Маҳсулоти лозима:
- 1 дона – тухм
- 80 грам – шакар
- 60 грам – равған
- 200 грам – шир
- 30 грам - какао
- 5 грам – ванелин
- 7 грам – маводи кововккунанда
- 110 грам – орд Барои ороиш:
- 150 грам – дилала
- 180 грам – шири хунук
- Какос
Тарзи таҳия: Дар зарфе аввал тухм, шакар ва ванелинро якҷоя карда бо миксер лат мезанем, баъдан ба он равған, шир, какао, маводи ковокунанда ва орд илова карда, боз бо миксер 5 дақиқа лат мезанем.
Тобаро дар оташи паст мемонем, то ки гарм шавад ва кулақандҳоро мепазем.
Ҳамаи кулчақандҳои пухтаамонро қад карда мемонем ва гармогарм болояшонро мепушонем, то ки нашикананд.
Барои ороишаш дилала ва ширро якҷоя карда то сахт шудани малҳам(крем) бо миксер лат мезанем.
Ба байни кулчақандҳо малҳам молида, ҳар якашро дар какос тар мекунем. Ба ҷойи какос аз писта ё чормағз истифода баред ҳам мешавад.
Дар охир ба болои кулчақандҳо шоколади ошкардаамонро рехта, онҳоро оро медиҳем. Иштиҳои том!