Барои кӯдакон дар давраи таътили тобистона 24 лагер кушода шуд. Тибқи иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳҳои мазкур наврасон ба таври ройгон дам гирифта метавонанд.
Лагерҳои тобистона то 10-уми июн барои қабули кӯдакон омода мешаванд. Ин истироҳатгоҳҳо дар минтақаҳои зерин қарор доранд:
- дар вилояти Суғд 10 истироҳатгоҳ;
- дар атрофи Душанбе 7 истироҳатгоҳ;
- дар ВМКБ 5 истироҳатгоҳ;
- дар вилояти Хатлон 2 истироҳатгоҳ.
Ёдрас мешавем, ки тобистони соли гузашта дар 25 истироҳатгоҳ зиёда аз 9,2 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуда буданд.