Arzon accountant
Кумаки техникии ТИКА ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон
16.08.2024
PROMO
891

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи мазкур таҷҳизоти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зериобӣ тақдим намуд, ки дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ истифода мешаванд.

Таҷҳизоти техникии тақдимгардида, аз қабили робот-наҷотдиҳанда, дрони зериобӣ, маҷмӯаҳои ғаввосӣ ва дигар таҷҳизоти ғаввосӣ барои истифода дар амалиёти зериобӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Дар маросими супурдани таҷҳизот, ки дар бинои Кумита баргузор гардид, раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ва Ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал ширкат варзиданд.

Раиси КҲФ ба шарикон барои таҷҳизоти техникии тақдимгардида изҳори сипос намуда, таъкид намуд, ки таҷҳизоти мазкур дар корҳои наҷотдиҳӣ бешубҳа саҳм гузошта, ба кори кормандони воҳидҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми иҷрои корҳои ғаввосӣ мусоидат хоҳанд намуд. Инчунин қайд намуд, ки «кумаки техникии расонидашуда, пеш аз ҳама барои беҳтар кардани кор дар самти расонидани кумак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ зарардида кумаки муҳим аст».

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар ва Ҳамоҳангсози Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон ҷаноби Ибраҳим Этҳем Унал зимни суханронии худ изҳор доштанд, ки Туркия азм дорад фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳад.

Таҷҳизоти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии зериобии ба Кумита супоридашуда инчунин аз он ҷиҳат муҳим ба шумор мераванд, ки Кумита чунин навъи таҷҳизотро бори аввал соҳиб шуд. Дар оянда низ давом додани ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзишҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

2

3

4

photo_2024-08-16_11-12-30

photo_2024-08-16_11-12-37

photo_2024-08-16_11-12-49

photo_2024-08-16_11-12-45

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД