Sebiston new 2024 october
КӮЗАПУШТРО ГӮР РОСТ МЕКУНАД(ҚИСМИ 4)
4891


Идомааш...

Тоҳир «дадаҷон” гӯён, давида ӯро аз замин бардошт, вале шавҳарам ману писарашро ҳамоғӯш дида, аллакай дилкаф шуда мурда буд. Ману Тоҳир талхакаф шуда чӣ кор карданамонро намедонистем. Ман зор-зор гиря мекардам, Тоҳир бошад, сарашро дошта аз шиддати асабоният мӯйҳояшро қабза-қабза канда мегирифт. Ниҳоят вай каме ба худ омада гуфт:

-Кори шудагӣ аллакай шуд, дигар аз гиряву нолаи ту ягон фоида нест. Фиқ-фиқатро мону зуд хеста хонаро ба тартиб биёр, то аз кори ҳароми кардаамон ягон нишон намонад. Ман падарамро бурда дар хонаи хоби ҳардуятон дар болои кат мехобонам. Ту сару рӯятро ба тартиб дарору баъд ҳамсояҳоро ҷеғ зан. Мегӯӣ, ки ман дар ошхона наҳорӣ тайёр карда истода будам, Мавлон либосҳои корияшро мепӯшид. Наҳорӣ тайёр шуду аз шавҳарам дарак нашуд. Ба кор дер намонад гуфта ба хонаи хоб ӯро ҷеғ заданӣ рафтам ва дидам, ки чунин фалокат рӯй додааст.

Ман ҳамоно ҳунгосзанон гиря мекардам. Тоҳир ба рӯям як шаппотии обдор зад. Як қад парида ба худ омадам.

-Ту чӣ бо фиқ-фиқи гиряат ҳама корро расво кардан мехоҳӣ?!-Бонг зад Тоҳир,-Худатро ба даст гир, вагарна чӣ тавр асли гапро ба мардум гуфтанатро худат нафаҳмида мемонӣ. Дониста мон, мабодо ба ягон кас лаққида монӣ ё бӯяшро пай баранд, ҳардуямон ба зиндон меафтем. Ман ба хотири айши пургуноҳи бо ту рондаам, шармандаи ин дунёву охират шуданӣ нестам, дониста мон, агар сиррамонро фош кунӣ, худам бо ҳамин дастонам туро буғӣ карда мекушам!

Мазҳакаи зани мотамзада
Таҳдиди Тоҳир маро ба худ овард. Эҳсос намудам, ки агар сабаби аслии марги шавҳарам овоза шавад, ҳардуямон дар байни мардум расвою радди маърака мешавем, бинобар ин, тамоми маҳоратамро ҷамъ карда аз худ зани мотамзада сохтам. Нақшамро чунон моҳирона бозидам, ки касе аз хешу табори шавҳарам ва ҳаққу ҳамсояҳо ба зани вафодор будани ман шубҳа накард. Ҳама афсӯс мехӯрданд, ки бахт ба рӯйи мани сағераи бетақдир нахандида дар ҷавонӣ ягона пушту паноҳам, шавҳарамро аз даст дода бева мондам, дили мани “мотамзада” бошад, нағмаи дигар месуруд. Чашмонам пур аз ашк буданд, вале танам беқаророна фаро расидани шабро интизорӣ мекашид, то боз аз навозишҳои сеҳрангези Тоҳир лаззат бубарад. . Шавҳарамро ба хок супоридем, аммо хешовандони наздикаш то маъракаи ҳафт дар хонаи мо монданд. Хона пур аз меҳмон бошад ҳам, мани ба зино хӯгирифта пайти муносиб меҷустам, то ба васли Тоҳир комёб гардам. Ҳамин ки лаҳзае хилват ёфтам, зуд ӯро ба хилватгоҳ мекашидам ва дастонамро ба ларданаш ҳалқа карда, лабони ташнаамро бар лабонаш мениҳодаму девонавор ба ӯ мечаспидам. Тоҳир маро маломат мекард, ки чунин беақлона рафтор накунам, мабодо касе дида монад, расво мешавем, вале ман қудрати лаҷом задани нафси саркашро кайҳо аз даст дода будам.

Фирори Тоҳир
Маъракаҳои мотамиро гузарондем. Хешовандони шавҳарам рафтанду хона хилват шуд. Дигар касе монеи айшу ишрати пургуноҳи мо гашта наметавонист. Мани ба муроди дил расида Тоҳирро на шаб ором мегузоштам, на рӯз, намедонам кадом ҷин ба ман асар карда буд, ки ҳеҷ кирми нафсам аз ишқварзӣ серӣ надошт. Акнун Тоҳири ҷавону пурқувват ҳам маро қонеъ карда наметавонист. Гаштаю баргашта аз ӯ ишқварзӣ талаб карданам шояд ба дили ошиқи ҷавонам зад, ки аз ман пинҳонӣ билет харида аз Тоҷикистон рафт.

Аниқтараш фирор кард. Аз ман ва шайтони лаъини дар вуҷуди ман ҷойгирифта, ки ӯро торафт бештару бештар ба ботлоқи ҳароми зинову гуноҳ тела мекард.

Бозичаи мардони занбоз
Азбаски шавҳарам дигар ягон меросхӯр надошт, хона ва тамоми дороияш ба ман монд. Аз раҳматӣ пулу мол ва зару зевари зиёде монда буд, мероси аз шавҳарам боқимондаро як умр хӯрам ҳам адо намешуд. Ба ҷойи ман зани дигар мебуд, худоро шукр гуфта шоҳона зиндагӣ мекард, вале мани беандеша баъди фирор кардани Тоҳир ҳам гиребони тавба надоштам. Бо ҷойи он ки ба тоату ибодат машғул шуда аз Парвардигор омӯрзиши гуноҳҳоямро талаб намоям, мани беақл хонаи шавҳарамро ба фоҳишахона табдил додам. Аз муовини шавҳарам сар карда, то оддитарин пешхизмати тарабхона ҳар марди ба назарам гарм намударо бо ягон баҳона ба хонаам даъват карда, зиёфат медодам ва шаб то саҳар лаззати оғӯшашро мечашидам. Оҳиста-оҳиста овозаи бадгаштиам дар тамоми шаҳр паҳн шуд. Ҳамсояҳоям кӯшиш мекарданд, ки рӯяшон ба рӯйи ман назанад, баъзе ҷавонзанҳо аз тарси он ки мабодо шавҳаронашонро ба доми худ наафтонам, хонаашонро фурӯхта ба ҷойи дигар кӯчиданд...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД