sebiston july new
КОШ БА ҶОИ МОДАРАТ ТУ МЕМУРДӢ
6331

 

Насиба, ки духтари ягонаи хонадон ва нури чашми волидон буд, худро болои тобути модар партофта, бо тамоми қувва фарёд зада мегуфт:

-Модарамро ман куштам! Модарамро ман куштам!

Атрофиён аз ин кори эркадухтар ба ҳайрат омада, ба якдигар мегуфтанд:

-Бечора духтар аз марги нобаҳангоми модари худ девона шудааст!

Хушдомани Насиба, ки дар паҳлӯи келинаш рост истода буд, пичир-пичири занони суханчин кам-кам ба гӯшаш расида, бо садои баланд дар назди ҳамагон гуфт:

-Ҷонам, духтари ҳайрони модаргумкардаам! Охир, модари ту дар оғӯши ман, дар хонаи мо ҷон дод, ин гапҳои хаторо бас кун!

Насиба чониби хушдоманаш нигоҳе карду гуфт:

-Худованд ба ман нишон дод, ки бигир, ана ба ту маргу сӯзишу бемодарӣ. Ин ҷазои ман,- гуфта, хомӯш монд.

Маросими ҷаноза ба охир расид, майитро дафн карданд. Мардум ҳама бар он ақида буданд, ки Насиба аз ғами марги модар девона шудааст ва бо гузашти вақт дардаш сабук мегардад.

Аҳли деҳа ҳар ду хонаводаро хуб мешинохтанд, зеро хушдомани Насиба бо модараш ҳамдеҳа, ҳамсоя ва мисли апаю хоҳар буданд. Ҳамин дӯстии самимона боис шуда буд, ки Насибаро модараш бо писари дугонааш Аҳмад хонадор карда буд. Ҳол он ки Насиба аз аввал ба ин издивоҷ розӣ набуд ва бо ҷангу ҷанҷоли зиёде маҷбуран келини ин хонавода шуда, модари Аҳмадро ҳеҷ чашми дидан надошт. Ҳар дафъае, ки ба хонаи волидон мерафт, Насиба дарҳол бо модари худ ҷанҷол бардошта мегуфт:

-Ту бо он дугонаи беақлат ҳаёти маро сӯзонидед! Маро гирифтори як зиндагии беақлона намудед! Нагузоштед, ки хонда, соҳиби маълумоти олӣ шавам. Боз маро ба марде ба шавҳар додед, ки танҳо кораш бо занҳои рус айшу ишрат кардан аст.

Модари Насиба хуб медонист, ки духтараш аз хурдӣ хеле эрка ба воя расида, чашми гуруснаи ӯ асло аз моли дунё сер намешуд. Дигар насиҳат кардани фарзандашро лозим надониста, бо гуфтани як ҷумла:

-Феъли хар ба соҳибаш маълум,- аз дар мебаромад.

Модар ҳамеша худро барои тарбияи нодурусти духтари ягонааш гунаҳгор меҳисобид, ки чаро се писарамро тарбияи дуруст кардаму ягона духтарамро тарбия карда натавонистам. Хеле хуб медонист, ки Насибаро хонаводаи шавҳараш аз рӯи хотири худаш аз хона пеш намекунанд. Чунки шавҳари Насиба аз рӯи пургӯиҳои ҳамсараш на танҳо аз хонааш, балки сарашро гирифта, аз ватан ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба кишвари Русия рафта буду барои ду писарчааш маблағ равон мекард. Танҳо баъд аз гиряву зораҳои модараш соле якмоҳа ба дидани онҳо меомаду халос.

Насиба дар ҳамин як моҳ ҳам оташи ҷангро ҳеҷ хомӯш намекард. Ҳамеша мегуфт, ки “Ман зеби зани як раис шуданро доштаму маро модараму модарат ба туи бекафан доданд.” Аҳмад рӯи хотири модараш то як муддат лаб зери дандон гузошта, таҳаммул мекарду боз ба муҳоҷират мерафт. Ҷавонзани ҷоҳилу бераҳм боре намеандешид, ки сабаби ҳамаи бадбахтиҳояш на дигарон, балки забони худаш аст. Дигар дар оила касе бо ӯ дӯстӣ намекард. Наздикони шавҳар тамоман ба ӯ кордор намешуданд. Лекин Насиба қасди танҳоиро аз кӯдакони хурдакаки худаш мегирифт. Як рӯз онҳоро чунон зад, ки оҳу нолаи кӯдакон хонагиҳоро асабӣ намуд ва бародари Аҳмад ба назди модараш омаду гуфт:

-Очаҷон, бирав ба он келини девонаат бигӯ, то кӯдаконро ба ҳолашон гузорад, ки дигар тоқатам намондааст, рафта, худашро ба монанди кӯдакон мегирёнам!

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД