Имрӯз Корвони иттилоотии Тоҷикистон бо шумули роҳбарону намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ ба минтақаи Рашт сафар карданд.
Сафари мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар сурат гирифта, масири минтақаро пурра фаро мегирад.
Ҳайати Корвонро дар даромадгоҳи шаҳри Роғун роҳбарияту фаъолон пешвоз гирифтанд.
Сипас, онҳо бо вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр, осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ шинос шуда, ба иншооти азими аср - Нерӯгоҳӣ обӣ - барқии “Роғун” рафтанд. Дар ин кохи нур ҳайати рӯзноманигоронро роҳбарияти нерӯгоҳ ҳамроҳӣ намуда, онҳоро бо мавзеъҳои муҳимтарини он - минтақаҳои зериобшаванда, обпарто, нақбҳо ва макони ҷойгиршавии чархаҳо шинос намуданд.
Сафари мазкур давоми 4 рӯз дар минтақа идома ёфта, дар ин муддат Корвони иттилоотӣ ба ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Рашт ва Лахш сафар мекунанд.
Аз идора:
Мо аз ҷараёни сафар ва вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамзамон, мавзеъ ва маконҳои таърихии минтақа ҳамарӯза тариқи нашрҳои хабарӣ иттилоъ медиҳем.