Formula novemver 2024
Куштори ваҳшиёнаи зан ба хотири пул
1046

Қарз гирифтан солҳои охир дар байни аҳли ҷомеаи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз бонк қарз мегирад, дуюмӣ аз хешу табор, саввумӣ аз дӯсташ.

Албатта осон кардани мушкили шахси дигар кори савоб аст, вале баъзан моҷарои қарз боиси сар задани фоҷиаҳои хунин мегардад. Ҳодисаи нохуше, ки дар ноҳияи Кӯшониёни Вилояти Хатлой рӯй доддаст, делели равшани ин гуфтаҳост.

Дар ноҳияи Кушониён ҳодисаи даҳшатборе ба вуқуъ пайваста, як зани ҷавон ба дасти дугнааш ба таври ваҳшиёна кушта шудааст.
Бино ба гузориши масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Кушониён, рӯзи 22-юми октябр ба шӯъбаи милитсияи ноҳия аз беморхонаи марказӣ занги телефонӣ шудааст, ки як занро бо аломати марги маҷбурӣ овардаанд. Кормандони милится дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти прокуратураи ноҳия гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӣ ташкил карда, аз пайи ошкор кардани ин ҷинояти вазнин шуданд.
Дар натиҷаи маълум гашт, ки зани кушташуда сокини 36-солаи ҷамоати шаҳраки Бӯстонқаълаи ҳамин ноҳия, Наргиза Юнупова будааст.
Қарзи сархӯр
Дар урфият гуфтаанд: “Бовар макун ба дӯстат, коҳ ҷой кунад дар пӯстат”. Ин мақолро дар куштори Наргиза ёдовар шудан бамаврид аст, зеро ин зани содадил ба дугонааш Муноҷотхон Абдулманнонова чанд маротиба 5 ҳазору 10 ҳазор ва дар маҷмӯъ 95- ҳазор сомонӣ қарзи бефоиз дода, билохира ҳамин некиҳояш балои ҷони худаш гаштааст. Вақте ки ба худи Наргиза пул лозим мешавад, вай аз дугонааш хоҳиш мекунад, ки маблағи қарз гирифтаашро баргардонад, вале ба ҷойи пулро баргардонидану раҳмат гуфтан Муноҷотхон бо қасди нопок ба манзили Наргиза омада, ба қафаси синаи соҳибхоназан 6 корд зада, Наргизаро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат мерасонад.
Ин зани носипос баъди куштани дугонааш, ки ба ӯ некии бузурге карда, бе фоиз пули калон қарз дода буд, ҷойи ҳодисаро тарк карда ба шаҳри Душанбе меояд.
Муноҷотхон боварӣ дошт, ки бо гурехтан аз макони ҳодиса ин сир пинҳон хоҳад монд, кормандони милитсия дар кӯҳтоҳтарин муддат парда аз рӯи ин ҷинояти вазнин бардоштанд ва Абдулманноноваро аз ҳудуди пойтахт боздошт намуданд.
Гумонбар пурра ба ҷинояти содир кардааш иқрор шуда, кай, дар куҷо ва чи гуна куштани дугонаашро нақл кардааст.
Айни замон нисбати Муноҷотхон Абдулманнонова бо моддаи 104-и конеси Ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД