goodwell
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода паёмадҳои боришоти шадидро бартараф кард
01.05.2026
Oila.tj
88

30-юми апрели соли 2026 дар натиҷаи боришоти пуршиддат, борони сахт ва жолаборон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои обхезӣ ва сел ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, қувва ва воситаҳои Кумита фавран ба ҷойи ҳодисаҳо сафарбар гардида, бо истифода аз техникаи махсус ва таҷҳизоти обкашӣ корҳои бартарафсозиро оғоз намудаанд.

Шаҳри Душанбе

Ноҳияи Сино

Дар натиҷаи боришоти шадид ва жола об ба як қатор манзилҳои истиқоматӣ ва иншоот ворид гардидааст. Аз ҷумла, таҳхонаи таваллудхонаи шаҳрии №1, хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Н. Махсум (8/2, 8/3, 8/4), зери кӯпруки кӯчаи Шамсӣ дар ҳудуди тарабхонаи «Арбат», кӯчаи Зафар, хонаи №11, инчунин манзилҳо дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрии №14 зери об мондаанд. Гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва наҷотдиҳандагони Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ бо таҷҳизоти махсуси обкашӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, обро аз таҳхонаҳо ва ҳудуди зарардида хориҷ намудаанд.

Ноҳияи Шоҳмансур

Дар натиҷаи боришот таҳхонаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ пур аз об гардидааст. Гурӯҳи наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси обкашӣ обро пурра бартараф намудаанд.

Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Меҳробод - Обшорони ҷамоати деҳоти Чоряккорон лойоба ба 6 замини наздиҳавлигӣ ва 2 таҳхона ворид гардидааст. Дар деҳаи Чоряккорон-дара ба 3 замини наздиҳавлигӣ обу лойқа расидааст. Инчунин ба бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 обу лойқа ворид гардидааст. Дар деҳаи Шайнаки Чинори ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ба 1 замини наздиҳавлигӣ, 1 иншооти ёрирасон (оғилхона), нуқтаи сӯзишворӣ, корхонаи хиштбарорӣ ва зиёда аз 50 сотих заминҳои кишоварзии ҶДММ «Раҷабалӣ Давлат» зарар расидааст. Дар кӯчаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Навобод ба 5 замини наздиҳавлигӣ ва 2 таҳхона, дар кӯчаи Котибон ба 6 замини наздиҳавлигӣ, 1 таҳхона ва 7 хонаи истиқоматӣ обу лойқа ворид гардидааст. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият бурда, ҳаҷми зарарро муайян намуда истодааст.

Шаҳри Ҳисор

Дар деҳаи Ҳафттеппаи ҷамоати деҳоти Ориён сел аз таллу теппаҳо фаромада, роҳи мошингузари ҷамоатро дар масофаи тақрибан 200 метр бо лойқа пур кардааст. Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисии экскаватор ва 1 адад мехлопата роҳ пурра тоза гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин карда шудааст. Дар деҳаи Ободдараи ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91 обу лойқа ворид гардида, хонандагон сари вақт ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.

Вилояти Хатлон

Ноҳияи Ҳамадонӣ

Дар деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати деҳоти Чӯбек бар асари бориши зиёд аз таллу теппаҳо сел фаромада, ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лойқа ворид гардида, зарар расонидааст. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса кору фаъолият намуда, ҳаҷми зарари расидаро муайян карда истодааст.

Ноҳияи Данғара

Дар ҷамоати деҳоти Корез сел фаромада, зиёда аз 30 хонаи истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар зери таъсир қарор гирифтаанд. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сангтӯда низ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лойқа ворид гардида, зарар расонидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият бурда, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.

Вилояти Суғд

Шаҳри Исфара

Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳр сел аз самти Ҷумҳурии Қирғизистон фаромада, дар натиҷа ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва кӯпруки мошингузари болои маҳаллаи Навобод зарари ҷиддӣ расонидааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса кор бурда, ҳаҷми зарарро муайян менамояд.

Ноҳияи Б. Ғафуров

Дар деҳаҳои Охчашма, Қурғонча ва Султонободи ҷамоати деҳоти Исмоилӣ бар асари бориши зиёд ва жола аз таллу теппаҳо сел фаромадааст. Дар натиҷа ба заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, 5 гектар замини гандум, 1,5 гектар замини картошка, 20 гектар замини пахта ва боғҳои мевадиҳанда зарар расидааст. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият намуда, ҳаҷми зарарро пурра муайян карда истодааст.

Вазъи гидрологӣ ва роҳҳо

Сатҳи оби дарёҳо таҳти назорати доимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қарор дошта, ҳолатҳои хавфнок ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи шоҳроҳҳо ва ағбаҳои ҷумҳурӣ кушода буда, ҳаракати нақлиёт таъмин мебошад.

- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода назорати шабонарӯзиро идома дода, барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва таъмин намудани амнияти аҳолӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад,- меафзояд КҲФ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД