arzon replenishment
КЎДАКФУРЎШ
3700

 Шаҳноза аз даврони кўдакиаш ширинии зиндагиро қариб, ки надид. Хурдакак буд, ки модараш аз дунё гузашту ӯ ба тарбияи бибии пираш афтид. Бибии дилсўз то ҷое, ки метавонист набераи ятимакашро парасторӣ менамуду сарашро сила мекард, вале меҳрубониҳои пиразан ҷойи навозишҳои гарми модарро гирифта наметавонистанд ва Шаҳноза аксари шабҳо болинашро бо оби дида тар мекард.

Солҳо бо ҳамин маром ноаён гузаштанду Шаҳноза духтари қадрас шуд. Кампир бо ҳазорон умеду орзу набераи бемодарашро ба шавҳар дод.

Зиндагии навхонадорон хуб мегузашт ва Шаҳноза аз бахти сафедаш меболид, вале тақдир боз ба ҷоми зиндагиаш заҳр рехт. Деви аҷал ногаҳон аз гиребони шавҳараш гирифт ва Шаҳноза боз дар миёни чор девори баланди зиндагӣ танҳою сарсону саргардон монд.

Дар чорсўи зиндагӣ

Пас аз марги шавҳараш хўронидану пўшонидани духтарчаи хурдсолаш барои Шаҳноза гаронӣ кард ва ҷавонзан кўдакашро гирифта аз ноҳияи Шаҳринав ба шаҳри Душанбе омад. Хонаеро иҷора гирифта ба ҷустуҷўи кор баромад, то ризқу рўзии худу фарзандашро ёбад, вале ба чандин идорае, ки сар халонд, навмед баромад. Чораи дигар наёфта ҷавонзан пешхизмати ошхона шуд ва духтарчаашро ба дасти доя супурд.

Бахти дуюм - дарди сар

Шаҳноза вақти дар ошхона пешхизмат буданаш бо Ҳикмат ном марде ошно шуд. Ҳикмат қасам болои қасам мехўрд, ки ўро бо кўдакаш мардонавор парасторӣ мекунаду намегузорад, ки хору зор шаванд.

Шаҳнозаи як умр мўҳтоҷи меҳру муҳаббату дастгирӣ ба қавлу қасамҳои Ҳикмат бовар намуда, риштаи тақдирашро бо ин мард пайваст, вале … Бахт ин дафъа низ ба рўяш нахандид. Пас аз се - чор моҳи зиндагӣ хабари ҳомиладор шудани Шаҳнозаро фаҳмида, Ҳикмат думашро хода кард.

Болои азобҳои Шаҳноза азоби дигар зам шуд. Барои исқоти ҳамл кардан аллакай дер шуда буд ва Шаҳноза чӣ кор карданашро намедонист. Барои ҷавонзан мисли рўз равшан буд, ки бо музди ночизи пешхизматӣ вай наметавонад ду кўдакро хўронад, пўшонад ва тарбият намояд. Аз ин хотир қарор дод, ки тифли батнашро ба дунё меораду ба ягон оилаи бефарзанд медиҳад.

Аз гап гап баромаду…

Тифли батнаш ҳафтмоҳа шуд. Як рўз барои хабаргирии духтарчаи калониаш ба хонаи доя рафта тасодуфан бо Саида ном зане шинос шуд.

Сўҳбаташон қур гирифт ва Саидаи панҷоҳсола сарнавишти ғамангези Шаҳнозаро шунида, пешниҳо намуд, ки тифлашро ба келину писари бефарзанди вай диҳад. Ҷавонзан аввал розӣ нашуда бошад ҳам, эҳтиётан рақами телефонии саидаро гирифт.

Дар орзуи набера

Саидаи 50-сола соҳиби келину домоду набераҳо буд. Зиндагиашон ширин мегузашт, вале як чиз мудом Саидахоларо азоб медод - фарзанд надоштани писари сеюмаш Азиз. Ҳамсари Азиз келинчаки зебо, ҳунарманд ва аз ҳама муҳимаш хушахлоқу меҳнатдўсту меҳрубон буд. Хушдоманашро ҳурмату эҳтиром менамуду пайвандони шавҳарашро гироми медошт зани Азиз, аз ин хотир Саидахола намехост писараш хонавайрон шавад.

Барои пойдор мондани зиндагии писару келинаш кампир қарор дод, ки аз куҷое набошад, ҳатман кўдакеро ёфта ба Азизу занаш медиҳад, то фарзанд хонда, тарбияту парасторӣ намоянду хушбахт шаванд.

Нархи духтарча 400 доллар

Шаҳноза духтарчаи зебоеро ба дунё овард, вале мисли дигар модарон аз тавлиди тифлаки нозанинаш хурсанд нашуд. Ҷавонзан мудом дар андешаи он буд, ки акнун бо ду кўдак ба куҷо мераваду чӣ кор мекунад. Қасд кардагӣ барин аз байн чанд рўз нагузашта духтарчаи калониаш сахт бемор шуд ва аҳволи худи Шаҳноза низ якбора буд шуд.

Шаҳноза барои табобати худу духтарчаи бемораш пул надошт, бар замми ин, маводи ғизоӣ низ қариб тамом шуда буд. Ҷавонзан чораи ягонаро дар фурўхтани кўдаки навзодаш дида, пас аз каме андеша намудан ба Саидахола занг зад.

Саидахола мехост ҳарчӣ зудтар кўдакро ба хона оварда Писару келинашро хушбахт созад, аз ҳамин хотир дарҳол ҳамроҳи духтараш роҳи хонаи Шаҳнозаро пеш гирифт.

Шаҳзода тифлаки зебояшро парпеч намуда, ба дасти Саидахола дод. Кампир пурсид, ки бар ивази кўдак бояд чӣ хизмат кунад. Ҷавонзан ҳоли худу духтарчаи калониашро нақл карду барои тифли навзодаш 400 доллар пурсид.

Саидахола дар даст танҳо 300 доллар дошт ва ин маблағро ба дасти Шаҳноза дода, гуфт, ки боқимондаи пулро рўзҳои наздик меорад. Шаҳноза розӣ шуда, забонхат навишт, ки бо хоҳиши худаш аз тифлаш даст мекашад ва харидорон тифлакро бағал карда, баромада рафтанд.

Подоши амал

Саида тифли навзодро бо меҳру муҳаббат ба оғўш гирифта, ба хонааш овард. Азизу занаш духтарчаи нозанинро Умед ном ниҳода ба муносибати фарзанддор шудан ба ош доданд, вале хурсандии аҳли хонадон дер давом накард.

Овозаи кўдакфурўшии Шаҳноза дарҳол ба гўши органҳои танобкаш расиду нисбати зани кўдакфурўш ва зане, ки тифлро харида буд, парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд. Ду зан - ду модар дар паси панҷараи маҳкумӣ нишаста аз карда пўшаймонӣ изҳор менамуданд, вале ягон ҷиноят бе ҷазо намемонад.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ғаффурова Шаҳноза Асатуллоевна бо моддаи 167 қисми 1 - и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ба мўҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум гашт. Суд Саидаро низ ба чунин мўҳлат маҳкум намуд.

Ҷазои муносиб дидани ҷинояткорон шояд тавонад барои дигарон дарси ибрат гардаду пеш аз ба амале даст задан, оқибаташро андешанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД