toyota motors
Куштори бераҳмонаи як ронандаи таксӣ дар Ёвон
08.04.2026
Oila.tj
318

Дар ноҳияи Ёвон ҷасади ронандаи 38-солаи таксиро пайдо кардаанд, ки бо 9 зарбаи корд ба қатл расонида шудааст.

Ҷисми беҷони Лутфулло Сафаровро, ки дар ширкати таксии “3333”-и Ёвон фаъолият менамуд, сокинони маҳаллӣ рӯзи 4-уми март, тахминан 6 километр дуртар аз маркази ноҳия аз заминҳои кишоварзӣ пайдо кардаанд.

Тавре падари марҳум Лутфулло Сафаров - Сайфулло Сафаров гуфтааст, писараш рӯзи 3-юми апрел, пас аз нисфирӯзӣ ба кор баромада, пас аз соати 18:00-и бегоҳ телефонаш хомӯш шудааст. Субҳи 4-уми апрел ҳамсараш занг зада гуфтааст, ки Лутфулло шаб ба хона наомад ва аҳли оила ба таҳлука афтода, аз паси ҷустуҷӯ шудаанд. Баъдан маълум шудааст, ки тахминан соати 17:30 ду нафар ба мошини Лутфулло нишаста, хоҳиш кардаанд, ки онҳоро ба деҳаи Дастгирак барад, аммо субҳи рӯзи дигар ҷасади ронандаро бо 9 захми корд 6 километр дуртар аз заминҳои кишт пайдо кардаанд. Аз ҷумла ба пушти гардани ронанда 3 корд задаанд, аммо пул ва ҳуҷҷатҳояшро нагирифтаанд.

Падари марҳум гуфтааст, ки қотилон бо мошини писараш аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд ва мақомот як хонандаи синфи 11-и деҳаи Дастгиракро бо гумони ба қатл расонидани Лутфулло Сафаров боздошт кардаанд.

Падари марҳум зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки ҷавони ноболиғ наметавонист ба танҳоӣ ин корро анҷом диҳад ва ба тахмини вай қотилон 2-3 нафар будаанд.

Мақомот ёфт шудани ҷасади таксистро тасдиқ намуда бошанд ҳам, гуфтаанд, ки ҳанӯз касе ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт нашудааст.

Марҳум Лутфулло Сафаров 38-сола, оиладор ва падари 4 фарзанд будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД