Arzon march 2024
Кумитаи меъморӣ сабаби пасту баланд будани нархи хонаро дар пойтахт шарҳ дод
285

Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди баланд будани нархи манзил дар шаҳри Душанбе сухан гуфт.

“Хонаҳое, ки баъзе вазорату идораҳо барои кормандонашон бунёд менамоянд, қиматашон бо дарназардошти нархи аслии ҳар як метри квадратии манзил муайян карда мешавад, аз ҳамин хотир нисбатан арзонтар мебошанд. Аммо хонаҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ бунёд карда мешаванд, нархашон қиматтар аст, зеро соҳибкороне, ки бо сохтмони биноҳои истиқоматӣ машғуланд, вазифадор ҳастанд, ки сокинони хонаҳои вайрон мекардаашонро дар бинои нав бо манзили зист таъмин намоянд. Дар баробари ин нархи масолеҳи сохтмонӣ дар бозор ба инобат гирифта мешавад. Албатта ҳамаи ин ба нархи манзил таъсир мерасонад...”,- зикр намуд ӯ.

Мирзозода гуфт, ки ба ҳисоби миёна имрӯз 1 метри мураббаъ манзил дар шаҳри Душанбе 780 доллари амрикоӣ арзиш дорад, вале нархи манзил дар ноҳияҳои гуногуни шаҳри Душанбе аз ҳам фарқ мекунад. Дар ноҳияи Фирдавсӣ агар як метри мураббаъ манзил дар ошёнаҳои аз 7 болотар 650 доллари амрикоиро ташкил диҳад, пас дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ он ба 850 доллар баробар аст. Нархи манзил дар шаҳр ба мавсим низ вобастагӣ дорад, маъмулан дар фасли тобистон масолеҳи сохтмонӣ зиёд ва арзишаш пасттар шуда, нархи хона низ арзонтар мешавад.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар қиёс бо дигар пойтахтҳои ҷумҳуриҳо дар шаҳри Душанбе нархи манзил чандон баланд набуда, барои сокинон дастрас мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД