Кормандони милитсия дар ноҳияи Муминободи вилояти Хатлон мардеро бо гумони одамкушӣ дастгир кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, боздоштшуда Ҳабибуллои Хайрулло, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Муминобод буда, санаи 25-уми сентябри соли равон соати 18:00 дар маркази деҳа дар заминаи хусумати қаблӣ бо Бобоҷони Бобохони Зарифзод, соли таваллудаш 2000, сокини деҳаи Дӯстӣ, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, муноқиша намуда, бо корди хоҷагии дар даст доштааш як маротиба ба қафаси синаи мавсуф задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбати Ҳабибуллои Хайрулло бо гумони одамкушӣ бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.