Formula novemver 2024
Кулчақанди лимӯдор бо ҷем
1595

Маҳсулоти лозима:

310 г орд, 200 г маргарин, зардии 1 дона тухм, 100 г хокаи шакар, пӯчоқи лимӯ, каме намак, 60 г ҷеми дилхоҳ.

Тарзи таҳия:

Дар зарфе орду хокаи шакар, пӯчоқи лимӯ ва намакро омезиш дода, ба он зардии тухмро илова кунед. Баъдан маргарини мулоимшударо андохта, зуд хамирро омезиш диҳед. Онро ба даруни плёнкаи хӯрока печонида, дар яхдон 30 дақиқа нигоҳ доред. Хамири сардшударо ба қисмҳои баробар ҷудо карда, ҳар кадомашро кулчача кунед.

Кулчачаҳоро дар лаълии тафдон чида, байнашро чуқур кунеду ба он ҷем андозед. Кулчақандро дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 15 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД