Дар ноҳияи Деваштич (собиқ ноҳияи Ғончи)-и Вилояти Суғд якбора 2 зан ба дасти 1 марди бехирад ба таври ваҳшиёна кушта шуданд. Занҳои қурбони ҷаҳли мард гашта, ҳарду аз як хонавода буда, ба сифати фаррош кор мекардаанд...
Хабари куштори бераҳмонаи 2 зани фаррошро дар ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд Спутник-Тоҷикистон нашр кардааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, кушташудагон аъзои як оила буда, ба сифати фаррош кор мекардаанд ва рӯзи 20-июл аз ҷониби як корманди кумитаи ободонии ноҳия ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шудаанд.
Саҳобиддин Мунавваров ҳамчун гумонбар дар куштори бераҳмонаи ин ду зани фаррош аз ҷониби мақомот боздошт шудааст, вале маълум нест, ки чаро ин корманди кумитаи ободонӣ ба занҳои фаррош ҳамла карда,онҳоро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст.
Ба иттилоъи манбаъ, он рӯзи наҳс занҳо бехабар аз тақдири талхе, ки ҳардуро интизор аст, барои поккории бинои идораи заминсозӣ рафтаанд ва ҳангоми машғули шустушӯй буданашон Саҳобиддин Мунавваров, корманди идораи ободонӣ ҳозир шуда, ҳардуро ба таври бераҳмона ба қатл расонидааст.
Айни замон нисбати саҳобиддин Мунавваров аз ҷониби додситонӣ бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори ду шахс парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишоти сабабҳои ин ҳдисаи хунин идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ба Саҳобиддин Мунавваров барои куштани ду нафар то 25- соли зиндон ва ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.