Аҳмад - амакро дар деҳа ҳамагӣ чун марди некӯ, омӯзгори ҳалиму меҳрубон ва ба касби худ содиқ мешинохтанд. Оилаи ӯ низ ҳамчун оилаи хушбахт, солим ва намунавӣ дар деҳа эътироф шудаанд.
Ҳамсараш - холаи Мастура ҳарчанд ҳамкурсаш буду маълумоти олӣ дошт, ҷое кор намекард ва танҳо ба кору бори хонаву тарбияи фарзандон машғул буд.
Оилаи амак
Амаки Аҳмад чор духтар дошта, фарзанди панҷумашро интизор буд. Онҳо шабу рӯз аз Худованд хоҳиш мекарданд, ки ин навбат барояшон писаре ато намояд, то оянда ҷонишини падар гардад.
Ниҳоят баъди интизории зиёд фарзанди панҷуми онҳо ба дунё омад. Хилофи интизориҳои зиёдашон ин дафъа ҳам кӯдакашон духтар буд. Амаки Аҳмад аз ин туҳфаи илоҳӣ руҳафтода нашуду бештар аз ин фарзандони худро таълиму тарбия намуда, зиндагиашонро идома медод.
Холаи Мастура ҳамаи корҳои рӯзғору зиндагиро ба духтаронаш меомӯзонд, то дар оянда модари хушсавод ва кордону уҳдабаро шаванд. Онҳо доимо даст ба дуо аз Худованд талаб мекарданд, то ба онҳо писаре ато кунад, ки дар зиндагӣ дастёри падараш бошад.
Тавлиди шербача
Пас аз чанд соли интизориҳо холаи Мастура боз ҳомиладор шуд. Ин дафъа дуояшон мустаҷоб гашту ӯ писарчаи зебоеро ба дунё овард. Шодиву хурсандии ин хонадонро ҳадду канор набуд. Худоро беадад шукр мегуфтанд, ки дуову илтиҷои онҳоро беҷавоб намонда, писарбачаи зебоеро барояшон ато кард. Падар ба писараш Муҳаммад ном ниҳод. Муҳаммад аз хурдӣ бачаи зираку ҳушёр буд. Падар бисёр мехост, ки писараш дар ҷамъият соҳибэҳтиром бошад.
Дар ин миён холаи Мастура бемор шуд. Баъд аз табобати зиёд ӯ ҳарчанд шифо ёфт, аммо ба гуфти табибон дигар тавалуд карда наметавонист. Акнун таъмини оила душвортар мешуд, зеро Мастура дигар имкони иҷрои корҳои хонаро надошт.
Даъвои вазифа
Аз байн 10 сол гузашт. Рӯзе Аҳмад - амакро ба Шуъбаи маъорифи ноҳия даъват карданд. Ба ӯ гуфтанд, ки “мо мехоҳем роҳбарии муассаи таълимии деҳаатонро ба шумо супорем, чунки шумо нафаре ҳастед, ки дар байни ҳамкорон соҳиби эҳтироми хосед ва дар деҳа низ мардум шуморо эҳтиром мекунанд”.
Амаки Аҳмад ба мудири Шуъбаи маориф гуфт, ки “ман намехоҳам вазифи каси дигареро гирам ва ё нони касеро аз даҳонаш кашам. Роҳбари пештара - Назаралӣ Одинаев чӣ? Чаро ӯро аз вазифа гирифтед? Мудир дар ҷавоб “ ӯ хатоҳои зиёд кардааст ва мо бо баҳонаи ба нафақа рафтанаш ӯро аз кор озод мекунем”.
Қасос ва ҷанг
Назаралӣ Одинаев дар ҳамсоягии Аҳмад зиндагӣ мекард. Ӯ марди дағал, бадзабон ва кинагир, инчунин майнӯш буд. Ҳар рӯз аз хонаи ӯ суханҳои қабеҳу дашномҳои болохонадор ба гӯш мерасид. Ҳатто дар муассиса ҳамаи омӯзгорону хонандагон хислатҳои бади ӯро нағз медонистанд, чунки барои оддитарин камбудиҳо ба сари коллектив дод зада, доимо онҳоро танбеҳ медод.
Рӯзи дигар кормандони Шуъбаи маъориф ба муассисаи таълимии онҳо омада, муаллими Аҳмадро директори мактаб таъин карданд. Тамоми омӯзгорону хонандагон аз шунавидани ин хабар ниҳоят хушҳол шуданд. Барои Назаралӣ аз даст додани мансаб вазнин афтод ва дар дилаш нисбати муаллими Аҳмад кинаву адоват пайдо шуд. Назаралӣ акнун муаллими қаторӣ буд ва ҳар рӯз арақ нӯшида, ба хонаи муаллими Аҳмад омада, ҷангҷол мебардошт. Ҳатто дар маъракаҳо кӯшиш мекард, то сархамаш намояд.
Аҳмад ҳарчанд аз ин амалҳои Назаралӣ нороҳат мешуд, аммо боз чашм пӯшида, аз пайи ободии мактаб шуда, дар охири соли хониш онро таъмир намуд ва ниҳоят бо талошҳои зиёд ба мактаб мизу курсиҳои нав овард. Вақте ӯ роҳбарии мактабро бар уҳда гирифт, дар баъзе синфхонаҳои таълимӣ мизу курсиҳо намерасиданд. Баъди ин қадар ободиҳо оташи кинаву хусумат дар дили Назаралӣ бисёртар аланга мезад. Ӯ намедонист, ки чӣ гуна пеши роҳи Аҳмадро гирад, то алами дилаш пасттар шавад.
Хусумати хонаводагӣ
Муҳаммадҷон низ оҳиста – оҳиста ба воя мерасиду акнун дар кӯча бозӣ карда мегашт. Назаралӣ борҳо ӯро дар кӯча беҳудаву баҳуда мезад ва ашки чашмонашро мерезонд. Ҳатто боре муаллими Аҳмад ба Назаралии дар оташи кинаву хусумат сӯхта ба забони ором фаҳмонд, ки ин корҳояш аз доираи ҳамсоягӣ ва инсонӣ берун аст. Вале Назаралии бадкина ба ҷойи узрпурсӣ бо муаллими Аҳмад даст ба гиребон шуда, ӯро дашномҳои зиёд дод.
Назаралӣ чор писару се духтар дошт. Се писараш муҳоҷир буда, дар Федератсияи Русия кор мекарданд. Писари хурдиаш дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар таҳсил мекард. Дар соли сеюми таҳсилаш ӯро барои бадахлоқӣ ва ғоиби зиёд доштан аз донишгоҳ хориҷ карданд. Назаралӣ маблағи зиёд дода, дигарбора писарашро ба донишгоҳ барқарор кунонд, аммо дар марҳилаи дуюми соли сеюми таҳсил ӯро боз хориҷ карданд.
Хуршед, писари калонии Назаралӣ аз муҳоҷират баргашт. Баъди омадани ӯ оташи деги хусумати Назаралӣ аланга заду муаллими Аҳмадро дар пеши писараш бад кард ва гуфт, ки маҳз ӯ сабаби аз вазифа рафтани падари пираш шудааст. Акнун дар дили ӯ низ нисбат бо хонаводаи муаллим хусумат пайдо шуд. Ӯ доим ба духтарони Аҳмад - амакро гап партофта, дар ҳаққашон суханҳои қабеҳ мегуфт, вале бо ин ҳама оташи дилаш паст намешуд.
Аз таҳдид то латукӯб
Як рӯзи фасли баҳор Хуршед ба якчанд ҷавон ба ивази як миқдор маблағ ва ваъдаи таъмин бо кор дар Русия супориш дод, ки шабона Муҳаммадҷони писари муаллими Аҳмадро латукӯб кунанд ва баъд аз ҷои ҳодиса гурезанд, то онҳоро касе нашиносад. Ҳамон бегоҳ худаш билет гирифта, ба Русия рафт.
Муҳаммадҷон шаб аз обмонии заминашон бармегашт, ки аз рӯбарӯяш чанд ҷавони руйҳои худро пӯшонида баромаданду пеши роҳашро гирифтанд. Муҳаммадҷони 12 – сола аз тарс рӯи худро пинҳон кард, то мабодо дар вақти ҳамла ҷавонон ба рӯяш назананд. Онҳо кӯдаки бечораро мурданивор лагаткӯб карда, гурехтанд. Бечора писарбача бо як азоб ба хона расид.
Падару модараш аҳволи ӯро, дида фавран ба пурсупос даромаданд. Бо ин роҳ онҳо мехостанд гунаҳкорони ҷароҳатбардории писраашонро фаҳманд. Муҳаммадҷон нақл кард, ки чӣ тавр шахсони номаълум ӯро заданд. Амаки Аҳмад дарҳол пайхас кард, ки ин кори кист, вале чизе нагуфту ҳамааш хуб мешавад гуфта, ба хонаи дарун гузашт.
Давом дорад ...
P. S: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа намоед.