон мекунанд ва 64%-и онҳо аз табъиз, аз ҷумла дар муассисаҳои тиббӣ, хабар медиҳанд, хеле муҳим аст.

Дар вокуниши ВНМО ҷомеаҳо як унсури изофагӣ нестанд; онҳо дар маркази вокуниш қарор доранд. Бидуни ҷомеаҳо, гурӯҳҳои зиёде дастрасӣ ба санҷиш, пешгирӣ ё табобат пайдо карда наметавонанд. Аммо маҳз хизматрасониҳои ҷомеавӣ аз коҳиши маблағгузорӣ зарар диданд. Гурӯҳҳои ҷомеавӣ дар саросари кишвар фаъолияти худро маҳдуд карда истодаанд ва дар баъзе ҳолатҳо омодаанд барномаҳоро пурра қатъ кунанд. Аз даст рафтани ин хизматрасониҳо барои ҳазорон нафар оқибатҳои фаврӣ ва барои мубориза бо эпидемия оқибатҳои номатлуби дарозмуддат хоҳад дошт.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки вақте ки давлат, низоми ҷомеа ва шарикони рушд дар ҳамбастагӣ фаъолият мекунанд, пешрафт имконпазир аст. Барои нигоҳ доштани дастовардҳо ва суръати мубориза, кишвар ба барномаҳои устувори пешгирӣ ниёз дорад, аз ҷумла: коҳиши зарар, рифолаҳо, пешгирии пеш аз тамос (PrEP) ва хизматрасониҳои ба ҷавонон нигаронидашуда ва ҳамзамон ба таҳкими чораҳои ҷомеавӣ ва ҳамгироии бештар. Маблағгузории дохилӣ бояд ба таври пешбинишаванда мунтазам афзоиш ёбад. Бояд эътироф кард, ки дастгирии байналмилалӣ наметавонад якбора нопадид шавад. Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ заруранд, зеро тамға, табъиз ва қонунҳои ҷазодиҳанда то ҳол ба муроҷиати мардум барои кумаки тиббӣ монеъ мешаванд ва эпидемияро шадидтар мегардонанд.

Буҳрони ҷаҳонии маблағгузорӣ як ҳушдор аст: пешрафт ҳеҷ гоҳ ҳамчун кафолат дода намешавад. Инчунин, он ёдраскунандаи чораҳои муфид мебошад. Сармоягузорӣ ба ҷомеаҳо, пешгирӣ, табобат ва эътирофи ҳуқуқи инсон ҳаёти одамонро наҷот медиҳад. Тоҷикистон омода аст Роҳхаритаи вокуниши устувор ба ВНМО ва Барномаи милли муқовимат ба ВНМО-ро қадам ба қадам амалӣ гардонад, аммо он наметавонад ин амалро бе дастгирӣ анҷом диҳад. Шарикони байналмилалӣ бояд дастгирии худро аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва сиёсӣ таъмин намоянд, то гузариш ба вокуниши устувори миллӣ ҳам муваффақ ва ҳам бехатар бошад.

Аз байн бурдани эпидемияи БПНМ дар Тоҷикистон имконпазир аст. Ҳоло ҳамбастагӣ, уҳдадорӣ ва азму ирода барои таъмини кафолат заруранд, то ки пешрафт дар лаҳзаи муҳим аз даст наравад.

Парвати РАМАСВАМИ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД