arzon replenishment
Кулбаи вайронаю писари “нимкушта” ва ҳазору як дарди Оиша
1670


“Шавҳарамро куштанду бо ду кӯдаки хурдсол бева мондам. Ба хотири он ки духтарчаҳоям дар кӯча намонанд, ночор ба як марди аз худам 35-сол калон ба шавҳар баромада, аз ноҳияи Панҷи Вилояти Хатлон ба шаҳри Конибодом омадам.

Хаёл мекардам, ки марди солхӯрда ба қадрам расида, маро бо фарзандонам тоҷи сар мекунад, вале хаёлам хом баромад. Аз рӯзе, ки ба Конибодом омадам, рӯзам ба рӯзи саг баробар шуд. Дар зиндагӣ ранҷу азобҳи бисёре кашидам, вале тамоми дарду доғам-бахти дубораю алами мусофирғ, дӯрӣ аз додару хоҳар, камбағалию хрию зриҳоям як сӯ шуду дарди ҷигарсӯзи худкушии духтари 18-солаам як сӯ...”-сарнавишти талхашр бо чашми шашқатор қисса карда мегӯяд Оиша Шокирова.

Аз рӯйи нақли ин зан, вай аз рӯзи аввал аз бахт наосудааст. Шавҳари якумаш ҷавонмарг мешавад ва Оиша бо ду духтарчаи хурдсол дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мемонад. Азбаски саводу маълумоти олӣ ва касбу ҳунар надошт, ба хотири фарзандонаш ба як марди калонсол ба шавҳар баромада ба шаҳри Конибодом меояд. Зан гумон мекунад, ки бо шавҳар кардан тамоми мушкилоташ ҳал мешавад, вале издивоҷ бо марди сохӯрда ба марди Оиша даво нагашта, ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш дар зиндагӣ ранҷу азобҳои бисёре мекашанд. Маҳз бо сабаби ҳамин душвориҳи ҳаёт духтари калониаш, ки бо ҷавоне фтиҳа шуда буд ва бояд тӯйи арӯсиаш барпо мегашт, як рӯзи наҳс даст ба худкушӣ зада, дар дили Оиша доғи абадӣ мегузорад. Аз як тарафи ғами худкушии духтари гуларӯсаш, аз ҷониби дигар дарду алами камбағалӣ Оишаро обу адо намуда, дар ҷавонӣ пир кардааст.
Як духтарам ҷавонмагу дуюмаш бадбахт шуд
Як духтарам худкушӣ кард, духтари дуюмам сиёҳбахт гашт ва бо ду кӯдак аз шавҳараш ҷудо шуда омад, рӯзе, ки ман дорам, илоҳо душмани кас набинад. Ҳоло ҳамроҳи духтари бе бахт, ду набераи зиндаятим ва писарам дар як кулбаи вайрона зиндагӣ мекунем, ки одамони бой дар чунин ҷой ҳатто сагашонро намебанданд...
Метарсам, ки хона дар болоямон чаппа мешавад
Оиша мегӯяд вазъи манзили зисташ бениҳоят хароб аст ва аз он ҳарос дорад, ки ягон рӯз ин кулбаи фақирона дар болояшн чаппа нашавад.
“Чанд рӯзи охир боронгарӣ сар шуда, бом ва дару девори хонаам нам кашидааст. Ҳамин ки борон ба боридан сар кард, якбора аз чанд ҷойи боми хонаи ларзонакамон ба болои сарамон об чакидан мегирад. Дегу корсону сатилҳоро дар ҳар гӯша мемонем, ки борони аз бом мечакида ба фарш рехта ҳама ҷо тар нашавад, вале бо ин роҳ хонаро аз намӣ ҳифз карда намешавад, чунки аз бехи тирезаву байни деворҳо ҳам об мешорад. Манзиламон ончунон хунук аст, ки вараҷа гирифтагӣ барин, бадани кас дарақ-дарақ меларзад. Набераҳои ятимам худашонро ба ҷандапораҳои зиёде печида хоб мераванд, вале аз таъсири хунукии сахт аксар вақт то як поси шаб хобашон намебарад. Метарсам, ки ягон рӯз ин кулбаи намнок ба сари ду набераи ятимам фуру рафта, бар замми бепадарӣ ғӯроамарг нашаванд”-дарди дил мекунад Оиша.
Аз рӯйи гуфти ин зан, пештар духтараш фарзан донашро ба ӯ супурда пахтачинӣ мерафтааст ва рӯзе 25-30 сомонӣ кор карда, як бурда нон ёфта меовардааст,вале бо сар шудани боронгариҳо дигар на кор ҳасту на пул ва акнун онҳо рӯзи сиёҳе доранд.
Писарамро зада нимкушта карданд
Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, рӯзи 13-октябр писари ягонаи Оиша-Шокироҷони 17-соларо як гурӯҳ авбошон зада “нимкушта” кардаанд, вале то ба имрӯз он ҷинояткоронро пайдо накардаанд. Ин модари ҷигарсӯхта мегӯяд, авбошон бо чизе сахт ба пушти сари писараш задаанду ҳеҷ ба худ намеояд.

Бино бар нақли Оиша, рӯзи 13-уми ояктбр, тахмин соатҳои 4-и бегоҳ писараш ҳамроҳи дӯсташ Азизҷон Файззода вориди ҳавлӣ шуда, як калима гап назада аз ҳуш рафтааст. Модар ба даҳшат афтида, зуд як коса об оварда, ба рӯйи писари беҳушаш мепошад, вале нафаскашии ҷавон торафт мушкилтар шудан мегирад. Оиша мебинад, ки сиёҳии чашмони писараш рафтаанд, бо оби дидаву фиғони талх аз ҷӯраи писараш чи ҳодиса рӯй доданашро пурсон мешавад. Азизҷон мегӯяд, ки моро задаанд, аммо намедонам онҳо кӣ буданд ва барои чӣ ба мо ҳуҷум карданд. Дӯсти писараш гуфтааст, ки ба пушти сари шокирҷон бо чизе сахт заданд ва ӯ ба ҳамин ҳол афтид.

Ин зани камбағал аз ҳамсоя қарз карда, писарашро бо мошини кироя-таксӣ ба шӯъбаи қабули Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом мебарад. Беморро Шокиров ном духтури осебшинос муоина намуда, баъди ташхис мегӯяд, ки ҳолати писаратон хуб нест, косахонаи сараш ҷиддӣ осеб дидаасту ҳолаташ хуб нест.
“Ба духтур фаҳмондам, ки ягон тин пулам нест, ман чи хел инро мехобонам? Милисаҳо ҷинояткорро ёбанд, ки ҳадди ақал пули хароҷоти беморхонаро диҳанд, баъд ман писарамро бистарӣ кунам. Духтур гуфт, ки дер мешавад ва шояд бо писаратон ягон ҳодиса рӯй диҳад, охир косахонаи сар чизи саҳлу содда нест, вале аз бепулӣ ман маҷбур будам, ки писарамро дар ҳамон ҳол ба хона орам,”-қисса мекунад зан бо чашмони гирён.

Ба гуфти худи Оиша, ҳамон шаб то саҳар Шокирҷон “пушти сарам сахт дард мекунаду парраи рӯям то бехи гӯшам месӯда” гӯён, нолиш карда, ҳазён гуфтааст. Модар маҷбур мешавад, ки саҳар боз аз ҳаққу ҳамсояҳо пул қарз гирифта, писарашро дубора ба беморхона барад.
Ба гуфти Оиша писараш дар беморхона 4 бор аз ҳуш рафтааст, аммо духтурон “ҳеҷ гап не, нағз мешавад. Дар сараш хун хоб рафтагӣ, ба хона баред, кам-кам пиёда гардад, сиҳат мешавад”-гӯён, дигар ба ӯ чандон аҳамият надодаанд.
Модари Шокирҷон бар он ақида аст, ки бачаҳои писарашро задагӣ фарзандони одамони оддӣ нестанд ва ҳодисаеро ба ёд оварда, чунин қисса мекунад:
“Як рӯз дар пеши бачам будам, ки ду зани қоматбаланду фасон ба палата даромада “Шокирҷонаш кӣ?” гуфта пурсиданд. Дар ҷавоб гуфтам, ки Шокирҷон писари ман, шумо кистеду чаро ӯро мепурсед. Мо холаҳои ҳамон бачаҳои задагӣ мешавем гуфтанд. Гуфтам, ки ба ман холаҳояшон не, модарашон лозим”. Онҳо дигар чизе нагуфта баромада рафтанд. Ростӣ ман он занҳоро бори аввал дидам ва афиту андомашон дар ёдам намондааст. Хомӣ карда ҳатто акси он занҳоро нагирифтаам, ки ба мақомот нишон диҳам. Бо ҳаимн дигар касе дарамонро накуфт, то имрӯз худам медонаму писари беморам....”
4 рӯз роҳкиро ҷустам
Оиша барои то Кохи матбуот омада дарди дилашро ба мо гуфтан рассо 4 рӯз роҳкиро ҷуставу аз ким-киҳо қарз гирифта, билохира илоҷе карда то Хуҷанд омадааст. Ин зани дармонда умед ба шумо-муштариёни сомонаи Оила. ТЧ дорад, ки шояд шахсони хайрхоҳ бари ризои Худо дар чунин рӯзҳои душвор дасташро гирифта ба ӯ дасти мадад дароз менамоянд.

Шахсоне, ки метавонанд ба ин зани дармонда ёрии ҳуқуқӣ ё моддӣ расонанд, бо телефони +992-550-55-63-65 Оишаропайдо карда метавонанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД