Arzon march 2024
Қудрати ишқ мурдаро зинда кард (қисми 2)
2389
no-img

Қудрати ишқ мурдаро зинда кард

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта.)

 

Профессори айнакдор Шабнами бе ҳушу бе ёдро, ки мурдаи берун аз гӯрро мемонд, муоина намуд ва лаб газида гуфт:

-Мо тамоми кори аз дастамон омадаро мекунем, аммо гумон мекунам, ки бемор ба њуш наомада вафот мекунад….

Акрам дар дами марг будани ҳамсари меҳнаткашашро донад ҳам, аз тарси зани пулмасту худхоҳаш Зулола, ки баъди расман бо ӯ ақди никоҳ бастан ба қавли кампиракон буҷулаш асп хеста буд, ягон бор ба беморхона ба аёдати Шабнам нарафт. Аз аҳли оилаи шавҳараш танҳо хусур ва хоњаршўи калонияш, ки шавњараш тољир буд ва аз Зулола сахт ранҷида, ӯро аз бало ҳам бадтар медид, барқасди келини нави мағрурашон, ки касеро манзуру писанд намекард, барои зинда мондани Шабнам мубориза мебурданду халос…

 

 

Бачаи худодод

Шоњин донишгоњи иќтисодиро дар Маскав хатм карда дар бонки шахсии падари як њамсабаќаш ба кор даромад. Дониши хуб, ки дошт, тамоми супоришҳои сардорро сари вақт ва бо сифат иҷро мекард ва аз роҳбарият аҳсан мешунид. Бачаи боинтизом ва меҳнатқарин буданашро  дида, сардор барои ин ҷавони ояндадор тамоми шароитҳоро фароҳам меовард, то рушд намуда, мутахассиси хуб шавад ва дар оянда ҷойгузини ӯ гардад. Шоҳин дар хонаи зебое, ки бонк дар ихтиёри ӯ гузошта буд, зиндагӣ мекард ва маошашро ҷамъ мекард, то бо пули худаш хона харида, дар Маскав соҳиби манзили шахсӣ шавад. Барои он ки модару хоҳаронаш азоб накашанд, рӯзҳои истироҳат вай рангу бор, кафелчинӣ ва дигар корҳои ба қавли мардуми рӯз сиёҳро иҷро мекард ва маблағи аз ин ҳисоб меёфтаашро ба хонаашон мефиристод. Бо  кӯмаки Шоҳин хоњараш Донишгоњи омўзгориро хатм намуда, дар мактаби дења ҳамчун муаллима ба кор даромада буд. Модараш пули аз фурўши меваи боѓ ба даст меомада ва маблағи ҳар моҳ мефиристодаи Шоҳинро ҷамъ карда, хонаю дарашонро таъмир намуд ва дар фикри келинкобӣ афтид…

 

Бозгашт ба Ватан

Њамон шабу рўзи дар беморхона дар байни маргу зиндагӣ ќарор доштани Шабнам Шоњин якмоҳа рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба аёдати модару хоҳаронаш ба Тољикистон омад. Вай ҳанӯз дар Маскав дар дил қарор дода буд, ки баробари ба Ватан расидан мол харида, бар ивази хизматҳои модари зораш, ки бо нӯги сӯзан онҳоро калон карда, соҳиби маълумот гардонд, маъракаи зебое ороста модарашро пайғамбартӯй мекунад. Рӯзи дуюми ба хона баргаштан ӯ сари субҳи солеҳон аз хоб бархоста роҳи бозорро пеш гирифт ва гови калонеро харида овард. Хоҳаронаш ба хоҳиши Шоҳин  кулчаю нони чапотӣ пухта, тамоми хешу таборро ба маърака даъват намуданд. Модар аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид, ки писараш зиндаю саломат ба Ватан баргашта, ба шарафи 63-солагии ӯ маърака ороста истодааст. Кампир ният кард, ки дар ҳалқаи хешу табор масъалаи ҷуфт кардани сари Шоҳинро ба миён гузошта, арӯсҳои таги чашм кардаашро пешниҳод мекунад, вале…

 

Вақте ки мард мегиряд….

Рӯзи маърака аз гап гап баромаду яке аз ҷӯраҳои даврони мактабиаш ба Шоҳин дар бораи зиндагии талхи Шабнам нақл кард ва гуфт, ки ҳоло ӯ дар беморхона дар байни маргу зиндагӣ қарор дорад ва табибон ба зинда монданаш умед надоранд. Ин гапро шунида ба дили Шоҳин оташ афтид ва модарашро ба гӯшае бурда ҳақиқат доштан ё надоштани ин гапро пурсон шуд. Модар ба чашмони Шоҳин нигариста пай бурд, ки дар дили писараш ҳамоно оташи ишқи Шабнам аланга мезанад ва лаб газида гуфт:

-Аслан дар бадбахт шудани ин духтари бечора ман гунаҳкорам. Ҳамон рӯзе, ки ба хонаашон хостгор омад, Шабнам бо чашмони гирён ба назди ман омада, зорӣ карда буд, ки ба назди падараш равам, вале мани аҳмақ «духтарам, мо одамони камбағал ҳастем ва ҳоло шароити келинкунӣ надорем» гуфтам. Шабнам ноумед шуда ночор аз тарси падари золимаш ба ҳамон бачаи пулмаст ба шавҳар баромада, ҳаёташро сӯхт. Бечора аз рӯзе, ки шавҳар кард, ягон рӯз чашмаш бе нам набуд, як умр сару рӯяш сиёҳу кабуд мегашт. Шӯйи занҷаллоби  худобехабараш дар болои ӯ зани дигар гирифта, бо балвои ҳамон аҷузаи ёфтааш мудом Шабнамро бе ягон гуноҳ мурданивор мезадааст. Майнаи сари Шабнами бечора аз мушту лағади шавҳараш палағда шуда, чанд рӯз боз дар касалхона беҳушу беёд хоб аст. Духтурҳо ба падару модараш гуфтаанд, ки зинда монданаш ба гумон аст, вале аз ҷони набаромада умед гуфта, ӯро ба хона наоварда истодаанд…

Бо шунидани ин суханони модараш дар чашмони Шоҳин ашк ҳалқа зад ва барои он ки оби дидаашро мардум набинанд, ба хона даромада, сарашро ба болин зер карду дар умраш бори аввал аз алам гиря кард….

Аёдат

Рўзи дигар бо баҳонаи он ки аз ҷойи кораш ба ӯ занг зада, таъҷилан ба Маскав баргаштанашро тақозо намудаанд, Шоҳин бо модар ва хоҳаронаш хайрухуш намуда, ба роҳ баромад. Вай бо таксӣ ба шаҳр омада дар меҳмонхона ҷой гирифт ва ҳатто чизу чораашро ҷо ба ҷо накарда, роҳи бемористонро пеш гирифт.

Вақте ки вай аз дари беморхона даромад, аллакай шом фаро расида буд ва дар роҳрави беморхона ба ҷуз як зани хилъати сафедпӯш дигар касе ба назар намерасид. Шоҳин боодобона ба зан салом дода дар кадом ҳуҷра хоб будани Шабнамро пурсон шуд. Ҷавонзан саропои ӯро синчакорона аз назар гузаронида истода гуфт:

-Шумо шавҳараш мешавед?

Шоҳин андаке сурх шуда, канда-канда ҷавоб дод:

-Не, ман шавҳараш не, ҳамсинфаш ҳастам. Пагоҳ ба Маскав парвоз мекунам, барои ҳамин омадам, ки пеш аз сафар як бор ӯро бубинам.

-Галстук бастаеду боз дурӯғ мегӯед-а!-Лабашро бурма кард зан.  

-Худо шоҳид, ки дурӯғ нагуфтаам, дар ҳақиқат ҳамсинфаш ҳастам.

- Шумо чӣ хел ҳамсинфед, ки бемори мегуфтаатон кампири тапа тайёр шудааст. Мӯйи сари ӯ пахта барин сап-сафед аст, шумо бошед, як ҷавони ҳанӯз аз сад гулаш як гулаш ношукуфтаи интелегент…

-Агар шумо ҳам ба ҷойи ӯ мебудед, кайҳо кампир мешудед!-Барошуфт Шоҳин ва дигар баҳс карданро ба худ эб надида хост ба палата дарояд, вале зани хилъатпӯш пеши роҳашро дошта гуфт:

-Беморе, ки шумо меҷӯед, дар ҳуҷраи эҳёгарӣ беҳушу беёд хоб аст. Ба он ҷо даромадан мумкин нест, бародар!

Шоҳин аз кисааш як 50-сума бароварда ба кисаи зан андохт ва бо оҳанги ором, вале қатъӣ гуфт:

-Хоҳарҷон, ман ба ин ҷо ба аёдати Шабнам омадаам ва то ӯро набинам, кушанд ҳам, намеравам. Беҳтараш ҳам худатон ва ҳам маро асабӣ накарда, палатаи ӯро нишон диҳед. Ваъда медиҳам, ки ҳамагӣ 5 дақиқа дар наздаш мешинаму баъд мисли бод баромада меравам…

-Ман якрав ҳастам гӯям, шумо аз ман ҳам якравтар будаед,-бо дидани пул табъи зан болида гашт ва ишорат кард, ки аз паси ӯ ояд…

 

Мурдаи берун аз гӯр  

Шоњин бо роњбаладии зан ба њуљрае даромад, ки он љо болои рахти сафед Шабнам мехобид. Дар ҳақиқат аз он Шабнами зебою дилоро дигар осоре намонда, дар рӯйи бистари сафед љисми лоѓару афсурдае мехобид, ки ба кампири фартут монанд буд. Нафаси Шоњин аз дидани Шабнам гирењ зад ва беҳолона ба рўйи курсичае, ки дар назди кати бемор ниҳода буданд, нишаст. Зани хилъатпӯш ангушташро ба лаб бурда бо садои базӯр шунаво пичиррос зад:

-Додарҷон, духтурҳо наомада зудтар баро, агар фаҳманд, ки ман туро ба ин ҷо даровардаам, аз кор дафъам мекунанд!

-Ташвиш накашед, ман шуморо дар таги гап намемонам,-ваъда дод Шоҳин, ки мехост бо Шабнамаш ақаллан чанд лаҳза танҳо монад.

Зан аз палата баромада дарро аз берун пӯшид…

 

Қудрати ишқ

Шоҳин дасти мисли дасти мурда сарду карахти Шабнамро ба кафаш гирифта нарм-нарм навозишкунон ба лабаш бурд ва оҳиста бӯсида гуфт: 

-Шабнамљон, маро бубахш, ки туро партофта рафтам. Бубахш, ки мард шуда, туро муҳофизат карда натавонистам. Гумон доштам, ки ба хотири пулу мол ишқи  маро пушти  по зада, ба ҷавони сарватманд ба шавҳар баромадӣ, вале дирӯз фаҳмидам, ки гап дар куҷо будааст. Тақдир бо мо бозии номардона кард, ману туро ҷудо кард, вале ман то ҳол туро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Дар ин чанд соли дар Маскав буданам, даҳҳо духтарони зебо дар атрофам мисли парвона давр зада, кӯшиш намуданд, ки маро ба худ моил созанд, вале ҳеҷ кас ҷойи туро дар дилам гирифта натавонист. Ин дили яктопарасти ман ба ҷуз ту дигар касеро қабул карда наметавонад. Ҷонам, ман мард бошам ҳам, метавонам бо тақдир созиш кунам, ки туро ҳамболини ёри дигар гардонидааст, вале ба  набудани ту тоб оварда наметавонам. Бо касе, ки набошӣ, зинда бошӣ, бароям кифоя аст. Зинда будани ту барои ман хушбахтии бузург аст Шабнамҷон, илтимос, маро аз ин бахти бузург бенасиб нагардон…

Оби чашмони Шоњин ба бари рӯяш шорид ва чанд қатрааш ба дасти Шабнам расиду оњиста-оњиста ангуштони ў ба ларза даромаданд. Чашмони бемор пир-пир парида нимбоз гаштанд ва хастањолона овоз баровард: « Шоњин, Шоњин….»

Духтур, ки барои аз ҳоли бемор огоҳ шудан ба палата даромада буд, бо дидани ин муъҷиза дар ҳайрат афтида пурсид:

-Шумо кистед, ки мисли ҳазрати Исо ин зани мурдаистодаро дар як дам зинда кардед, охир мо, табибони номдор қариб бист рӯз талош карда бошем ҳам, бо ягон роҳ ӯро ба худ оварда натавонистем…

-Ман… ман… ман ҳамсинфаш…

Ин дам Шабнам чашмонашро базӯр кушод ва бо садои ҳузнангез дубора пичиррос зад:

-Шоҳин… Шоҳин… Шоҳин ту дар ҳақиқат ин ҷо ҳастӣ ё ман…

-Ҷонам, ман дар ҳамин ҷо, дар паҳлуи ту ҳастам ва дигар иҷозат намедиҳам, ки касе туро озор диҳад,-Шоҳин оламу одамро фаромӯш карда, дастони Шабнамро мебӯсид ва оби дидааш рӯяшро мешуст…

Духтур, ки марди солхӯрда ва хирадманде буд, бе сухан ҳамаашро фаҳмида «ҳамсинфон»-ро танҳо гузошт…  

 

Талоқ

Шоњин ба љойи кораш занг зада дуҳафтаина рухсатї гирифт ва ҷиддӣ аз паси табобати Шабнам шуд. Бо қудрати худованд ва муъҷизаи ишқи пок ҳоли Шабнами аз он дунё баргашта ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ба чеҳраи пажмурдааш сурхӣ дамид.

Пас аз вохӯрӣ бо Шоҳин дар дили Шабнам эътимод ба худ ва ояндаи дурахшон пайдо шуда, ӯро хеле далеру ҷасур гардонида буд. Вай ошкоро ба хусураш гуфт, ки дигар тобу тоқати мушту лагади шавҳарро надорад ва хоҳиш кард, ки ба писараш фаҳмонад, ки бе гапу ҳарфи зиёдатӣ талоқи ӯро диҳад, вагарна аз болояш аризаи шикоятӣ навишта, сирри дузанагиашро фош ва ҳолашро табоҳ хоҳад кард. Мӯйсафед ин суханони келини мурдазиндашудаашро нарезондаю начошонда ба писараш расонд. Акрами маътали ишорат рӯзи дигар ба Шабнам занг зада, тариқи  телефон талоқашро дод, то кораш ба суду прокурор афтида, ҷояш пушти панҷараи маҳбас нагардад.

Одатан занҳо шикасти бахтро хеле душвор қабул карда, моҳҳо барои хонавайрон шуданашон мегирянд, вале рӯзе, ки шавҳараш талоқашро дод, барои Шабнам хушбахттарин рӯзи ҳаёташ буд. Ҷавонзани аз зиндони шавҳар раҳошуда Худоро сад бор шукр мегуфт, ки ӯро аз он марди беномуси худобехабар халос кард…

 

Бахти деромада

Шабнам аз беморхона ҷавоб шуданашро ҳатто ба модараш нагуфта, ҳамроҳи Шоҳин ба таксӣ нишаста ба фурудгоҳ рафт.

Онҳо дар Маскав дар ҳалқаи дӯстони Шоҳин тӯйи зебое ороста зану шавҳари қонунӣ шуданд. Дар ин тӯйи аҷиб аз ҷониби домоду арӯс ягон кас иштирок надошта бошад ҳам, навхонадорон худро хушбахттарин ҷуфти рӯйи замин эҳсос мекарданд…

Шоҳин баъди тӯй Шабнами азизашро ба сафари хориҷӣ бурд. Онҳо моҳи асалро дар яке аз зеботарин истироҳатгоҳҳои Аврупо гузаронида, бо табъи болида ба Маскав баргаштанд…

 

 

Дуои сафед

Аз байн 5 сол гузашт. Шоҳин Шабнамро ба маънии томаш хушбахт карда бошад ҳам, дили ҷавонзан аз як чиз хиҷил буд. Вай аз он метарсид, ки модари Шоҳин «беваи худозада писарамро аз роҳ бароварда гирифт» гӯён, дар ҳаққаш дуои бад мекунад ва аз ҳамин сабаб ба Ватан баргаштан намехост, вале вақте хабари тӯйи хоҳари Шоҳинро шунид, ночор монд. Зану шавҳар духтарчаи сесолаашонро сари даст бардошта, бо туҳфаҳои зиёд ба тайёра нишастанд…

 

Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад

Шабнаму Шоҳин интизор буданд, ки модар носазои бисёре гуфта, онҳоро хуб коҳиш медиҳад ва ҳатто метавонад ба хона роҳ надиҳад, вале ғайри чашмдошташон модари Шоҳин бо лабони пурханда ба истиқболашон баромад ва дар пеши пойи Шабнам пойандози атлас партофта, ӯро модарвор ба оғӯш гирифта бӯсиду нимшӯхию нимҷиддӣ гилагузорӣ кард:

-Ку биё келини гуреза, дар вақташ писаратонро ба ман надодед, гуфта, қаҳр кардӣ-а?!

Шабнам модари Шоҳинро гарм ба оғӯш гирифта пичиррос зад:

-Очаҷон, маро бубахшед!

-Ин ту маро бубахш Шабнамҷон. Маро бубахш, ки ҳамон рӯз мани беақли бекала «шароити келинкунӣ надорам» гуфта, туро навмед кардам ва монеи хушбахтии шумоён гаштам…

 

Модар ормонашро шикасту…

Онҳо дар Маскав тӯйи бодабдаба ороста, дар шоҳидии дӯстони Шоҳин зану шавҳар шуда бошанд ҳам, модар мехост орзую ормонашро шиканад. Шоҳин ба хотири наранҷонидани дили модараш ҳозифони номдорро даъват карда, либоси домодӣ пӯшид ва ҳамроҳи Шабнами азизаш ба сари тахт баромад. Духтарчаи мисли гул зебои доноякашон дар сари тахт дар байни Шоҳину Шабнам нишаста, гоҳ ба гӯши падар ва гоҳ ба гӯши модараш пичирросзанон ким-чиҳо гуфта механдид. Бо дидани ин домоду арӯси кӯдакдор мардум ба ҳайрат афтида, бо шавқ каф мекӯфтанд ва ҳар замон нӯшбод гуфта, аз худованд барои  Шабнаму Шоҳин бахти сафед мехостанд…

 

Дилошӯб

Р/С

Хонандагони азиз, шояд шумо гумон кунед, ки ин қисса маҳсули хаёли журналист буда, афсонае беш нест, вале он чӣ шумо хондед, ҳақиқат аст. Ман онро аз рӯзгори як ҷавонзани тоҷик навиштам, ки қариб 20 сол боз мешиносамаш. Шабнаму Шоҳин ҳарду зодаи яке аз ноҳияҳои Вилояти Хатлон ҳастанд ва баъди талошу муборизаҳои зиёд ба коми дил расида, ҳоло дар шаҳри Маскав зиндагӣ карда истодаанд. Шоҳин ба хотири Шабнам ду маротиба тӯйи арӯсӣ ороста бошад ҳам, падари ҷоҳили Шабнам никоҳи онҳоро эътироф накард, вале баъди марги мӯйсафед модару бародаронаш бо Шабнам оштӣ шуданд. Духтари калонии Шоҳину Шабнам аллакай 10- сола шудааст, писарчаҳои дугоникашон Ҳасан ва Ҳусейн бошанд, 7-сола мешаванд.

Касе, ки мегўяд ишќ афсона аст, хато мекунад. Ишқи поки Шоҳин Шабнами нозанинро аз лаби гӯр баргардонда, бори дигар исбот намуд, ки ишқ дар ҳақиқат қувваи бузург ва ба ҳама гуна муъҷиза қодир аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД