35 years of independency
Коршинос: рушди иқтисодӣ бояд ба беҳбудии зиндагии мардум табдил ёбад
03.09.2026
Oila.tj
63

Коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба қарзи хориҷӣ Атия Ворис пас аз боздиди 11-рӯза аз Тоҷикистон гуфт, ки рушди иқтисодӣ танҳо дар сурати ба таъсиси ҷойҳои корӣ, беҳтар шудани хизматрасониҳои давлатӣ ва тавсеаи имкониятҳо барои ҷавонону занон табдил ёфтан метавонад устувор бошад.

Атия Ворис аз 17 то 28-уми август дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ дар ҷараёни ин сафар аз Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид карда, таъсири сиёсати иқтисодӣ, қарзи давлатӣ ва молияи кишварро ба татбиқи ҳуқуқи инсон мавриди омӯзиш қарор дод.

Коршиноси СММ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши бонкӣ ва молиявӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ мулоқот кардааст.

Рушд ҳаст, аммо ҷойи кор кофӣ нест

Ба гуфтаи Ворис, Тоҷикистон дар солҳои охир ба рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ноил шудааст. Аммо ба назари ӯ, марҳилаи нави рушди кишвар тақозо мекунад, ки ин дастовардҳо ба шуғли шоиста, истеҳсоли бештар ва имкониятҳои нави иқтисодӣ табдил дода шаванд.

Вай зарурати фаъолсозии иқтисод, рушди истеҳсолот ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷавонону занонро таъкид кардааст.

Аз ҷумла, коршиноси СММ рушди кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ, истихроҷу истифодаи захираҳои маъданӣ ва иқтисоди рақамиро аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди Тоҷикистон ном бурдааст.

Пули муҳоҷирон иқтисоди кишварро дастгирӣ мекунад, аммо ҷойи кори дохилиро гирифта наметавонад

Яке аз масъалаҳои калидие, ки хонум Ворис ба он ишора кардааст, вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ ва воридоти молу маҳсулот мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон барои дастгирии оилаҳо, афзоиши истеъмоли дохилӣ ва коҳиши камбизоатӣ аҳаммияти зиёд доранд. Аммо ин маблағҳо наметавонанд ҷойи таъсиси ҷойҳои нави кориро дар дохили кишвар гиранд.
Аз ин рӯ, хонум Ворис зарурати сармоягузории бештар ба таҳсилот ва омодагии касбии ҷавонон ва занонро таъкид кардааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тавсеаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии нигоҳубини кӯдакон метавонад иштироки занонро дар бозори меҳнат ва иқтисоди кишвар бештар кунад.

«Роғун» ва дигар лоиҳаҳои бузург бояд ҳисобу китоб дошта бошанд

Коршиноси СММ аҳаммияти лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон ба нерӯи барқ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ муҳим арзёбӣ кардааст.

Ҳамзамон, ӯ таъкид намудааст, ки хароҷот, фоида ва тарзи маблағгузории лоиҳаҳои бузург бояд шаффоф арзёбӣ шаванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ин раванд имкони иштирок дошта бошад.
Ба гуфтаи Ворис, Тоҷикистон ба марҳилаи нави маблағгузорӣ ворид мешавад. Дастрасӣ ба грантҳои созмонҳои байналмилалӣ тадриҷан коҳиш ёфта, қарзҳои имтиёзнок метавонанд ба яке аз воситаҳои асосии маблағгузории лоиҳаҳои рушд табдил ёбанд.

Дар чунин шароит, ба таъкиди ӯ, ҳар як лоиҳаи нав бояд бо таҳлили дақиқи хароҷоту фоида ва нақшаи возеҳи баргардонидани қарз маблағгузорӣ шавад.

Шаҳрвандон бояд дар бораи буҷет ва қарзҳо бештар донанд

Масъалаи дигаре, ки Атия Ворис ба он таваҷҷуҳ кардааст, шаффофияти молияи давлатӣ мебошад.

Ӯ даъват кардааст, ки шаҳрвандон ба маълумоти кушода дар бораи буҷет, хароҷоти давлатӣ, қарзҳо ва идоракунии лоиҳаҳо дастрасии бештар дошта бошанд.

Ба гуфтаи коршинос, шаҳрвандон бояд на танҳо аз қарорҳои молиявии давлат огоҳ бошанд, балки дар муҳокимаи қарорҳое, ки мустақиман ба зиндагии онҳо таъсир мерасонанд, имкони иштирок дошта бошанд.

Ворис инчунин тақвияти машваратҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таҳияи буҷет ва таъмин намудани ниҳодҳои давлатӣ бо захира ва ваколатҳои заруриро пешниҳод кардааст.

Дар маҷмуъ, паёми асосии сафари Атия Ворис ба Тоҷикистон ин аст, ки рушди иқтисодӣ бояд на танҳо бо рақамҳои иқтисодӣ, балки бо таъсири он ба зиндагии мардум чен карда шавад.

Ба назари коршиноси СММ, таъсиси ҷойҳои корӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ, имкониятҳои баробар барои занону ҷавонон ва шаффофияти хароҷоти давлатӣ бояд дар маркази сиёсати иқтисодӣ қарор гиранд.

Гузориши пурраи Атия Ворис моҳи марти соли 2027 ба Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳад шуд. Хулосаҳои пешакӣ пас аз тарҷумаи ҳуҷҷат нашр шуда, нусхаи ниҳоии гузориш баъдтар дастрас мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД